Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Шаби Қадр чи фазилат дорад?

Дар моҳи Рамазон шабе ҳаст бо номи шаби Қадр, ки дар назди Худованд аз ҳазор моҳ беҳтар ва боарзиштар аст. Шабе, ки дар миёни осмону замин ва башарият бо олами улвӣ ва фариштагон робитаи бевоситае барқарор гардид ва дар он нузули Қуръон бар дили поки охирин паёмбари Худо Ҳазрати Муҳаммад ﷺ оғоз гардид. Шабе, ки ҷаҳони ҳастӣ бо шодмонии нотакроре онро пешвоз гирифт ва ҳодисаеро бо он азамат ва шукӯҳ ҳаргиз надида буд.

Донистани қадру азамати он шаб барои хелеҳо муяссар намегардад. Дар он шаб фариштагони Худованд ва Ҳазрати Ҷабраил барои ҳар коре бо амри Парвардигорашон фуруд меоянд ва то дамидани субҳ дар он шаб нуру баракат ва салому осоиш ҳукмфармост.

Шаби Қадр, Лайлатулқадр — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, (имсол шаби Қадр ба шаби 16-ум ба 17-уми феврал рост меояд) ки беҳтарин шаб барои ибодат мебошад ва он шаб дуову ибодат зуд иҷобат меёбад.

Дар ин шаб Қуръони карим бар Ҳазрати Пайғамбар ﷺ нозил шудааст. Шаби Қадр дар яке аз шабҳои тоқи даҳ рӯзи охири моҳи Рамазон мебошад. Дар Қуръон баён гардидааст, ки он шаб аз ҳазор моҳ беҳтар мебошад. Худованд мефармояд:

«Мо ин (Қуръон)-ро дар шаби Қадр нозил фармудем ва ту чӣ донӣ, ки шаби Қадр чист? Шаби Қадр, бешак, аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Фариштагон ва Рӯҳ (Ҷабраил) дар он шаб барои ҳар коре ба амри Парвардигорашон фуруд меоянд (ва) он (шаб) то дамидани субҳ салому осоиш аст».

Шаби Қадр Паёмбар ﷺ мефармоянд: «Дар ин моҳ шаби Қадр аст, ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Касе, ки аз хайру (баракоти) он шаб маҳрум гардад, маҳруми ҳақиқӣ ҳамон кас аст». (Мусаннафи Ибни Абўшайба).

Шаби Қадр дар шабҳои тоқи даҳ рўзи охири моҳи Рамазон мебошад. Вале баъзе донишмандон дар шаби бисту ҳафтуми Рамазон будани шаби Қадр ба яқин наздиктар гуфтаанд.

Нишонаҳои шаби Қадр: 1. Он шаб аз дигар шабҳо нуронӣ мешавад. 2. Қалби муъминонро ҳамон шаб оромӣ фаро мегирад. Дар он шаб қалби муъмин ором ва кушод мешавад. 3. Дар он шаб ҳаво ором мешавад. Дар он шаб шамол ором мешаваду, шамоли сахт намевазад. 4. Гоҳо шахсони солеҳ шаби Қадр кадом шаб буданашро дар хоб мебинанд. Чунонки баъзе саҳобагон дар хоб диданд. 5. Инсон дар он шаб аз намоз ҳаловату лаззат мебарад, ки дар дигар шабҳо он гуна лаззату ҳаловатро ёфта наметавонад. 6. Субҳи он шаб офтоб бе шуоъ мебарояд. Убай ибни Каъб разияллоҳу анњу гуфт: Расули Худо саллаллоху алайҳи ва саллам нишонаи шаби Қадрро ба мо хабар дода, фармуданд: «Субҳи он шаб офтоб бе шуоъ мебарояд». (Муслим). Ин буд, баъзе нишонаҳои шаби Қадр. Аз Худованд пурсонем, ки ибодатҳоямонро қабул карда бошад ва моро боз ба шабҳои Қадри оянда бирасонад.

