Шеър

Шеър

Фазилати меҳмон

Эй бародар, меҳмонро нек дор,
Ҳаст меҳмон аз атои кирдигор.
Меҳмон рӯзӣ зи худ меоварад,
Пас гуноҳӣ мизбонро мебарад.
Ҳар киро ҷаббор дорад душманаш,
Боз дорад меҳмон аз масканаш.
Мӯмине к-ӯ дошт меҳмонро накӯ,
Ҳақ гушояд боби раҳматро бар ӯ.
Ҳар киро шуд табъ аз меҳмон малул,
Аз вай озурда худову ҳам расул.
Бандае к-ӯ хидмати меҳмон кунад,
Хешро шоистаи раҳмон кунад.
Ҳар кӣ меҳмонро ба рӯи тоза дид,
Аз худо алтофи беандоза дид.
Аз таккалуф дурр бош, эй мизбон,
То гаронӣ набвадат аз меҳмон.
Меҳмонро, эй писар, эъзоз кун,
Гар бувад кофир дар ӯ дар боз кун.
Ҳаст меҳмон аз атоҳои карим,
Ҳар кӣ з-ӯ пинҳон шавад, бошад лаим.
Маърифат дорӣ, гиреҳ бар зар мабанд,
Чун расад меҳмон ба рӯяш дар мабанд.
Ҳар кӣ меҳмонро гиромӣ мекунад,
Кӯшише дар некномӣ мекунад.
Ҳар кӣ меҳмонат шавад, ар, хосу ом,
Пешӣ ӯ мебояд овардан таом.
З-он чӣ дорӣ андаку беш, эй писар,
Бурд бояд пеши ӯяш, эй писар.
Нон бидеҳ бар ҷоеъон баҳри худой,
То диҳандат дар биҳишти адн ҷой.
Бо тани ӯр он кӣ бахшад ҷомае,
Ҳақ диҳад ӯро зи раҳмат номае.
Ҳар кӣ савбе бар тани ӯре диҳад,
Дар ду олам эзидаш нуре диҳад.
Гар барорӣ ҳоҷати мӯҳтоҷро,
Бар сар аз офтоб ёби тоҷро.
Ҳар кӣ бошад ба давлат бахт ёр,
Хайр варзад дар ниҳону ошкор.
Эй писар, ҳаргиз махур нони бахил,
Кам нишин дар умр бар хонаи бахил.
Нони мумсик ҷумла ранҷасту ано,
Мешавад нони сахӣ нури сафо.
То нахонандат, ба хонаи кас марав,
Дар паи мурод чун каргас мадав.
Чашми некӣ аз хасисӣ дун мадор,
Сақфи вайронро ту бар устун мадор.
Гар кунӣ хайре, ту он аз худ мабин,
Ҳар чӣ бинӣ, нек бину бад мабин.

Натоиҷи саховат

То биёбӣ аз паси шиддат раҳо.
Бош пайваста ҷамонмард, эй ахӣ,
З-он кӣ набвад дузахӣ мардӣ сахӣ.
Дар руҳи марди сахӣ нури сафост,
З-он кӣ дар ҷаннат қаррини Мустафост.
Ҳақ таъоло бар дари ҷаннат навишт,
Ин ки ҷои асхиё бошад биҳишт.
Асхиёро бо ҷаҳаннам кор нест,
Ҷои мумсик ҷуз даруни нор нест.
Кори аҳли бухлро таблис дон,
Дар ҷаҳаннам ҳамдами иблис дон.
Ҳеҷ мумсик нагзарад сӯи биҳишт,
Балки бо ӯ кай расад бӯи биҳишт.
Аҳли кибру бухлро бошад мақар.
Эй писар, дар мардумӣ машҳур бош,
Аз бахили, в-аз такаббур дур бош.
Босахо бошу тавозӯъ пеша гир,
То шавад рӯи дилат бадри мунир.

Корҳои шайтонӣ

Чор хислат феъли шайтонӣ бувад,
Донад инҳо, ҳар кӣ раҳмонӣ бувад.
Атсаи мардум чу бигзашт аз яке,
Бошад он аз феъли шайтон бешаке.
Хуни бинӣ низ аз шайтон бувад,
Он кӣ зоҳир душмани инсон бувад.
Хомёза феъли шайтон асту най,
Эй писар, эмин мабош аз макри вай.

«Чаҳор китоб»

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...