САВОЛУ ҶАВОБ

САВОЛУ ҶАВОБ

Пурсиши дигар, чунин аст, ки оё наҷас (наҷосат)- ро барои табобат истифода кардан мумкин аст?

Тибқи мазҳаби ҳанафӣ, табобат дар баъзе ҳолат иҷозат дода мешавад. Агар маълум шавад, ки шифокорӣ дар анаҳамин чизи наҷосат ҳаст, монанд ва ҳамтои дигари ҳалол вуҷуд надорад. Дар ҳолати пайдо шудани шубҳа, истифода, ё табобат кардан мумкин нест. («Фиқҳулислом ваадиллатуҳ»)

Замони қабул кардани дини мубин зарур аст, ки номи худро ба исмҳои арабӣ иваз кард, ё не? Шарти тағйир додани номгузорӣ чӣ гунаанд? Оё гузоштани номи ғайриисломӣ гуноҳ аст?

Агар маънои номи буда, дар фаҳмиши ислом зиддият, ё таҳқире надошта бошад, тағйир додани он шарт ҳам нест ва дар ин гуноҳе дида намешавад. Аз падару модарон, наздикон хоҳиш карда мешавад, ки бачаҳоро ба шарофати яке аз паёмбарон, саҳобагон, олимон ва шахсони солеҳи шоиста номгузорӣ кунанд, ки дар оянда аз фаҳмиши маънои он шарафманд гардида, фахр кунанд. Аз номгузориҳои Сангу Қурумб, Тешаву Табар, Девонаву Гургбарин вожа (калима)-ҳо даст кашед. Ном (исм)-и одам, шиноснома (пас(ш)порт)-и ӯст, ки дар ҳамон шакли гузошта, то охири умр боқӣ хоҳад монд. Ба кӯдакон номҳои зебо гузоред.

Аз Абу ад-Дарда ривоят аст, ки Расули Худо гуфт: «Дар рӯзи қиёмат Шуморо бо номҳои худ даъват мекунанд, пас ба кӯдакон номҳои зебо гузоред» (Абудовуд, Ибни Ҳиббон). Ҳангоми гузоштани ном ба кӯдаки навзод ба бузургон тавсия дода мешавад, ки азонро ба гӯши рост ва иқоматро ба гӯши чапаш хонед. Ибни Аббос мегӯяд: «Паёмбар e дар рӯзе, ки набераи Ҳасан, писари Алӣ таваллуд шудааст, азонроба гӯши рост ва ба гӯши чапаш иқоматро қироъат кардааст» (Байҳақӣ). Дар иваз кардани номи кӯдаки навзод ягон тартиб, ё шарте вуҷуд надорад. Онҳо боин номи нав зиндагӣ хоҳанд кард. Номҳои фарҳанги боке надорад.

Оё гузаронидан (трансплантатсия)-и узвҳо, ба монанди дил, ҷигар, шуш ва ғайра, иҷозат дода мешавад? Оё фурӯхтани онҳо иҷозат аст?

Дар ҳолати аз 1 бадан гирифта ба тани дигар пайвандсозии узвҳо, дар китобҳо гуфта мешавад, ки чунин пайвандсозӣ дар сурате иҷозат дода мешавад, ки табиби мусулмон аз рӯйи адолат боварии қатъӣ пайдо кунад, ки шахси узваш гирифта шуда, аллакай фавтидааст. Танҳо пас аз чунин амал иҷозат дода мешавад, ки узверо гирифта ба шахси зинда пайвасткорӣ (трансплантатсия) кунанд, зеро дар ин ҳолат барои шахси маризро аз мурдан наҷот додан,бартарӣ дида мешавад.

Дар асл фурӯши узвҳо аз рӯйи шариат (қонун) манъ аст. Фурӯши хун низ иҷозат дода намешавад. Ҳамчун хундиҳанда (донор), мо ҳақ надорем барои он пул бигирем. Танҳо дар шакли садақа метавонем ба одами зарурманд диҳем. Агар шахс розӣ бошад, ки узвҳои падари худро, ки ҳангоми садама фавтидааст, ба дигаре диҳад (дар ҳолате, ки падар ин корро бо ӯ дар давоми ҳаёташ манъ накардааст), пас хешовандони касе, ки узвдода мешавад, метавонанд барои ин амалаш ба ин фарзанд тӯҳфае кунанд. Фарзанд барои ин амал маблағ ситонида наметавонед. («Фиқҳ ул-ислом ва адиллатуҳ»)

Забони арабиро мустақилона омӯхта истодаам, ки Қуръонро аз рӯйи нусхаи асл хонда тавонам. Каме хонданро ҳам ёд гирифтаам. Дар нашрияе хондам, ки агар навишта (матн)-и Қуръонро бидуни риояи қоида, оҳиста ва бо иштибоҳ бихонед, гуноҳ аст. Дар дигар нашрияе менависанд, ки хониши Қуръон бо хато мумкин аст. Навомӯз, ки забони арабиро хуб намедонад, гуноҳ содир мекунад? Хондани оятҳои Қуръонро давом доданиман дуруст, ё гуноҳ?

