ШЕЪР

ШЕЪР

Фоидаи силлаи раҳм

Рав ба пурсидан бари хешони хеш,
То кӣ гардад муддати умри ту беш.
Ҳар кӣ гардонад зи хешованд рӯй,
Бегумон, нуқсон пазирад умри ӯй.
Ҳар кӣ ӯ тарки ақориб мекунад,
Ҷисми худ қутиа ақориб мекунад.
Гарчи хешони ту бошад аз бадон,
Бадтар аз қатъи раҳам чизе мадон.
Ҳар кӣ ӯ аз хеши худ бегона шуд,
Номаш аз рӯйи бадӣ афсона шуд.

Аломати марди аҳмақ

Се аломат дон, ки дар аҳмақ бувад,
Аввалан ғофил зи ёди ҳақ бувад.
Гуфтани бисёр одаташ бошадаш,
Коҳилӣ андар ибодат бошадаш.
Эй писар, чун аҳмақу ҷоҳил мабош,
Як дам зи ёди Худо ғофил мабош.
Ҳар кӣ ӯ аз ёди ҳақ ғофил бувад,
Аз ҳамоқат дар раҳи ботил бувад.
Ҳеҷ аз фармонӣ ҳақ гардан матоб,
То намонӣ рӯзи маҳшар дар азоб.
Ботилеро, эй писар, гардан манеҳ,
Нақди мардонро ба ҳар гардан манеҳ.
Дар қазои осмонӣ дам мазан,
Ҳар касеро беши бешу кам мазан.
Дасти худро сӯйи номаҳрам маёр,
Ҷониби моли ятимон ҳам маёр.
То тавонӣ роз бо ҳамдам магӯ,
Гар ту бошӣ низ бо худ ҳам магӯ.
То шавӣ озоду мақбул, эй азиз,
Бе тамаъ мебош, гар дорӣ тамиз.

Бозгардонидани он муҳол аст

Чор чиз аст, он ки баъд аз рафтанаш,
Аз муҳол аст бозоварданаш.
Чун ҳадисе рафт ногаҳ бар забон,
Ё ки тире ҷаст берун аз камон.
Боз чун орад ҳадиси гуфтаро?
Кас нагардонад қазои рафтаро.
Боз кай гардад, чу тир андохтӣ,
Ҳамчунин умрат, ки зоеъ сохтӣ.
Ҳар кӣ беандеша гуфтораш бувад,
Бас надоматҳои бисёраш бувад.
То нагуфтӣ, метавонӣ гуфтанаш,
Чун бигуфтӣ, кай тавон бинҳуфтанаш.

Аз “Чаҳор Китоб”

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...