Масъуди Саъди Салмон

Масъуди Саъди Салмон

Масъуд дар Лоҳур, дар хонаводаи дафтардори дарбори Маҷдуд ибни Масъуди Ғазнавӣ ба дунё омад. Падараш Саъди Салмони Ҳамадонӣ марди фозиле буд. Иқтисоду сиёсати давлатдории аҳди Ғазнавиёнро хуб медонист, гоҳгоҳе шеър ҳам менавишт. Писараш Масъудро, ки ҳамноми фарзанди нахустини Султон Маҳмуди Ғазнавӣ буд, хеле хуб тарбият дод, илму адаб омӯзонд. Масъуд аввал дар Лоҳур, баъд дар Ғазна таҳсил кард. Бар иловаи забони модарияш форсӣ- тоҷикӣ, забони ҳиндӣ ва арабиро хеле хуб ёд гирифт, аспсаворӣ, тирандозӣ, чавгонбозӣ, мусиқӣ ва адабро омӯхт. Ба туфайли заковати аслӣ, илму дониш ва одоби некаш дар доираҳои дарбори Ғазнавиён мисли падараш ному шуҳрати хоссае пайдо кард. Ҳамин буд, ки вақте Султон Иброҳими Ғазнавӣ (ҳукмронияш солҳои 1059-1099) соли 1076/77 ҳокимияти Ҳиндустонро ба писараш Сайфуддавла Маҳмуд супурд, Масъуди Саъдро дар рикоби ӯ гузошт.

Ба туфайли шиносоии собиқ Сайфуддавла ӯро ба хидмати дарбор пазируфт. Дар андак муддат Масъуд дар дарбор обрӯю эътибори хоссаеро соҳиб шуда, яке аз шахсиятҳои наздики султон гардид. Дар доираҳои адабии Лоҳур ва Ҳиндустону Ғазна чун шоири хуштабъи қасидасаро шинохта шуд ва амволу давлати назаррасе насибаш гашт.

Ҳамаи ин ба солҳое рост меоянд, ки дар сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон қабилаи дигари турк Салҷуқиён нуфуз пайдо карда, таъсири онҳо ба давлати Ғазнавиён рӯз ба рӯз меафзуд. Ҳатто баъзе амирону вазирони ғазнавӣ ба Салҷуқиён ошкору ниҳонӣ ҳусни таваҷҷуҳ доштанд. Аз ҷумла, ҳукмрони Ҳиндустон Сайфуддавла Маҳмуд ҳам. Ин асрор ба падараш султон Иброҳими Ғазнавӣ ошкор шуду вай соли 1086/7 фарзанди ҷигарбандашро ба хиёнаткорӣ муттаҳам дониста, дар як шаб дасту по баста, бо чанде аз муқаррабонаш ба зиндон андохт. Масъуди Саъди Салмон ҳам ба носипосӣ бадном шуда, зиндонӣ гардид.

Баъди даҳ соли рӯзгори бисёр хуши шоҳона зиндагии талху заҳрогини даҳсолаи Масъуди Саъдии Салмон дар зиндони қалъаҳои Сӯ, Даҳак, Ной шурӯъ шуд:

Ҳафт солам бикӯфт Сӯву Даҳак,

Пас аз онам се сол қалъаи Ной.

Аз боиси ноҳақ, бо туҳмат ба зиндон афтоданаш нолаву фиғони Масъуди Саъд ба фалак печида бошад ҳам, ба унвони Султон Иброҳим ва наздикони ӯ даҳҳо мадҳия, қасида, шикоятнома навишта бошад ҳам, касе ба додаш нарасид.

Масъуди Саъд то рӯзи охири зиндонӣ буданаш ба ин амри ноҳаққи рӯзгор тан надод. Қаламаш аз навиштан бознаистод. Мавзӯи марказии ашъори зиндонии ӯ шикоят аз нобасомониҳои замон, ҷавру зулми тӯдаи ҳокимон ба сари оммаи бенаво, лаззату кайфияти озодӣ ба ҳар қимате, ки бошад, маҳрумият аз дидори ёрону пайвандон будааст. Дар ин ҳангом ӯ аслан қасида менавишт, шоҳу амирону дарбориёнро меситуд, то қуфли дилашон кушода шаваду ӯро аз зиндон раҳо кунанд. Вале ку дидаи ҳақбин?

Эҷодиёти зиндонии ӯ дар анвои қасидаву ғазалу рубоию маснавию мустазод ва ғайра ба унвони “Ҳабсиёт” дар адабиёт маълум аст. Дар таърихи адабиёти тоҷик шоирони зиндонӣ чанде буданд ва он ҷо асарҳо эҷод кардаанд. Вале ҳеҷ кадоме чун Масъуди Саъди Салмон ин қадар тӯлонӣ ва такрор ба такрор дар банди зиндон набуд ва ин қадар бисёр шеъри зиндонӣ нагуфт. Умуман, девони мукаммали Масъуди Саъди Салмон 15500 байт дорад, ки бештараш дар зиндон суруда шудааст.

Султон Иброҳими Ғазнавӣ ду сол пеш аз вафоташ (соли 1096) ба хотири дӯсташ Абулқосими Хос, ки марди фозил, шоир ва дӯсти Масъуди Саъд буд, Масъуди Саъди Салмонро аз ҳабс озод кард. Вақте Масъуд ибни Иброҳим (солҳои 1099-1115) ба ҷои падараш ба тахти шоҳӣ нишаст, ӯ писараш Шерзодро ҳокими Ҳиндустон ва марди фозилу сиёсатмадори доно Абӯнасри Порсиро пешкору сипаҳсолори ӯ таъйин кард. Абӯнаср яке аз дӯстони наздики Масъуди Саъди Салмон буд. Кори Масъуди Саъд боз омад кард. Туфайли хайрхоҳии Абӯнаср Масъуди Саъд ҳокими вилояти тозафатҳшудаи Ҳиндустон Ҷоландар таъйин гардид. Дере нагузашта Абӯнасри Порсӣ аз вазифа барканору Масъуди Саъди Салмон бори дуюм ба муддати 9 сол дар қалъаи Маранҷ зиндонӣ шуд. Масъуди Саъд дар қасидаи “Шикоят аз сиёсати Абулфараҷ” мегӯяд:

Мар туро ҳеҷ бок н-омад аз он-к

Нуздаҳ сол будаам бандӣ.

Бояд гуфт, ки беҳтарин солҳои умри азизи шоир, яъне солҳои аз 40 то 60 дар зиндонҳо сипарӣ гардид. Аммо ӯ ноумед нашуд, ҳар чӣ ки як инсон дар ин солҳо барои инсонҳои дигар кори хайре бояд бикунад, кард.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...