Ҳангоми хондани Қуръон танҳо ба онҳое иҷозат дода мешавад, ки хондани онро меомӯзанд ва тасодуфан мекунанд. Гуноҳ барои онҳое хоҳад буд, ки дуруст хонданро омӯхтаанд, аммо аз сабаби хунук назарӣ ва беэътиноӣ ба хато роҳ медиҳанд. Боядқайд кард, ки шумо набояд Қуръонро мустақилона омӯзед, бе муаллиме, ки метавонад башумо талаффузи дурусти ҳарфҳои арабиро омӯзад ва хатои шуморо ислоҳ кунад. Дар аксиҳол, шумо ҳеҷ гоҳ дуруст хондани Қуръони Каримро ёд нахоҳед гирифт.

Хоҳарзодаамро дӯст медорам, чӣкор кунам?

Духтари хоҳар, ё бародар аз хешони наздиканд ва ба занӣ гирифтани онҳо тамоман манъ аст. Чунин андеша ба ғайр аз фиребкории аҳриман (шайтон)-ӣ чизи дигаре нест. Аз ин рӯ, ба Шумо лозим аст, ки дар назди Худои таъоло барои ин кор самимона тавба кунед. Аз фикри ин духтар даст кашида, кӯшиш кунед, ки бо ӯ дидор накунед ва беҳтар он аст, ки танҳо монед. («Ихтиёр»).

Мумкин аст, ки мусалмон адабиёте аз қабили илм, фарҳанг, ҳайвонот, мошин, ахбор, варзиши ғайри исломиро хонад, ё не?

Метавонад. Ҳама гуна китобе, ки аз гузаштагон ёдгор монда аст, созовори 1 маротиба хонишанд. Аз ин навиштаҳои ниёгон некро аз бадӣ, ростро аз дуруғ, фиребу найрангу ғайраву ҳоказоҳо ҷудо карда, тарафҳои неки онро аз худ бояд кард. Талоши пайдо кардани дониш (илм) хусусияти ҷудонашавандаи имондорони ҳақиқӣ мебошад, зеро ҳар гуна рафтору гуфтору кирдори нек, аз дониш, донойӣ вобастагӣ дорад ва ҳарҷунбиш(феъл)-и бадӣ (ҷаҳл) дар набудани дониш аст. Дар хотир бояд дошт, ки замон, вақт қиматтарин туҳфааз Офаридгор барои мост. Вақти хешро барои шукуфойии худ ва дар беҳкорииҷомеаи ҷаҳон сарф кард.

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Маърифати молиявӣ. 5 роҳи сарфа кардани пул

Ҳамарӯза мо барои хариди маҳсулоти рӯзгор вориди мағоза ё бозор мешавем. Оё медонед, ки харид кардан ҳам қоидаҳои худро дорад? Пас, 5 қоидаро бароятон пешниҳод менамоем. Ба назар сода менамоянд, аммо барои сарфаи пулу зиндагии беҳтари шумо кӯмак мекунанд.   Якум, харид аз бозор роҳи хуби...


Ғазалиёти Саъдӣ Шерозӣ (Саъдӣ – паёмбари ғазал)

Мусаллам аст, ки то Саъдӣ, яъне то асри XIII жанри ғазал дар адабиёти мо буд. Ин анъанотро Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ давом дод ва боз бо навовариҳои худ ғазалро болу пари тоза бахшид ва шуҳрати онро ба арш расонд. Ба ҳамин хотир, ҳанӯз дар асри XV азамати Саъдиро дар ин ҷода бузургон эътироф карда,...


Волидон ё интернет. Кӯдакро кӣ бояд тарбия кунад?

Дар давраи наврасӣ ҷаҳонбинӣ, самтҳои арзишӣ, худшиносӣ, мавқеи шаҳрвандӣ ва хислатҳои маънавӣ ва ахлоқии шахс фаъолона ташаккул меёбанд. Дар ин марҳилаи рушд ба тарбияи онҳо диққати махсус мебояд. Бахусус, дар замони ҳозир, ки интернет “муаллим”-и фарзандони мо...


Кумаки Русия ба мактабҳои Тоҷикистон

Русия дар доираи барномаи Созмони Милали Муттаҳид ба мактабҳои Тоҷикистон наздики 260 тонна маҳсулоти ғизоӣ кумак намуд. Кумаки башардӯстона равғани офтобпараст ва нахӯди зардро дар бар мегирад. Ин маҳсулот барои дастгирии барномаҳои ғизодиҳии мактабӣ ва беҳтар намудани вазъи таъминоти ғизоии...


Хушуъ дар намоз

Намоз робитаи Худованд бо бандагон аст. Қуръони карим ба се чизи бисёр муҳим ва қобили тааммул дар намоз, яъне хушӯъ, пойбандӣ ва давомнокӣ ишора фармудааст: «Мӯъминон растагор шуданд, онҳое, ки дар намозашон хушӯъ доранд» (сураи «Мӯъминун» оятҳои1-2).   «Ва...