“Ҳифзи тандурустӣ андар хеш расон, Кумаки хешро беҳтар пеш расон”.

“Ҳифзи тандурустӣ андар хеш расон, Кумаки хешро беҳтар пеш расон”.

“Ҳифзи тандурустӣ андар хеш расон, Кумаки хешро беҳтар пеш расон”.

Бо Дуруд ба Шумо хонандаи азизи мо! Ҳавои кӯча тамоман гарм шуда истодааст. Чӣ қадар хоҳиш дорем, ки дар кӯча, ё ба ҳавлӣ баромада, бо дӯстон тӯббозӣ, ё танобҷаҳишӣ кунем, аммо дар бораи як чиз доимо фаромӯш набояд кард, ки ин ҳам бошад тозагӣ, ё дар бораи покизагист.

Шумо медонед, ки барои чӣ бо собун шӯстани дастон хеле муҳим, зарур аст? Дар дастон шумори зиёди микроб ҷамъ мешавад. агар онҳо (микроб)-ҳо дохили бадан шаванд, ба бемориҳои зиёде дучор шудан мумкин аст. Микроб чунон ҷондори хурд аст, ки ӯро танҳо зери дурбин (микроскоп) дидан мумкин асту тамом. Бе собун аз даст шуста намешаванд. Таркиби собуни дастшӯйӣ аз моддаҳои несткунандаи микробҳо иборат мебошад. Собун аз миллионҳо заррарез иборат буда, дар шакли як собуни калон ташкил шудааст.

Бо оби тоза маҳлул шуда, рӯйи пӯсти бадан лағжида-давида, баробари ин ҳар чизи хеле хурде, ба монанди микроб болои пӯст нишастаро бардошта, шӯста бо худ мебарад. Дар дастони мо, аз ангушт то бозӯвон, метавонад аз 20, то 140 миллион бактерия вуҷуд дошта бошад. Ҳар рӯз, чанд маротиба, дастонро бо собун 20 сония зери оби равон хуб тоза шӯста, баъдан бо дастмол хушк бояд кард. Ба ин тартиб, паҳншавии беморӣ ва ифлосии атрофи хешро мо кам хоҳем кард. Кадом вақт дастонро ҳатман бояд шуст? Баъди омадан аз кӯча, ҳоҷатхона, бозӣ бо ҳайвонот, ё баъди ғизо хӯрдан. Мумкин аст, Шумо фикр дошта бошед, ки боктерияҳо танҳо зарар оваранду халос, лекин донишмандон баръакси корро низ мефаҳмонанд.

Дар бадани одам шумори хеле зиёди бактерия зиндагӣ мекунад. Масалан онҳо барои ҳазм, ё ҳал шудани хӯроки дохили рӯда ёрӣ мерасонанд. Бактерияҳое вуҷуд дорад, ки барои ҳазм кардани маводи шири турш хизмат мекунанд. Агар чунин бактерияҳоро ба шир ҳамроҳ кунем, панир, ҷурғотро пайдо мекунан. Доим бояд, на танҳо дастон, балки замони нохунтарошӣ, шона кардани мӯйи сар ва тоза кардани дандон, ҳатман тозагӣ риоя карда шавад. Пӯсидагӣ (кариес) натиҷаи тоза нигоҳ надоштани даҳону дандон мебошад. Дандонро бояд ду бор ҳар рӯз тоза кард. Низ даҳонро баъди хӯрдани ғизо ғар-ғара карад, тоза бояд шӯст.

Ҳазрати Муҳаммад тавсия бар он медод, ки аз мисвок истифода кунед. Мисвок аз шох, ё решаи дарахти арак тарошида мешавад, ки барои тоза кардани дандон хуб буда, бӯйи даҳонро нест сохта, сири дандонро сахттар карда, бактерияҳоро барҳам медиҳад. Бачаҳои азиз! Тозагӣ-гарави саломатист! Худро эҳтиёт кунед. Хеле ҷолиб аст, агар Шумо дастро зери оби равон дароз нигаҳ доред, ожангҳош зиёд шудан мегиранд. Барои чӣ? Барои он, ки равғани нозуки болои пӯсти моро рӯпӯшкарда, зери об шӯста мешавад. Пӯсти хӯшк, аз об варам карда, ожанг, ноҳамворӣ, ё пасту баландиҳои зиёд пайдо мекунад.

ОЙШАТ РАСУЛОВА

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...