Шеър

Шеър

Ғамхорагӣ кардан бо мардум

Бар сари болини беморон гузар,
З-он ки ҳаст ин суннати хайрулбашар.
То тавонӣ, ташнаро сероб кун,
Дар маҷолис хидмати асҳоб кун.
Хотири айтомро дарёб низ,
То туро пайваста ҳақ дорад азиз.
Чун шавад гирён ятиме ногаҳон,
Арши ҳақ дар ҷунбиш ояд, он замон.
Чун ятимеро касе гирён кунад,
Молик андар дӯзахаш бирён кунад.
Он кӣ хандонад ятими хастаро,
Боз ёбад ҷаннатӣ дарбастаро.
Ҳар кӣ асорат кунад фош, эй писар,
Аз чунон кас дур мебош, эй писар.
Дар ҷавонӣ дор пирон азиз,
То азизи дигарон бошӣ ту низ.
Бо заифон гар бибахшоӣ равост,
К-ин зи сиратҳои хуби авлиёст.
Бар сари сайре махур ҳаргиз таом,
То намирад дар бадан қалб, эй ғулом.
Иллати марду зи пурхорӣ бувад,
Хӯрданӣ пур тухми беморӣ бувад.
Роҳате набвад ҳасуди шумро,
Козибӣ бадбахтро набвад вафо.
Ҳар мунофиқро ту душмандор бош,
Аз ваю аз феъли вай безор бош.
Тавбаи бадхӯ куҷо маҳкам бувад,
Мар бахилонро мурувват кам бувад.
То шавад дини ту софӣ чун зулол,
Бош доим толиби қути ҳалол.
Он кӣ бошад дар паи қути ҳаром,
Дар тани ӯ дил ҳамемирад тамом.

Ҳоҷат хостан

Ҳоҷати худро маҷӯй аз зиштрӯй,
Он ки дорад рӯи хуб, аз вай биҷӯй.
Мӯминеро бо ту чун афтод кор,
То тавонӣ ҳоҷатӣ ӯро барор.
Ҳоҷати худро ҷуз аз султон махоҳ,
Чун нахоҳи ёфт, аз дарбон махоҳ.
Аз вафоти душманон шодӣ макун,
Аз касе беш аз кас озодӣ макун.

Қасовати қалб

Сахтдилро се аломат ёфтам,
Чун бидидам, рӯ аз ӯ бартофтам.
Бо заифон бошадаш ҷавру ситам,
Ҳам қаноат набвадаш бо бешу кам.
Мавъизат ҳарчанд гӯӣ бештар,
Дар дили сахташ набошад коргар.
Аҳли дунёро ба маънӣ мурда дон,
То набошӣ ҳамнишин бо мурдагон.

2026-05-01 (Зулқаъдаи соли 1447) №5.


Дар Тоҷикистон танҳо 10 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд

Дар Тоҷикистон ҳамагӣ даҳ нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт ҳастанд. Бино ба иттилои Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати кишвар, сафи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки соли 1941 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карданд ва дар қайди ҳаёт ҳастанд, кам шудааст. Гуфта мешавад, ки дар давраи...


Фарқиятҳои инфаркт дар занон ва мардон

Нишонаҳои инфаркт дар мардон ва занон ба ҳамдигар хеле монанд буда, беморӣ асосан бо пайдоиши дард дар қафаси сина аз худ дарак медиҳад, вале баъзе хусусиятҳои фарқкунанда низ дорад.   Тавре ки таҷрибаҳои чандинсолаи табибон нишон медиҳанд, инфаркт дар мардон аллакай дар синни 45-солагӣ...


Шарму ҳаё

Ҳамду сано Парвардигореро, ки соҳиби мағфирату шоистаи тақвост ва дуруду саломи бепоён ба Паёмбари ростгўю ростқавл Ҳазрати Муҳаммад ﷺ ва хонадону ёронаш бод.   Шарму ҳаё. Ин ду калима хеле маънои васеъро дар бар мегиранд. Агарчанде калимаи шарм дар луғатномаҳо бо ҳар забон тарҷума шудааст,...


Табрикоти Иди Қурбон

Ассалому алайкум, хонандагони азиз!   Бо фарорасии Иди саиди Қурбон — иди қурбонӣ, эҳсон ва наздикӣ ба Парвардигори оламон — шуморо самимона табрик мегӯям. Иди Қурбон ёдовари он рӯзест, ки Иброҳими халилуллоҳ омода буд гаронтарин дороии худ — писари худ Исмоилро — дар роҳи Худо қурбон кунад. Ва...


Фазилати Иди Курбон

Иди Қурбон таҷассумгари садоқату фидокории муъминон дар назди Худованд буда, ҳамзамон саршор аз меҳру саховат ва ҳимматбаландии мардуми мусулмон (чи марду чи зан) мебошад. Пинҳон нест, ки маънӣ ва фалсафаи бузурги иди Қурбон ба қадри якдигар расидан ва боҳамдигар наздик шудан маҳсуб гардида, ин рўз...