Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Дар бораи фазилати даҳаи моҳи мубораки Зулҳиҷҷа нависед?

Даҳ рӯзи оғози ин моҳи муборак беҳтарин рӯзҳои сол ба шумор мераванд. Амали солеҳ дар ин даҳа дорои фазилати бешуморест. Рӯза доштан, Қуръон хондан, зикр кардан, садақа додан дар ин рўзҳо дорои аҷру подоши беандоза зиёд аст. Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло фазлу баракати худро дар даҳаи моҳи Зилҳиҷҷа қарор додааст. Ин рӯзҳо аз беҳтарин рӯзҳои тамоми сол мебошанд.

Дар фазилат ва бузургии ин даҳаи муборак далелҳои бисёре аз Қуръону суннат ворид шудааст:

Аллоҳ – субҳонаҳу ва таъоло – мефармояд: «қасам ба сапедадам ва қасам ба шабҳои даҳгона». (сураи «Фаҷр», ояти 1-2).

 Ибни Касир дар тафсири худ мегўяд: «Манзур аз ин даҳ шаб даҳаи Зулҳиҷҷа аст, ҳамон тавре ки Ибни Аббос, Ибни Зубайр, Муҷоҳид ва дигарон гуфтаанд. (Ривояти Бухорӣ).

Аз Ибни Умар ривоят аст, ки Расули Худо ﷺ фармуданд: «Ҳеҷ айёме нест, ки амали солеҳ дар он маҳбубтар аз ин айёми даҳгона бошад, пас дар ин рўзҳо таҳлил (Ло илоҳа иллаллоҳ), такбир (Аллоҳу Акбар) ва таҳмид (Алҳамду лиллоҳ) бисёр бигўед». (Ривояти Аҳмад).

Имсол оғози моҳи мубораки Зилҳиҷҷа мутобиқи тақвими ҳиҷрӣ-қамарӣ тибқи ҳисобҳои пешакӣ ба рўзи 29-уми май рост меояд. Рӯзи 6-уми июн рӯзи Арафа буда, иди Қурбон рӯзи шанбе 7-уми июн аст.

Яке аз аъмоли шоиста дар ин даҳа рўза доштан аст. Шахсоне, ки тавоноӣ дошта бошанд, ҳамаи ин нуҳ рӯз рӯза бигиранд. Агар наметавонанд, пас рўзҳои душанбе ва панҷшанбе рӯза бигиранд. Агар он ҳам имкон надошта бошад, рӯзҳои 7-ум, 8-ум ва 9-уми ин моҳ рӯза бидоранд. Агар ин ҳам барояшон муяссар нашуд, пас рӯзи Арафа, ки мутобиқ ба рӯзи 6-уми июн аст, рӯза бигиранд.

Расули акрам ﷺ фармудаанд: «Савоби рӯзаи рӯзи Арафаро ин гуна мепиндорам, ки каффорати (аз байнбарандаи) гуноҳони соли қабл ва соли баъд бошад». (Муслим)

 

 

 

Баъзе одамон ногаҳон мемиранд (масалан дар об ғарқ мешаванд, аз баландӣ меафтанд ё ба садама дучор мешаванд), дар ин ҳолат онҳо Азроилро чӣ тавр мебинанд? Азроил ҷони онҳоро дар ин ҳолат чӣ тавр мегирад?

Ҳар инсоне дар ҳамон вақте ки барои марги ў муқаррар шудааст, мефавтад ва рўҳи ўро Малакулмавт, яъне ҳазрати Азроил қабз мекунад. Фариштагони марг, ки дар ихтиёри Азроил ҳастанд, ўро дар қабзи рўҳ кўмак мекунанд. Ҳеҷ чизе аз илму огоҳии Худованд дур нест. («Фикхи Акбар»)

 

 

 

Тарзи хондани намози иди Қурбон чи гуна аст?

Тарзи хондани намози Иди Қурбон чунин аст:

 

Нияти иди Курбон

Ният кардам, бигузорам, ду ракаат намози иди Қурбон, ба ҷумлаи такбироташ, ки воҷиби ҳамин вақт аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисаллиллоҳи таоло Аллоҳу акбар.

 

Ракаъати аввал

Сано (Субҳонакаллоҳума) хонда, ҳамроҳ бо эмом, се маротиба дастҳоро ба зери нармии гуш бардошта, Аллоҳу акбар гуфта, баъдан эмом сураи Фотиҳа ва замми сура мекунад ва ба саҷда меравед. Рукуъ ва саҷда мисли дигар намозҳои дуракаъата иҷро карда мешавад.

 

Ракаъати дуюм

Пас аз саҷда бархеста эмом сураи Фотиҳа ва замми сура мекунад. Пеш аз оне ки ба саҷда меравед ҳамроҳ бо эмом се маротиба дастҳоро ба зери нармии гуш бардошта, Аллоҳу акбар мегӯед. Чорум маротиба Аллоҳу Акбар гуфта ба рукуъ меравед ва рукуъ ва саҷда мекунед.

