САВОЛУ ҶАВОБ

САВОЛУ ҶАВОБ

САВОЛУ ҶАВОБ

Аввалин зане, ки баъд аз Омина Паёмбар ﷺ -ро шир дод ки буд?

Аввалин зане, ки баъд аз Омина Паёмбар r-ро шир дод Сувайба канизи озодшудаи Абӯлаҳаб буд, ки ҳамзамон бо Паёмбар ﷺ фарзандашро ба номи Масруҳ шир медод. Баъд аз Сувайба касе, ки сарпарастии Паёмбар r-ро бар ӯҳда гирифт, Ҳалима духтари Абӯзуайб буд. Дар он замон расму одати араб бар ин буд, ки фарзандонашро ба хотири ин ки қавӣ ва неруманд гарданд, аз ҳавои озоду соф истифода намоянд ва зеҳнашон барои ёдгирии матолиб омода гардад, ҳамчунин ба ин хотир, ки забони фасеҳи арабиро ёд бигиранд, ба доя месупориданд. Занони бодиянишин низ ба хотири дарёфти музд ба шаҳр меомаданд, то сарпарастии кӯдакеро бар ӯҳда гиранд ва аз ин роҳ махориҷи зиндагиашонро таъмин карда тавонанд. “Нурул Яқин”.

Манзур аз қабул доштани Паёмбар чист?

Манзур ин аст, ки он Ҳазратро банда ва расули Худо ва баъд аз Худо аз тамоми махлуқот болотар ва афзал донист ва аз дастурҳо ва аҳкоми Ӯ пайравӣ ва иттибоъ намуда, бо эшон муҳаббати комил дошт.

Дар кадом ҳолат агар дар дохили нақлиёт бошӣ намозгузорӣ иҷоза дорад?

Намозҳои зарурӣ дохили нақлиёт дар чунин ҳолат гузошта мешавад: агар одам ҳис кунад, ки аз мошин берун барояд, ӯро ғорат, ё мошинашро ба яғмо мебаранд, ҳамчунин аз ҷонварони даранда паноҳ ҷустан, ё ҷойи истода чунон ифлос аст, ки ҷойи намозгузорӣ нест. “Мароқ ул-Фалоҳ”.

Паёмбар ﷺ дар кадом синн хонадор шуданд ?

Паёмбар ﷺ дар синни бисту панҷсолагӣ ба ҳазрати Хадиҷа хонадор шуд. ( Нурул Яқин)

Ҳазрати Муҳаммад ﷺ дар куҷо зиндагӣ мекардааст?

Панҷоҳу се сол дар Макка буданд, пас аз он ба дастури Худованд ба Мадина рафта ва даҳ соли тамом дар онҷо зиндагӣ карданд ва дар синни шасту сесолагӣ вафот намуданд. “Нурул Яқин”

Иҷозат ҳаст, барои занҳое, ки гулдоманӣ (ҳайз) доранд китоби “Қуръон”-ро ба даст гиранд?

Барои занҳое, ки гулдоманӣ (ҳайз) доранд, ё баъди зойидани фарзанд, хондан ва ба даст гирифтани оёте, ки дар Китоб, дар санг, қоғаз, девор, ё рӯйи тангаи пул навишта шуда бошад, манъ аст. “Мароқ ил-Фалоҳ”.

Вақти ба масҷид барои намози ҷумъа омаданам, имом аллакай қисме аз хутбаро хонда буд. Дар чунин ҳолат чӣ тавр рафтор кард? Намози таҳияро хонам ё хутбаро гӯш кард?

Ҳатман болои ҷойнамоз нишаста, хутбаро гӯш кунед. Гузоштани намози таҳия зарур нест. Дар китоби “Нур ул-Изоҳ” оварда шудааст, ки: “Замоне ки имом ба хондани хутба сар мекунанд, гап задану ягон хел намозгузорӣ мумкин нест.

Гузоштани васиятнома шартист, ё ҳатмӣ?

Гузоштани васиятнома ҳатмӣ набуда, бо хоҳиши ҳар кас навишта мешавад. Донишманд Ибни Салоҳ гуфтааст, ки: “Одами аз олам гузашта васиятнома нагузошт бошад, дар он олам саволу ҷавоб карда наметавонад. Ба ғайр аз ин баъди фавт мурдагон бо амри Худо аз якдигар хабар мегиранд. Касе васиятнома намонда бошад, ӯро хабар нахоҳанд гирифт”. “Лубоб”

Барои хондани китоби тафсири Қуръон таҳорат доштан лозим аст?

Бе таҳорат ба даст гирифтани Китоб манъ аст. Ба даст нагирифта хондан мумкин бошад ҳам, лекин аз одоби инсонӣ дур нашуда, таҳорат бояд кард. “Мароқ ул-Фалоҳ”.

Оё мақоми Паёмбари r мо аз дигар паёмбарон болотар аст?

Оре, мақоми Паёмбари ﷺ мо аз тамоми паёмбарон болотар аст ва Паёмбари мо аз тамоми махлуқот афзал аст.

Касе, ки Паёмбарро қабул надошта бошад, чӣ ҳукме дорад?

Чунин касе кофир аст.

Агар одамро кӯрпашша, кайк, ё шулук газад, таҳораташ шикаста мегардад?

Имом Оллоҳуддин Алии Хаскофӣ дар китоби “Аддур ул-Мухтор” навиштааст, ки: “Таҳоратро шулук шикста мекунад, ки хуни касеро макида баданашро пур мекунад. Ба монанди ин, таҳоратро кайки бузург мешиканад. Одам аз сӯзок, ҷойи газидаро сахт хорида, аз бадан каме хун равон мегардад. Агар шулук ва кайк хурд бошанд, газидани онҳо таҳоратро намешикананд. Монанди ин, ки аз ҷойи газидаи кӯрпашша ва пашша хун равон намегардад, таҳорат низ шикаста намешавад”. Имом ибни Обид гуфтаи Хаскофиро дигар хел шарҳ дода, мегӯяд, ки: “Маълум мешавад, ки аз хуни одам пур шудани бадани шулук дар назар аст, на аз бадан чӣ миқдор хун равон гаштан”. “Ҳошия ибни Обиддин”

Далели ин ки Ҳазрати Муҳаммад ﷺ Паёмбар ва фиристодаи Худост, чист?

Тавассути он Ҳазрат чунон корҳо ва умур шоистае анҷом гирифтааст, ки ба ҷуз Паёмбарr аз дигар касе имкони анҷом ва вуқуъи онҳо вуҷуд надорад.

Калимаи «Шаҳодат» кадом аст?

«Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу». Тарҷума: «Гувоҳӣ медиҳам, ки ба ҷуз Аллоҳ каси дигаре шоистаи ибодат нества гувоҳӣ медиҳам, ки Ҳазрати Муҳаммад бандаи Худо ва расули Ӯст».

Аз тамоми паёмбарон чӣ касе афзал аст?

Аз тамоми паёмбарон Паёмбари мо Ҳазрати Муҳаммад ﷺ афзал аст, бандаи Худо ва фармонбурдори Ӯст ва пас аз Худованд мақому мартабааш аз тамоми махлуқот болотар ва гиромитар аст.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...