Хислати замима

Хислати замима

Чор чизи дигар, эй некӯсиришт,

Ҳаст аз ҷумла халоиқ сахт зишт.

З-он чаҳор аввал ҳасадгини бувад,

З-он гузаштӣ уҷбу худбини бувад.

Хашмро дигар фурӯ нохӯрдан аст,

Хислати чорум бахили кардан аст.

Эй писар, кам гард гирди ин хисол,

Аз барои ин ки зишт аст ин фиол.

Ғилу ғаш бигзор чун зар пок шав,

Пеш аз он ки хок гардӣ, хок шав.

Ҳирс бигзору қаноат пеша кун,

Охир аз мурдан яке андеша кун.

Бо муҳиббон бош доим ҳамнишин,

То тавонӣ рӯи аъдоро мабин.

 

Осори аблаҳон

Чор чиз омад нишони аблаҳӣ,

Бо ту гӯям то биёбӣ огаҳӣ.

Айби худро бад набинад дар ҷаҳон,

Бошад андар ҷустани айби касон.

Тухми бухл андар дили худ коштан,

Он гаҳ умеди саховат доштан.

Ҳар кӣ халқ аз хулқи ӯ хушнуд нест,

Ҳеҷ қадраш бар дари маъбуд нест.

Нафси дунёро раҳо кун, эй писар,

То раҳӣ аз ҳар балову ҳар хатар.

Эй басо кас аз барои нафс зор,

Дар бало афтоду гашт аз ғам низор.

Аз барои нафс мурғи номурод,

Омаду дар доми сайёд ӯ фитод.

То дилат ором ёбад, эй писар,

Буду нобуди ҷаҳон яксон шумар.

Аз азоби қаҳри ҳақ эмин мабош,

Дар паи озори ҳар мӯмин мабош.

Дар бало ёри махоҳ аз ҳеҷ кас,

З-он кӣ набвад ҷуз худо фарёдрас.

Ҳар киро ранҷондаӣ узраш бихоҳ,

То набошад хасми ту дар арзагоҳ.

Гар ғано хоҳад касс аз зувалминан,

Дар қаноат метавонаш ёфтан.

 

Фазилати фақири

Фақри худро пеши кас пайдо макун,

Меҳнати имрӯзаро фардо макун.

Мар туро он кас ки ҷисму ҷон диҳад,

Ғам махӯр охир, ки обу нон диҳад.

То ба кай чун мӯр бошӣ донакаш,

Гар ту мардӣ, фоқаро мардона каш.

 

Риёзати нафс

Гар ҳамехоҳӣ, кӣ гардӣ сарбаланд,

Эй писар, бар худ дари роҳат бубанд.

Нафс тавон кушт илло бо се чиз,

Чун бигуям, ёд гираш, эй азиз.

Ханҷари хомӯшию шамшери ҷӯъ,

Найзаи танҳоию тарки ҳуҷӯъ.

Ҳар киро набвад мураттаб ин силоҳ,

Нафси ӯ ҳаргиз наёбад бо салоҳ.

Чунки дил ба ёди Оллоҳат бувад,

Деви малъун ёру ҳамроҳат бувад.

Аҳли дунёро чу зару сим оядаш,

Луқмаҳои чарбу ширин боядаш.

Ҳар ки ӯ дар банди симу зар бувад,

Дар уқубат оқибат музтар бувад.

Он кӣ баҳри охират кораш бувад,

Аз худо ташрифи бисёраш бувад.

Моли дунё хоксоронро диҳанд,

Оқибат парҳезкоронро дианд.

Ҳаст шайтон, эй бародар, душманат,

Ғули оташ хоҳад андар гарданат.

Мудбире к-ӯ рӯ ба дунё оварад,

Баҳра кай аз олами уқбо барад.

Эй писар, бо ёди ҳақ машғул бош,

В-аз халоиқ дур ҳамчун ғӯл бош.

 

Сабаби офият

Офиятро гар бихоҳӣ, эй азиз,

Метавонаш ёфтан аз чор чиз.

Эминию неъмат андар хонадон,

Тандурустию фароғат баъд аз он.

Чунки бо неъмат амони бошадат,

Офиятро з-ӯ нишонӣ бошадат.

Бо дили фориғ чу бошӣ тандуруст,

Дигар аз дунё набояд ҳеҷ ҷуст.

Бармаёвар то тавонӣ коми нафс,

То наяфтӣ, эй писар дар доми нафс.

Зери по овар ҳавои нафсро,

Кам бад-ӯ деҳ баҳраҳои нафсро.

Нафсу шайтон мебаранд аз раҳ туро,

То бияндозанд андар чаҳ туро.

Нафсро сад кӯб, доми хор дор,

То тавонӣ дураш аз мурод дор.

Нафси бадро ҳар ки сераш мекунад,

Дар гунаҳ кардан далераш мекунад.

Хулқи худро дур дор аз ҳар мазаҳ,

То наяфтӣ дар вуболу дар базаҳ.

З-обу нон, то лаб, шикамро пур масоз,

Ҳамчу ҳайвон баҳри худ охур масоз.

Хирқаи пашминаро бар дӯш кун,

Шарбате аз номуродӣ нӯш кун.

Гар ҳамехоҳӣ насиб аз охират,

Рав бадар кун ҷомаҳои фохират.

Дар барат гӯ кисвати некӯ мабош,

Зери паҳлу ҷомаи хубат гӯ мабош.

Ҳамчу сӯфӣ дар либоси суф бош,

Дар сифатҳои худо мавсуф бош.

Марди раҳро буриё қолин бувад,

З-он ки хишташ оқибат болин бувад.

Марди раҳро буди дунё суд нест,

Ҳаргизаш андешаи нобуд нест!.

 

 

 («Чаҳор Китоб»)

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...