ШЕЪР

ШЕЪР

Одоби панду насиҳат

Чун туро омад мақоме созгор,
Бар набандӣ рахт з-он ҷо зинҳор.
Дар насиҳат он ки напазирад сухан,
Бо чунин кас панди худ зоеъ макун.
Хӯи бадро нек кардан мушкил аст,
Ҷаҳд кардан баҳри ӯ беҳосил аст.
Бандаро гар нест дар коре ризо,
Кай тавонад бозгардонад қазо.
Ҳар кӣ ӯ истеза бо султон кунад,
Кори худро сарбасар вайрон кунад.
Ҳар кӣ ӯ боғи шавад аз подшоҳ,
Рӯзи ӯ чун тирашаб гардад сиёҳ.

Фазилати зикри Оллоҳ

Бо доим , эй писар, бо ёди ҳақ,
Гар хабар дорӣ зи адлу доди ҳақ.
Зинда дор аз зикр субҳу шомро,
Дар тағофул магзарон айёмро.
Ёди ҳақ омад ғизо ин рӯҳро,
Марҳам омад ин дили маҷрӯҳро.
Ёди ҳақ гар муниси ҷонат бувад,
Кай хавои коху айвонат бувад.
Гар замоне ғофил аз раҳмон шавӣ,
Андар он дам ҳамдами шайтон шавӣ.
Мӯмино, зикри худо бисёр гӯй,
То биёби дар ду олам обрӯй.
Зикрро ихлос мебояд нахуст,
Зикри беихлос кай бошад дуруст.
Зикр ба се ваҷҳ бошад бехилоф,
Ту надони ин суханро аз газоф.
Омро набвад ба ҷуз зикри забон,
Зикри хосон бошад аз дил бегумон.
Зикри хосалхос зикри сир бувад,
Ҳар ки зокир нест, ӯ хосир бувад.
Ҳамдами холиқ бар забон рон, эй писар,
Умр то барбод надиҳӣ сарбасар.
Лаб маҷунбон ҷуз ба зикри кирдигор,
З-он ки поконро ҳамин будаст кор.

Аломати мудбирон

Чор чиз омад нишони мудбирӣ,
Ёдгираш гар ту равшанхотирӣ.
Мудбирӣ бошад ба аблаҳ машварат,
Пас ба ҷоҳил додани симу зарат.
Ҳар кӣ панди дӯстон накнад қабул,
Дар ҳақиқат мудбир аст, он булфузул.
Ҳар кӣ аз дунё нагирад ибрате,
Ҳаст аз он мудбир ҷаҳонро нафрате.
Машварат ҳар кас ки бо аблаҳ кунад,
Деви малъунаш сабук гумраҳ кунад.
Он кӣ молу зар диҳад бо ҷоҳилон,
Ончунон кас кай бувад аз муқбилон.
Зар чу ҷоҳилро ҳаме ояд ба каф,
Мекунад исрофу месозад талаф.
Нашавад аз дӯст мудбир пандро,
Аз ҷаҳолат бигсалад савгандро.
Ранҷи андакро бикун ғамхорагӣ,
Варна бинӣ аҷз дар бечорагӣ.
Дарди сарро гар биҷӯяд кас илоҷ,
Хавфи он бошад, ки баргардад мизоҷ.
Бош аз қавли мухолиф барҳазар,
Пеш аз он к-аз по дароӣ, эй писар.
Оташи андак тавон куштан ба об,
Вои он соат ки гирад илтиҳоб.

«Чаҳор китоб»

НӮЪМОН РОЗИҚОВ

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...