Шеър

Шеър

 

Хислати  замима

Чор  чизи  дигар,  эй  некӯсиришт,

Ҳаст  аз  ҷумла  халоиқ  сахт  зишт.

З-он  чаҳор  аввал  ҳасадгини  бувад,

З-он  гузаштӣ  уҷбу  худбини  бувад.

Хашмро  дигар  фурӯ  нохӯрдан  аст,

Хислати  чорум  бахили  кардан  аст.

Эй  писар,  кам  гард  гирди  ин  хисол,

Аз   барои  ин  ки  зишт  аст  ин  фиол.

Ғилу  ғаш  бигзор  чун  зар  пок  шав,

Пеш  аз  он  ки  хок  гардӣ,  хок  шав.

Ҳирс  бигзору  қаноат  пеша  кун,

Охир  аз  мурдан  яке  андеша  кун.

Бо  муҳиббон  бош  доим  ҳамнишин,

То  тавонӣ  рӯи  аъдоро  мабин.

 

Осори  аблаҳон

Чор  чиз  омад  нишони  аблаҳӣ,

Бо  ту  гӯям  то  биёбӣ  огаҳӣ.

Айби  худро  бад  набинад  дар  ҷаҳон,

Бошад  андар  ҷустани  айби  касон.

Тухми  бухл  андар  дили  худ  коштан,

Он  гаҳ  умеди  саховат  доштан.

Ҳар  кӣ  халқ  аз  хулқи  ӯ  хушнуд  нест,

Ҳеҷ  қадраш  бар  дари  маъбуд  нест.

Нафси  дунёро  раҳо  кун,  эй  писар,

То  раҳӣ  аз  ҳар  балову  ҳар  хатар.

Эй  басо  кас   аз  барои  нафс  зор,

Дар  бало  афтоду  гашт  аз  ғам  низор.

Аз  барои  нафс  мурғи  номурод,

Омаду  дар  доми  сайёд  ӯ  фитод.

То  дилат  ором  ёбад,  эй  писар,

Буду  нобуди  ҷаҳон  яксон  шумар.

Аз  азоби  қаҳри  ҳақ  эмин  мабош,

Дар  паи  озори  ҳар  мӯмин  мабош.

Дар  бало  ёри  махоҳ  аз  ҳеҷ  кас,

З-он  кӣ  набвад  ҷуз  худо   фарёдрас.

Ҳар  киро  ранҷондаӣ  узраш  бихоҳ,

То  набошад  хасми  ту  дар  арзагоҳ.

Гар  ғано  хоҳад  касс  аз  зувалминан,

Дар  қаноат  метавонаш  ёфтан.

 

Фазилати  фақирӣ

Фақри  худро  пеши  кас  пайдо  макун,

Меҳнати  имрӯзаро  фардо  макун.

Мар   туро   он  кас  ки  ҷисму  ҷон  диҳад,

Ғам  махӯр  охир,  ки  обу  нон  диҳад.

То  ба  кай  чун  мӯр  бошӣ  донакаш,

Гар  ту  мардӣ,  фоқаро  мардона  каш.

 

Риёзати  нафс

Гар  ҳамехоҳӣ,  кӣ  гардӣ  сарбаланд,

Эй   писар,  бар  худ  дари  роҳат  бубанд.

Нафс  тавон  кушт  илло  бо  се  чиз,

Чун  бигуям,  ёд  гираш,  эй  азиз.

Ханҷари  хомӯшию  шамшери  ҷӯъ,

Найзаи  танҳоию  тарки  ҳуҷӯъ.

Ҳар  киро  набвад  мураттаб  ин  силоҳ,

Нафси  ӯ  ҳаргиз  наёбад  бо  салоҳ.

Чунки  дил  ба  ёди  Оллоҳат  бувад,

Деви  малъун  ёру  ҳамроҳат   бувад.

Аҳли  дунёро  чу  зару  сим  оядаш,

Луқмаҳои  чарбу  ширин  боядаш.

Ҳар  ки  ӯ  дар  банди  симу  зар  бувад,

Дар  уқубат  оқибат  музтар  бувад.

Он  кӣ  баҳри  охират  кораш  бувад,

Аз  худо  ташрифи  бисёраш  бувад.

Моли  дунё  хоксоронро  диҳанд,

Оқибат  парҳезкоронро  дианд.

Ҳаст  шайтон,  эй  бародар,  душманат,

Ғули  оташ  хоҳад  андар  гарданат.

Мудбире  к-ӯ  рӯ  ба  дунё  оварад,

Баҳра  кай  аз  олами  уқбо  барад.

Эй  писар,  бо  ёди  ҳақ  машғул  бош,

В-аз   халоиқ  дур  ҳамчун  ғӯл   бош.  

 

Чаҳор Китоб

2026-05-01 (Зулқаъдаи соли 1447) №5.


Фазилати Иди Курбон

Иди Қурбон таҷассумгари садоқату фидокории муъминон дар назди Худованд буда, ҳамзамон саршор аз меҳру саховат ва ҳимматбаландии мардуми мусулмон (чи марду чи зан) мебошад. Пинҳон нест, ки маънӣ ва фалсафаи бузурги иди Қурбон ба қадри якдигар расидан ва боҳамдигар наздик шудан маҳсуб гардида, ин рўз...


Шарму ҳаё

Ҳамду сано Парвардигореро, ки соҳиби мағфирату шоистаи тақвост ва дуруду саломи бепоён ба Паёмбари ростгўю ростқавл Ҳазрати Муҳаммад ﷺ ва хонадону ёронаш бод.   Шарму ҳаё. Ин ду калима хеле маънои васеъро дар бар мегиранд. Агарчанде калимаи шарм дар луғатномаҳо бо ҳар забон тарҷума шудааст,...


Беморие, ки аз никоҳи хешутаборӣ пайдо мешавад

Кормандони Маркази саратоншиносии Донишгоҳи Ҳарварди ИМА дар бобати саратоншиносии кӯдакон кашфиёт карданд. Онҳо генеро муайян карданд, ки барои инкишофи муътадили гурдаҳои кӯдакон масъул буда, дар хромосомаи Х-и занон маҳфуз аст. Новобаста аз он ки ген аз хромосомаи занона аст, мутатсияи он ҳам...


Ҷарроҳии нодири лапароскопӣ бори аввал дар Тоҷикистон

Бори аввал дар Тоҷикистон бо истифода аз дастгоҳи муосири “Eye Max” ҷарроҳии гузоштани анастомоз байни рӯда ва маҷрои умумии талхагузари ҷигарӣ бо усули лапароскопӣ, инчунин ревизияи роҳҳои талхагузар анҷом дода шуд.   Ин амалиёти нодири ҷарроҳӣ бо истифода аз технологияҳои...


Чаро кӯдак дар хобаш гап мезанад?

Дар хобаш гап задани шахсро дар тиб «сомнилоквия» меноманд ва он аз насл ба насл мегузарад. Олимон бар он назаранд, ки сомнилоквия асосан бар асари стрессе, ки шахс дар давоми рӯз аз сар мегузаронад, пайдо шуда, дар натиҷа одам дар хоб худ ба худ гап мезанад.   Бояд гуфт, ки ин...