Дар нишаст мисли дигар намозҳо Аттаҳиёт ва салавотҳоро хонда, Аллоҳумағфирлиро мехонед ва ба ду тараф салом медиҳед ва дуо мекунед. («Мароки Фалох»)

 

 

 

Дар ҳавлӣ шинондани дарахти арча дуруст аст ё на? Чунки баъзеҳо онро нодуруст мегўянд. Чӣ маслиҳат медиҳед?

Ниҳолшинонӣ кори хайр ва босавоб аст, фарқ намекунад, ки кадом навъи дарахт аст. Муҳим он аст, ки пас аз шинондан онро парвариш ва нигоҳубин бояд кард.

 

 

 

Дар интернет навори ду дарёеро, ки бо ҳам омехта намешаванд, тамошо кардам. Оё ҳамин дарё дар ҳақиқат вуҷуд дорад ва дар куҷо воқеъ аст?

Дар оятҳои 19-21-уми сураи «Раҳмон» ва ояти 53-уми сураи «Фурқон» Худованд аз ин эъҷози илмӣ хабар додааст, вале донишмандон дар таъйини он ихтилофи назар доранд. Бархе онро дар байни Баҳри Сурх ва Уқёнуси Ҳинд мегўянд, бархе дигар дар миёни Баҳри Сиёҳ ва Баҳри Миёназамин. Назари аллома Ибни Ошур ин аст, ки ин ду дарё дарёи Фурот ва Баҳри Аҷам аст, ки имрўз бо номи Халиҷи Форс машҳур аст. Ба ҳар сурат вуҷуди ин муъҷизаро Қуръон хабар додааст ва ҳеҷ ҷои шакку тардид надорад.

 

 

 

Оё ягон нишонаи қиёмат омадааст?

Алҳол нишонаҳои хурди қиёмат зоҳир ва ҳувайдо шудаанд, мисли мусобиқа дар сохтмони хонаҳои баландошёна, аз байн рафтани эҳтироми калонсолон ва пайванди хешовандӣ, ошкор шудани фисқу фасод ва амсоли он.

 

 

 

Оё дар ҷаннат шаб ҳаст ё на?

Шабу рўз ба тулуъ ва ғуруби офтоб вобаста аст, аммо дар ҷаннат ин падида вуҷуд надорад. Худованд дар бораи аҳли ҷаннат мефармояд: «Он ҷо бар тахтҳо такя зада бошанд, он ҷо (гармии) офтоб ва сармои тундро набинанд». (Сураи “Инсон”, ояти 13) Муфассирон дар зимни тафсири ин оят фармудаанд, ки ҳавои ҷаннат муътадил буда, аҳли он ба офтобу моҳ ниёзе надоранд, зеро ҷаннат аз нури арш равшан аст.

 

 

 

 Оё истифода бурдани навъҳои гуногуни атр ва дезодарант дар вақти ба масҷид рафтан ва намоз гузоридан, умуман дар зиндагӣ мумкин аст? Тавре ки медонам, ҳамаи атрҳо ва дезодарандҳо дар таркибашон спирт доранд. Аммо ман дар ин ҳавои гарм бе истифодаи дезодарант наметавонам, чунки бисёр арақ мекунам. Агар ҷоиз набошад, барои пок шудан аз он таҳорат ё ғусл кунам ва ё ин ки фақат дасту рўямро шўям, кофист?

Истеъмоли хушбўиҳо ҷоиз аст, спирте, ки дар таркиби он вуҷуд дорад, боке надорад.

2026-05-01 (Зулқаъдаи соли 1447) №5.


Фарқиятҳои инфаркт дар занон ва мардон

Нишонаҳои инфаркт дар мардон ва занон ба ҳамдигар хеле монанд буда, беморӣ асосан бо пайдоиши дард дар қафаси сина аз худ дарак медиҳад, вале баъзе хусусиятҳои фарқкунанда низ дорад.   Тавре ки таҷрибаҳои чандинсолаи табибон нишон медиҳанд, инфаркт дар мардон аллакай дар синни 45-солагӣ...


1,8 миллиард доллар гардиши тиҷорати Тоҷикистон дар 2 моҳ

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли 2026 тамоюли мусбати рушд нишон додааст. Тибқи гузориши Бонки АвруОсиёии Рушд, гардиши тиҷорати хориҷии кишвар дар моҳҳои январ – феврал ба 1,8 миллиард доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,3 фоиз зиёд мебошад. Ба иттилои...


Хатсайри Душанбе-Москва дубора фаъол мешавад?

Масъалаи барқарор кардани ҳаракати қатораи мусофирбари мустақим дар масири Душанбе - Маскав миёни намояндагони вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин мавзӯъ дар мулоқоти муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода бо муовини вазири нақлиёти Федератсияи...


Мулоқоти Далер Ҷумъа бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон

Дар шаҳри Қазон мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов доир шуд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, мулоқот дар ҳошияи Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон –...


Табрикоти Иди Қурбон

Ассалому алайкум, хонандагони азиз!   Бо фарорасии Иди саиди Қурбон — иди қурбонӣ, эҳсон ва наздикӣ ба Парвардигори оламон — шуморо самимона табрик мегӯям. Иди Қурбон ёдовари он рӯзест, ки Иброҳими халилуллоҳ омода буд гаронтарин дороии худ — писари худ Исмоилро — дар роҳи Худо қурбон кунад. Ва...