Аҳмади Фарғонӣ - Ал-фраганус

Аҳмади Фарғонӣ - Ал-фраганус

Аҳмади Фарғонӣ - Ал-фраганус

Китоби донишманди тоҷик зиёда аз 600 сол китоби асосии астрономони дунё

 

Ҳар гоҳ сухан атрофи китобҳои машҳури тоҷикон, ки дар тамаддуни ҷаҳонӣ калидӣ будаанд, меравад, ҳамагон «Ал-Қонун»-и Ибни Синоро мисол меоранд, ки садҳо сол китоби дарсии тиб дар ҷаҳон буд.

 

Як китоби дигаре низ ҳаст, ки мутаассифона ҷомеаи мо аз он хабар надорад, вале дар тӯли зиёда аз 600 сол китоби рӯимизии астрономони дунё будааст. Ин китоб «Китобу-л-ҳаракати-с-самовия ва ҷавомеъи-н-нуҷум» («Китоби ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ ва маҷмӯи ситораҳо») ном дошта, ба қалами Аҳмади Фарғонӣ (дар Ғарб бо номи Ал-Фраганус машҳур аст) мутааллиқ аст. Аҳмади Фарғонӣ китоби мазкурро дар солҳои 833-857 навиштааст ва нусхаҳои дастхати он дар китобхонаҳои Санкт-Петербург, Москва, Амстердам, Лейден, Қоҳира, Оксфард ва ғайра маҳфуз аст. Ин китоб аз 30 фасл иборат буда, фасли аввали он ба гоҳшуморӣ (хронология) бахшида шудааст. Дар ин фасл дар бораи тақвимҳои шамсиву қамарӣ маълумот дода шудааст. Фаслҳои 2-5-и ин китоб ба усулҳои асосии астрономия бахшида шуда, дар бораи ҳаракати осмон ҳамчун кура, курашаклии Замин ва мавқеи он дар коинот, ҳаракати сайёраҳо дар пасманзари бурҷҳои дувоздаҳгона маълумот дода шудааст. Фаслҳои 6-9 ҷуғрофияро дар бар мегиранд ва дар онҳо доир ба андозаҳои Замин, тақсимоти иқлимҳо ва мавқеи шаҳру минтақаҳои зиёде маълумот дода шудааст. Фаслҳои 10-19 низ ба масоили гуногуни астрономӣ бахшида шудаанд. Фаслҳои 20-22 дар бораи ситораҳо ва масофа то сайёраҳо аст. Дар умум фаслҳои зиёди ин асар бо асари “Алмаҷистӣ”-и Батламиюс мутобиқат мекунад, вале ба таври муъҷаз ва ҷолиб навишта шудани он боиси машҳур ва писандида гардидани ин китоб гаштааст. Осори астрономии Насируддини Тӯсӣ, Қутбиддини Шерозӣ, Қозизодаи Румӣ ва Алии Қӯшчӣ дар пайравии осор ва усули нигориши Фарғонӣ навишта шудаанд. Ин асар ҳанӯз дар асри 12 ба забони лотинӣ тарҷума шуда буд ва то замони ба нашр расидани китоби астрономи олмонӣ Региомонтан китоби асосии астрономони олам ба ҳисоб мерафт. Аз ин китоби Аҳмади Фарғонӣ шахсиятҳое чун Данте Алигйери ва Христофор Колумб истифода кардаанд. Ва зимнан нодуруст дарк кардани китоби Фарғонӣ боиси кашфи қитъаи Амрико аз тарафи Колумб гардид, зеро дар китоби Фарғонӣ андозаҳои Замин бо мили арабӣ омада буданду Колумб онҳоро чун мили румӣ қабул карда буд.

 

 

Ризои Баҳромзод

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...