Маъорифпарварӣ – ҳикматпарастист

Маъорифпарварӣ – ҳикматпарастист

Муҳаммадҳусайни Ҳоҷӣ, ҳангоми дар Бухоро таҳсил карданаш, ба ақидаҳои маъорифпарварии Аҳмади Дониш шинос гардида буд ва худи замони зиндагии шоъир давраи густариши ақидаҳои халқпарварӣ ва ҳимояи манфиъати меҳнаткашон буд. Дар асарҳои шоъир ақидаҳои маъорифпарварӣ ва равшангароии Ҳоҷӣ баръало намоён аст.

Дар кори хайр ҳоҷати ҳеҷ истихора нест

Бисёр деҳа ва маҳаллаҳоро шахсиятҳои бузурге, ки дар он ҷойҳо таваллуд шудаанд, маълуму машҳур кардаанд ва маҳаллаи Қарақамиш низ чун зодгоҳ (ватан)-и шоир ва орифи шинохтаи охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ Муҳаммадҳусайни Ҳоҷӣ маъруф гаштааст. Вале калимаи «қарақамиш» дар осори шоир зикр наёфтааст. Шоир дар достони «Комде ва Мадан» диёри худ – Хатлонро самимона васф намудааст.

Рафти сухан бар сари Хатлон бувад, Ҳубби ватан гӯшаи имон бувад.

Шоир дар достон (яъне «Комде ва Мадан») дар баробари васфи Худову пайғамбар, шеъру шоирӣ, оғозу анҷоми ҳар суханашро бо ёди Ватану диёри худ шурӯъ менамояд. Меҳри бепоёни Ватанро аз имон донистааст. Худованд ҳар чизеро, ки офарид, шакл ва ҷою макони онро муайян менамояд. Чуноне ки мулки Хатлонро ба фирдавси рӯи замин ва рашки ҳурони биҳиштӣ мубаддал мегардонад: Чу Хатлон хиттае кам офарида, Ки фирдавсе ба олам офарида, Тамошояш бубинад ҳуриён дӯш, Биҳишт аз ёдашон гардад фаромӯш. Ҳамчунин Муҳаммадҳусайни Ҳоҷӣ дар ашъораш дар чанд маврид калимаи найистонро истифода кардааст:

Зи ғами ҷудойӣ, Ҳоҷӣ, ба фиғон чаро нанолам, Ки чу най зи Найистонам ҳама касс бурида бигзашт. Зи тамҳиди нафас чандин найистон зеру бам дорам, Чунин шӯре, ки ман дорам, намедонам чи соз астам.

Калимаи найистон агар дар байти дувум танҳо макони най ном гиёҳеро ифода намояд, пас дар байти аввал, ба зодгоҳи шоир ҳам ишора мекунад. Ин ишораҳо далели онанд, ки деҳаи Қарақамиш дар аввал Найистон ном доштааст ва чунин тарзи номсозӣ (дар асоси ягон исм ва пасванди истон) таърихи қадима дошта, яке аз вижагиҳои шоистаи забони тоҷикӣ ба шумор меравад. Ба қавли профессор Шамсулло Исмоилов, «Дар воқеъ, ин қоида аз меъёри умумии калимасозии – истон дар забони адабии тоҷик (гулистон, чаманистон, сангистон ва ғ.) ва соири забони эронӣ берун нест». Ҳукуматдорони ноҳияи Данғара бо иваз намудани номи маҳаллаи Қарақамиш ба Найистон кори хайре анҷом дода ба як тир ду нишон задаанд. Ҳам номи зебои пештараи маҳалларо барқарор намудаанд ва ҳам рӯҳи мубораки шоири бедордил ва рангинхаёл Муҳаммад Ҳусайни Ҳоҷиро шод намудаанд.

ДИЛБАРИ МУҲИДДИН,

номзади илмҳои филологӣ

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...