Шеър

Шеър

 

Маърифати Аллоҳ Таъоло

Маърифат ҳосил кун, эй ҷонӣ падар,

То биёбӣ аз Худои худ хабар.

Ҳакр кӣ ориф шуд Худои хешро,

Дар фано бинад бақои хешро.

Ҳар кӣ ӯ ориф набошад, зинда нест,

Қурбӣ Ҳақро лоиқи арзанда нест.

Ҳар кӣ ӯро маърифат ҳосил нашуд,

Ҳеҷ бо мақсуди худ восил нашуд.

Нафси худро чун бишносӣ, дило,

Ҳақ Таъолоро бидонӣ бо ато.

Ориф он бошад, ки бошад ҳақшинос,

Ҳар кӣ ориф нест, гардад носипос.

Ҳаст орифро ба дил меҳру вафо,

Кори ориф ҷумла бошад босафо.

Ҳар кӣ ӯро маърифат бахшад Худой,

Ғайри Ҳақро дар дили ӯ нест ҷой.

Назди ориф нест дунёро хатар,

Балки бар худ несташ ҳаргиз назар.

Маърифат фонӣ шудан дар вай бувад,

Ҳар кӣ фонӣ нест, ориф кай бувад.

Ориф аз дунё уқбо фориғ аст,

З-он чи бошад ғайри мавло фориғ аст.

Ҳимматӣ ориф бақои Ҳақ бувад,

З-он кӣ дар Ҳақ фонии мутлақ бувад.

 

Эътимодеро нашояд

Кас наёбад ҳеҷ чиз аз чор чиз,

Ёд гир аз носеҳ, эй соҳибтамиз.

Нест аввал дӯстӣ андар мулук,

Ин сухан бовар кунад аҳли сулук.

Сифлаеро бо мурувват нангарӣ,

Ҳеҷ бадхӯе наёбад меҳтарӣ.

Ҳар кӣ бо моли касон дорад ҳасад,

Бӯи раҳмат бар димоғаш кай расад.

Он кӣ каззоб аст, мегӯяд дурӯғ,

Нест ӯро дар вафодорӣ фурӯғ.

 

Чор чизе ки хорӣ оварад

 Чор чизат бар диҳад аз чор чиз,

Нашнавад ин нуқта ҷуз аҳли тамиз.

Ҳар кӣ з-ӯ содир шавад ин чор кор,

Бинад ӯ чорӣ дигар беихтиёр.

Чун суол овард, гардад хор мард,

Монд танҳо ҳар кӣ истихфоф кард.

Ҳар кӣ дар поёнӣ коре нангарад,

Оқибат рӯзе пушаймонӣ хӯрад.

Ҳар кӣ накнад эҳтиёти корҳо,

Бар дилаш охир нишинад борҳо.

 

 

Умрро бикоҳонад

Умри мардумро бикоҳад панҷ чиз,

Ёдгираш, чун шунидӣ, эй азиз.

Шуд яке з-он панҷ дар пирӣ ниёз,

Пас ғарибӣ в-он гаҳе ранҷи дароз.

Ҳар кӣ ӯ бар мурда андозад назар,

Умри ӯ бешак, бикоҳад, эй писар.

Панҷ омад тарсу ваҳм аз душманон,

Умрро инҳо ҳаме дорад зиён.

Ҳар кӣ ӯ аз душманон тарсон бувад,

Кори ӯ ҳар лаҳза дигарсон бувад.

Аз Худо тарсу матарс аз душманон,

К-аз ҳама дорад Худоят дар амон.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...