ШЕЪР

ШЕЪР

Хосияти вараъ

Дар вараъ собитқадам бош, эй писар,

Гар ҳамехоҳӣ, ки гардӣ мӯътабар.

Хонаи дин гардад обод аз вараъ,

Лек мегардад харобӣ аз тамаъ.

Ҳар кӣ аз илми вараъ гирад сабақ,

Дур бояд буданаш аз ғайри ҳақ.

Тарскорӣ аз вараъ пайдо шавад,

Ҳар кӣ бошад бевараъ расво шавад.

Бо вараъ ҳар кас ки худро кард рост,

Ҷунбиши оромиш аз баҳри худост.

Он кӣ аз ҳақ дӯстӣ дорад тамаъ,

Дар муҳаббат козибаш дон, не вараъ.

 

Фоидаи тақво

Чист тақво? Тарки шубҳоту ҳаром,

Аз либосу аз шаробу аз таом.

Ҳар чи афзун аст, агар бошад ҳалол,

Тарки асбобӣ вараъ бошад вубол.

Чун вараъ шуд ёр бо илми амал,

Ҳусни ихлоси туро н-орад халал.

Ногаҳон, эй банда, гар кардӣ гуноҳ,

Тавба кун дар ҳолу узри он бихоҳ.

Чун гунаҳ нақд омадандар ин вуҷуд,

Тавбаи нася надорад ҳеҷ суд.

Дар инобат коҳилӣ кардан хатост,

Бар умеди зиндагӣ, к-он бевафост.

Мазаммати дунёи дун

Бо чӣ монад ин ҷаҳон? Гӯям ҷавоб:

Он ки бинад одамӣ чизе ба хоб.

Чун шавӣ бедор аз хоб, алазиз,

Ҳосиле набвад зи хобат ҳеҷ чиз.

Ҳамчунин чун зиндае афтоду мурд,

Ҳеҷ чизе аз ҷаҳон бо худ набурд.

Ҳар киро будаст кирдорӣ накӯ,

Дирраи уқбо бувад ҳамроҳи ӯ.

Ин ҷаҳонро чун зане дон хубрӯй,

Хешро орояд андар чашми шӯй.

Мардро мепарваронад бар канор,

Макру шева менамояд бешумор.

Чун биёбад хуфта ӯро ногаҳон,

Ногаҳон созад ҳалокаш бегумон.

Бар ту бояд, эй азиз, парҳезгор,

К-аз чунин маккора бошӣ бо ҳазар.

 

Маърифати оллоҳ таъоло

Маърифат ҳосил кун, эй ҷонӣ падар,

То биёбӣ аз худои худ хабар.

Ҳакр кӣ ориф шуд худои хешро,

Дар фано бинад бақои хешро.

Ҳар кӣ ӯ ориф набошад, зинда нест,

Қурбӣ ҳақро лоиқи арзанда нест.

Ҳар кӣ ӯро маърифат ҳосил нашуд,

Ҳеҷ бо мақсуди худ восил нашуд.

Нафси худро чун бишносӣ, дило,

Ҳақ таъолоро бидонӣ бо ато.

Ориф он бошад, ки бошад ҳақшинос,

Ҳар кӣ ориф нест, гардад носипос.

Ҳаст орифро ба дил меҳру вафо,

Кори ориф ҷумла бошад босафо.

Ҳар кӣ ӯро маърифат бахшад худой,

Ғайри ҳақро дар дили ӯ нест ҷой.

Назди ориф нест дунёро хатар,

Балки бар худ несташ ҳаргиз назар.

Маърифат фонӣ шудан дар вай бувад,

Ҳар кӣ фонӣ нест, ориф кай бувад.

Ориф аз дунё уқбо фориғ аст,

З-он чи бошад ғайри мавло фориғ аст.

Ҳимматӣ ориф бақои ҳақ бувад,

З-он кӣ дар ҳақ фонии мутлақ бувад.

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Масъала танҳо доштани телефон нест!

Солҳои охир масъалаи танзими рафтори ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба яке аз мавзуҳои баҳсталаби ҷомеа табдил ёфтааст. Бо рушди технология ва густариши истифодаи интернет, тарзи муносибат ба воситаҳои техникӣ низ дигаргун шудааст. Аммо баъзе маҳдудиятҳо ва иҷозатҳое, ки имрӯз амал мекунанд,...


Раҳим Азимов – ягона тоҷик дар Думаи давлатии Русия

Раҳим Азимови 61-сола яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсии тоҷиктабор дар Федератсияи Русия ба шумор меравад. Ӯ айни замон вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия ва муовини якуми раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва муқовимат бо коррупсия мебошад.  Раҳим Азимов дар Шӯроби шаҳри Исфараи...


Бозии дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар Турсунзода

Мухлисони футбол дар шаҳри Турсунзода пас аз танаффуси тӯлонӣ боз шоҳиди бозии тими миллии футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Талко-Арена” хоҳанд шуд.   Рӯзи 5-уми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рӯзҳои расмии FIFA дар як бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон рақобат...


Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт...

Ҳамасола 30-юми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии дӯстӣ таҷлил карда мешавад.   Рӯзи байналмилалии дӯстӣ соли 2011 бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман эълон гардид. Ҳадафи асосии ин рӯз таҳкими сулҳу субот, мубориза бар зидди хушунат, густариши ҳамдигарфаҳмӣ ва тарғиби...


Хушуъ дар намоз

Намоз робитаи Худованд бо бандагон аст. Қуръони карим ба се чизи бисёр муҳим ва қобили тааммул дар намоз, яъне хушӯъ, пойбандӣ ва давомнокӣ ишора фармудааст: «Мӯъминон растагор шуданд, онҳое, ки дар намозашон хушӯъ доранд» (сураи «Мӯъминун» оятҳои1-2).   «Ва...