Маконе, ки ҳар як сайёҳ бояд онро бинад

Маконе, ки ҳар як сайёҳ бояд онро бинад

Маконе, ки ҳар як сайёҳ бояд онро бинад

Дар яке аз рӯзҳои фасли баҳор, ки атроф ҳама гулпӯш буд, мо як гурӯҳи дӯстон ба тамошои яке аз гӯшаҳои хушманзари таърихии ноҳияи Муъминобод – “Чилдухтарон” сафар кардем.

Чилдухтарон дар ҳақиқат маконест, ки инсон дар он ҷо аз зебогии гирду атрофи пур аз гулу буттаҳо, сабзаву дарахтони пур аз мева, манзараи нотакрор, оби сарду дармонбахш ва боду ҳавойи форам лаззат мебарад, руҳаш болида мегардаду худро хушҳол ҳис мекунад, чунин менамояд, ки мисли парандаи хушхон дар осмони софу беғубор парвоз мекунад…

Ин табиати зеборо куҳҳои осмонбӯси пур аз сиру асрор иҳота намудааст. Дар асл ин муҷассамаҳо барои ҳар як тамошобин олиҳаи зебойӣ, рамзи покию ватанпарастистӣ медиҳад. Куҳи “Чилдухтарон” байни мардуми дохилу хориҷ аз покдомани занони тоҷик ривоят мекунанд. Вақте душман ба ин сарзамин ҳуҷум мекунад, як гуруҳи духтаронро дастгир кардан мехоҳанд, то ба мақсади нопокашон бирасанд. Духтарон аз Худованд илтиҷо мекунанд, ки бо душман рӯ ба рӯ нашаванд, дуои ҳар кадоми ин онҳо мустаҷоб мешавад, онҳо дар ҳамон замон ба санг мубадал мегарданд ва тандиси ин чиҳил духтар, имрӯз бо номи “Чилдухтарон” машҳур аст.

“Чилдухтарон”, яке аз ҷойи хушманзараи ноҳияи Муъминобод аст, ки ҳама метавонанд аз тамошои он лаззат баранд.

САЁҲАТИ ҶУМАХОН,

донишҷӯйи курси сеюми ДМТ

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...