Шеър

Шеър

Аломати шақоват

Чор чиз осори бадбахтӣ бувад,

Ҷоҳилию қоҳилӣ, сахти бувад.

Бекасию нокасӣ ҳар чор шуд,

Бахти бадро ин ҳама осор шуд.

Он кӣ дар банди ибодат мешавад,

Бешак, аз аҳли саодат мешавад.

Бар ҳавои худ қадам ҳар к-ӯ ниҳод,

Кай тавонад кард бо нафсак ҷиҳод?.

Ҳар ки созад дар ҷаҳон бо хобу хур,

Дар қиёмат набвадаш з-оташ гузар.

Рӯ бигардон аз муроду орзӯ,

Пас ба даргоҳи худо меор рӯ.

Комронӣ сар ба нокомӣ кашад,

Марди раҳ хатти накӯномӣ кашад.

Амру наҳҳи ҳақ чу дорӣ, эй валид,

Пас марав дунболаи нафси палид.

Ҳар кӣ тарки комронӣ мекунад.

Бар хилофаш зиндагони мекунад,

Амру наҳҳи ҳақ зи “Қуръон” гӯш дор,

Ҷои шодди нест дунё, ҳуш дор.

 

Тавозӯъ ва сӯҳбати дарвешон

Гар туро ақл аст бо дониш қарин,

Бош дарвешу ба дарвешон нишин.

Ҳамнишини ҷуз ба дарвешон макун,

То тавонӣ ғайбати эшон макун.

Ҳубби дарвешон калиди ҷаннат аст,

Душмани эшон сазои лаънат аст.

Пӯши дарвеш ғайр аз дақл нест,

Дар паи кому ҳавои халқ нест.

Мард то нанҳад ба фақри нафс пой,

Раҳ куҷо ёбад ба даргоҳи худой.

Марди раҳ дар банди қасру боғ нест,

Дар дили ӯ ғайри дарду доғ нест.

Гар иморатро барӣ бар осмон,

Оқибат зери замин гардӣ ниҳон.

Гар чу Рустам шавкату зӯрат бувад,

Ҷой чу баҳром дар гӯрат бувад.

Эй писар, аз охират ғофил мабош,

Бо матои ин ҷаҳон хушдил мабош.

Дар балиёти ҷаҳон саббор бош,

Гоҳи неъмат шокири ҷаббор бош.

 

 

Чаҳор Китоб

 

 

 

 

Дуо

Худовандо, нигаҳ дори моро аз макри шайтони,

Ҳидоят бар сироталмустақим кун суи раҳмони.

Умеди том ҳар банда аз он лутфи азал дорад,

Нашуд аммо кас воқиф аз он мактуби пешони.

Ба рузи сахти маҳшар бандаи бечора дар монад,

Ба ин дармондагон абри карамро зуд афшони.

Нашуд воқиф касе аз қисмати неку бад инчо,

Ман ин асрори пинҳонро намедонам, Ту медони...

Ба ҳоли очизон ё Раб, куни дар муҳтазар раҳме,

Ки байни чону эмон мубтало банда ба ҳайрони.

Ба ҳар дарде агар ҳар бандаи бечора дар монад,

Набошад ғайри фазли Ту ба ҳар дармонда дармоне.

Диламро суи худ каш з-ин ғами гирдоби бепоён,

Мабодо, ки дар ғафлат равам бо ин парешони.

Чунунро дил аз андуҳи чон кандан тапад дар хун,

Кушо ин уқдаро ё Раб, ба фазли худ ба осони.

 

Мавлави Ҷунуни

 

 

 

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...