Ҳазрати Оиша мефармояд, ки аз Расули Худо ﷺ пурсидам: «Эй Расули Худо ﷺ, агар он шабро дарёфтам, чӣ бигӯям? Фармуд: Бигӯ: Худовандо! Ту бахшандаӣ ва афву бахшишро ҳатман дӯст медорӣ, пас маро мавриди афву бахшиши Худ қарор деҳ». («Хошияту Тахтови»)

 

 

 

Санаи дақиқи Иди Рамазон барои соли 2026? Тарзи хондани намози Иди Рамазон ва нияти Иди Рамазон?

Иди Фитр идест, ки ба охири моҳи шарифи Рамазон рост меояд. Дар рӯзи иди Рамазон намози ид хонда мешавад. Хондани намози иди Рамазон воҷиб мебошад. Ин намози ҷамъиятии асосан мардона буда дар масҷид субҳидам пас аз ба итмом расидани моҳи шарифи Рамазон – яъне дар субҳи якуми моҳи Шаввол хонда мешавад. Имсол (2026) намози иди Рамазон рӯзи 20-уми март хонда мешавад.

Тарзи хондани намози Иди Рамазон чунин аст:

Нияти намози иди Рамазон

Ният кардам, бигузорам, ду ракаат намози иди Рамазон, ба ҷумлаи такбироташ, ки воҷиби ҳамин вақт аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисаллиллоҳи таоло Аллоҳу акбар.

Ракаъати аввал

Сано (Субҳонакаллоҳума) хонда, се маротиба дастҳоро ба зери нармии гуш бардошта, Аллоҳу акбар гуфта, баъдан имом сураи Фотиҳа ва замми сура карда якҷоя ба саҷда меравед. Рукуъ ва саҷда мисли дигар намозҳои дуракаъата иҷро карда мешавад.

Ракаъати дуюм

Пас аз саҷда бархеста имом сураи Фотиҳа ва замми сура мекунад. Пеш аз оне ки якҷоя ба саҷда меравед се маротиба дастҳоро ба зери нармии гуш бардошта, Аллоҳу акбар мегӯед. Чорум маротиба Аллоҳу Акбар гуфта якҷоя ба рукуъ меравед ва рукуъ ва саҷда мекунед.

Дар нишаст мисли дигар намозҳо Аттаҳиёт ва салавотҳоро хонда, Аллоҳумағфирлиро мехонед ва ба ду тараф салом медиҳед ва дуо мекунед.

Баъди адои намоз мардҳо аввал ба хонаҳое, мераванд, ки наздиконашон ҳамон сол фавтида бошад. Дар он ҷо рафта дуову фотиҳа карда, аз Қуръони карим оятҳо қироат мекунанд. Сипас ба аёдати беморон ва пиронсолони маҳалла, ба хонаҳои наздикон ва хешу ақрабо рафта, онҳоро бо ид табрик мегӯянд ва ба арвоҳи гузаштагон ояту дуоҳо мехонанд. («Мароки Фалах»)

 

 

 

Оё шахси қарздор садақаи фитр дода метавонад?

Дар зиммаи одами қарздор садақаи фитр воҷиб нест, зеро аз қарз халос шудан фарз аст. («Любоб»)

 

 

 

Моли ман ба нисоб нарасидааст ва ниёзманд ҳам нестам, агар касе бароям закот диҳад, гирифтани он гуноҳ аст?

Агар моли шумо ба нисоб нарасида бошад, закот гирифта метавонед. («Ихтиёр»)

 

 

 

Оё закот дар охири сол адо карда мешавад ё дар ҳамон рўзе, ки пули закот ба нисоб бирасад?

Вақте ки мол ба андозаи нисоб расид ва як сол аз он гузашт, адои закот воҷиб мегардад. («Любоб»)

 

 

 

Рўзаи шаш рўзи моҳи Шаввол пай дар пай дошта мешавад ё ҷудо-ҷудо?

Дар тариқи адои ин рўза ҳар кас ихтиёр дорад, метавонад онро пай дар пай ба ҷо оварад ё ки ҷудо-ҷудо, инчунин метавонад дар ҳар даҳаи ин моҳ ду рўз рўза дорад. («Мароки Фалах»)

 

 

 

Зане, ки кўдаки думоҳа дорад ва ё зане, ки бемор аст, рўза медорад?

