Фазилати моҳи Шаъбон

Фазилати моҳи Шаъбон

Расули акрам ﷺ ба модарамон ҳазрати Оиша фармуданд: “Маҳбубтарин рӯзаи нафл барои ман рӯзаи моҳи Шаъбон аст. Эй Оиша! Ин моҳ чунон моҳест, рӯйхати нафароне, ки дар дохили сол вафот мекунанд, дар ҳамин моҳ ба Малакулмавт (Азроил) дода мешавад. Ман низ мехоҳам ҳангоми рӯзадориям номам навишта шавад.”

Модарамон Умму Салама чунин фармудаанд: “Расулуллоҳ ﷺ дар ягон моҳ миқдори моҳи Шаъбон рӯза надошта буд.” Расулуллоҳ ﷺ фармуданд: “Раҷаб моҳи Худост, Шаъбон моҳи ман аст ва Рамазон моҳи умматам аст. Шаъбон моҳе мебошад, ки барои гуноҳон каффорат аст, Рамазон моҳе мебошад, ки гуноҳонро пок мекунад.” Шаъбон моҳе мебошад, дар он дарҳои хайр боз мегарданд, баракат нозил мешавад, хатоҳо тарк карда мешавад, гуноҳон бахшида мешавад ва ба Расулуллоҳ ﷺ бисёр салавот фиристода мешавад. Муъминонро мебояд, ки дар ин моҳ аз ғафлат бедор шуда аз гуноҳони кардаашон тавба карда, худро пок кунанд ва ба ин тариқ ба Рамазони шариф омода гарданд.

Ҳар яки моро мебояд, ки дар ин моҳ ба Худо бисёр илтҷо кунем ва Расулуллоҳ e-ро васила карда ба раҳмати Худованд наздик шавем. Баъд мекунам гуфта таъхир набояд кард. Зеро дунё аз се рӯз иборат мебошад: Яке дирӯз, ки гузашт; ғанимат бояд шумурд. Дигар имрӯз, рӯзи амал кардан аст; имрӯзро низ ғанимат бояд шумурд. Дигар фардо, ки рӯзи умед аст. Намедонӣ, ки фардо ҳастӣ ё на. Моҳҳо низ чунин аст. Раҷаби шариф гузашт ва барнамегардад. Рамазони шариф дар пеш аст.Фақат намедонем, ки мо ба ӯ мерасем ё на. Шаъбони шариф бошад, воситаест миёни ду моҳ. Дар ин моҳ бо ибодат машғул буданро ғанимат бояд шумурд. Шаъбони шариф моҳи Расулуллоҳ ﷺ мебошад. Бинобар ин дар ин моҳ салавоти шарифаро бисёр хондан лозим аст. Ба қадри тавон истиғфор карда, ихлоси шариф низ бояд хонд. Намози Таҳаҷҷуд ва намози Тасбеҳ хонда лозим меояд.

МУҲАММАД ФАРУҚ АЗИМОВ

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...