РӮЗИ ҒАЛАБА

РӮЗИ ҒАЛАБА

9 май

Субҳи рӯзи 22 июни соли 1941 Ҷанги Бузурги Ватанро оғоз шуда, баъди 1418 шабу рӯз хотима ёфт. Он замон ҷамъияти Тоҷикистон 1 миллион буд. Ба ин ҷанг 300 ҳазор тоҷик ба сафи Армия Сурх ба аскарӣ даъват шуд. Аз ин шумора 92 ҳазор нафари дар ҷанг иштирок дошта, дар майдони ҳарб мондааст.

Барои шуҷоат ва қаҳрамонӣ дар набард ва муҳориба бо фашистон 56 ҳазор намояндаи Тоҷикистон бо ордену нишони ҷангӣ, 54 нафар бо унвони баланди — Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз шуда, 15 нафари дигар соҳиби се ордени Шуҷоъат гардида аст. Рӯзи 24 июни соли 1945 дар Ҷашни Пирӯзии Москав сарбозони тоҷик низ иштирок доштаанд. Старшинаи гвардия Абдусаттор Ҳоҷибоев аз ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, сержант Абдуназар Фармонқулов аз Истаравшан, тирандози тӯп Истамқул Ҳасанов аз ноҳияи Ашт ва ғайра. Соли ҷанг мардум шабу рӯз дар ақибгоҳ барои таъмини артиш бо хӯрок, либос ва маҳсулоти дигар фаъолият дошт. Ба корхонаҳои низомӣ дар ақибгоҳ 45 ҳазор тоҷикистонӣ сафарбар карда шуда буд. Дар ин муддат Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Кумитаи ҳимоя 1 миллиард рубл, 40 ҳазор пуд гандум, 150 вагон хӯрокворӣ, 532 ҳазор либоси гарм, 123 ҳазору 80 дона пӯсти гӯсфанд, 993,4 килограмм пашм, беш аз 25 ҳазор метр матоъ равон кард.

Корхонаҳои санъати тоҷик аз пахта, пашм ва абрешим либоси низомӣ, тири туфанг ва чатр барои халабонҳо истеҳсол мекард. То 1 марти соли 2015 дар Тоҷикистон 926 собиқадори ҷанг, аз ҷумла 18 зан, зиндагӣ мекард. Феълан аз онҳо 849 нафар дар қайди ҳаёт аст.

«Илм ва табиат»- телевизиони нави Тоҷикистон

Дар шаҳри Душанбе шабакаи нави телевизиони Тоҷикистон- «Илм ва табиат» расман ба фаъолият оғоз ёфт.

Дар маросими оғози кори шабакаи мазкур муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумитаи телевизион ва радио Нуриддин Саид, директори шабакаи навтаъсиси «Илм ва табиат» Зинатуллоҳ Исмоилзода, намояндагони сохторҳои давлатӣ, фарҳангиён ва донишмандон ширкат намуданд. Гуфта мешавад, ки тамоми барномаҳо ва филмҳое, ки дар ин шабака нашр мешаванд, ҳама ба забони тоҷикӣ буда, дастовардҳои олимони тоҷик, ҳамзамон табиату манзараҳои нотакрори мамлакатро инъикос менамоянд. Аз ҷумла, «Арса» дар мавриди навгониҳои илмии ҷаҳонӣ, «Арши илм» дар бораи нобиғаи илм, «Сайри кайҳон» дар мавриди кайҳон ва нуҷум, «Чор унсур», «Дар оғӯши табиат», «Парвезан», «Сайёраи умед», «Мададгор», «Теғи Сино» ва «Дар дили санг» барномаҳое ҳастанд, ки таҳия ва дар ин шабака нашр мешаванд.

Дар айни замон шабака 18 соати нашр дошта, қарор аст давоми сол ба 24 соат расонида шавад. Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар Тоҷикистон 90 телевизион ва радиои давлативу хусусӣ ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият менамоянд. Аз ин шумора 13 телевизиони давлатӣ, 10 радиои давлатӣ, 33 телевизиони хусусӣ, 22 радиои хусусӣ ва 12 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ мебошанд.

Дигаргунӣ дар қонуни хизмати аскарӣ

Ба ҷавонони хизмати аскарӣ карда, имтиёзи нав дода шуд. Минбаъд баъди адои хизмат сарбози ҷавон метавонад бе ягон санҷиши иловагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии дохил ва хориҷ таҳсил кунад. Ба гуфтаи вакилони мардумӣ ин имтиёз ба хотири ҳавасманд кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пешниҳод мешавад. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» аз ҷониби вакилон баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардид. «Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд», - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Сарчашма: «Спутник»

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Маърифати молиявӣ. 5 роҳи сарфа кардани пул

Ҳамарӯза мо барои хариди маҳсулоти рӯзгор вориди мағоза ё бозор мешавем. Оё медонед, ки харид кардан ҳам қоидаҳои худро дорад? Пас, 5 қоидаро бароятон пешниҳод менамоем. Ба назар сода менамоянд, аммо барои сарфаи пулу зиндагии беҳтари шумо кӯмак мекунанд.   Якум, харид аз бозор роҳи хуби...


Масъала танҳо доштани телефон нест!

Солҳои охир масъалаи танзими рафтори ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба яке аз мавзуҳои баҳсталаби ҷомеа табдил ёфтааст. Бо рушди технология ва густариши истифодаи интернет, тарзи муносибат ба воситаҳои техникӣ низ дигаргун шудааст. Аммо баъзе маҳдудиятҳо ва иҷозатҳое, ки имрӯз амал мекунанд,...


Хушуъ дар намоз

Намоз робитаи Худованд бо бандагон аст. Қуръони карим ба се чизи бисёр муҳим ва қобили тааммул дар намоз, яъне хушӯъ, пойбандӣ ва давомнокӣ ишора фармудааст: «Мӯъминон растагор шуданд, онҳое, ки дар намозашон хушӯъ доранд» (сураи «Мӯъминун» оятҳои1-2).   «Ва...


Волидон ё интернет. Кӯдакро кӣ бояд тарбия кунад?

Дар давраи наврасӣ ҷаҳонбинӣ, самтҳои арзишӣ, худшиносӣ, мавқеи шаҳрвандӣ ва хислатҳои маънавӣ ва ахлоқии шахс фаъолона ташаккул меёбанд. Дар ин марҳилаи рушд ба тарбияи онҳо диққати махсус мебояд. Бахусус, дар замони ҳозир, ки интернет “муаллим”-и фарзандони мо...


Раҳим Азимов – ягона тоҷик дар Думаи давлатии Русия

Раҳим Азимови 61-сола яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсии тоҷиктабор дар Федератсияи Русия ба шумор меравад. Ӯ айни замон вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия ва муовини якуми раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва муқовимат бо коррупсия мебошад.  Раҳим Азимов дар Шӯроби шаҳри Исфараи...