Барои зане, ки кўдаки ширхора дорад ва афроде, ки беморанд, хўрдани рўза раво аст, минбаъд дар замони муносиб қазои рўза ба ҷо меоранд. («Любоб»)

 

 

 

Намози ҷумъа чанд ракъат аст ва чигуна хонда мешавад?

Намози ҷумъа яке аз намозҳои фариза аст, ки дар рўзи ҷумъа ба ҷои намози пешин баргузор карда мешавад. Намози ҷумъа ба ҳар касе, ки дорои шароити зерин бошад, фарзи айн аст: Болиғ, мард, озод, тандуруст, бино ва муқими шаҳр будан. Бинобар ин, намози ҷумъа барои ноболиғ, зан, ғулом, мариз, нобино ва мусофир фарз нест. Бо вуҷуди ин, агар афроди мазкур ҳозир шаванд ва якҷо бо мардум намози ҷумъаро адо намояд, ин намозашон ба ҷойи фарзи пешин ҷойгузин хоҳад шуд. Рўзи ҷумъа ду бор азон гуфта мешавад. Бо азони аввал мардум харидуфурўш ва дигар корҳои дунявии хешро раҳо сохта ва ба сўйи масҷид мешитобанд. Қабл аз хутба чаҳор ракъат суннат гузорида мешавад. Сипас имом болои минбар баромада, рў ба ҷамоат қарор мегирад ва азони дувум гуфта мешавад. Баъд аз он имом ду хутба мехонад ва дар миёни он андаке менишинанд. Ҳар гоҳ хутбаи дувумро ба поён расонд, ду ракъат намози ҷумъаро бо мардум адо мекунад. Пас аз адои фарзи ҷумъа чаҳор ракъат суннати дигар гузорида мешавад. Дар охир имом бо мардум якҷоя дуо мекунанд. («Хошияту Тахтови»)

 

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Хушуъ дар намоз

Намоз робитаи Худованд бо бандагон аст. Қуръони карим ба се чизи бисёр муҳим ва қобили тааммул дар намоз, яъне хушӯъ, пойбандӣ ва давомнокӣ ишора фармудааст: «Мӯъминон растагор шуданд, онҳое, ки дар намозашон хушӯъ доранд» (сураи «Мӯъминун» оятҳои1-2).   «Ва...


Раҳимов муаллифи голи 1100-уми “Истиқлол” дар Лигаи олӣ шуд

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол”-и Душанбе Муҳаммадҷон Раҳимов номи худро дар таърихи бошгоҳ бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, голе, ки Раҳимов дар дақиқаи аввали вақти иловагии қисми якуми бозӣ муқобили дастаи “Истаравшан” ба...


Ғазалиёти Саъдӣ Шерозӣ (Саъдӣ – паёмбари ғазал)

Мусаллам аст, ки то Саъдӣ, яъне то асри XIII жанри ғазал дар адабиёти мо буд. Ин анъанотро Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ давом дод ва боз бо навовариҳои худ ғазалро болу пари тоза бахшид ва шуҳрати онро ба арш расонд. Ба ҳамин хотир, ҳанӯз дар асри XV азамати Саъдиро дар ин ҷода бузургон эътироф карда,...


Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт...

Ҳамасола 30-юми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии дӯстӣ таҷлил карда мешавад.   Рӯзи байналмилалии дӯстӣ соли 2011 бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман эълон гардид. Ҳадафи асосии ин рӯз таҳкими сулҳу субот, мубориза бар зидди хушунат, густариши ҳамдигарфаҳмӣ ва тарғиби...


Душанбе мизбони мусобиқаи Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026 мешавад

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) идомаи тавсеаи тақвими мусобиқаҳои худро эълон намуда, аз таъсиси силсилаи нави мусобиқаҳои Grand Prix байни ҷавонон (Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026) хабар дод.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, нахустин мусобиқа дар таърихи ин...