Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Вақте инсон мемирад ва ўро дафн мекунанд, наздиконаш дар сари қабраш дарди дил мекунанд, оё он шахси фавтида суханони онҳоро мефаҳмад?

Мурдагон суханони зиндагонро мешунаванд ва Худованд қобилияти шуниданро дар онҳо халқ мекунад. Дар ҷанги бадр бузургони мушрикини қурайш кушта шуданд дар чоҳе андохта шуданд. Сипас Паёмбари Худо ﷺ болои он чоҳе, ки мурдаҳо дар он андохта шуда буданд рафтанд ва онҳоро бо номҳояшон хитоб карда гуфтанд: оё ончизе, ки Худо ба шумо ваъда дода буд ҳақиқаташро ёфтед? Ман ончиро ки Худо ба ман ваъда карда буд ёфтам. Ҳазрати Умар таъаҷҷуб карда аз Паёмбар пурсиданд, ки читавр бо аҷсоде, ки руҳ надоранд суҳбат мекунед ?оё онҳо мешунаванд? Ҳазрат дар ҷавоб гуфтанд: қасам ба зоте, ки ҷони ман дар дасти ӯст шумо шуновотар ба ончизе, ки мегуям аз онҳо нестед, аммо онҳо ҷавоб дода наметавонанд. (Ривояти Бухори ва Муслим).

 

 

Ду ҷавоне, ки ҳоло оила барпо накардаанд, ҳамдигарро дӯст медоранд. Яъне ошиқанд, бо ҳамдигар ишқбозӣ мекунанд. Оё дар назди Худованд инҳо гунаҳкор ҳисобида мешаванд ё на?

Ин ду ҷавон албатта гунаҳгор мешаванд. Пеш аз он ки ҷавондухтарро ҷавонписар ба никоҳаш медарорад, дар ислом дидани рӯйи якдигар ва ё лаҳзае сӯҳбат намудан гуноҳ нест. Аммо онҳое, ки хонадор мешаванд, бояд дар ҳузури маҳрамҳои зан вохӯрӣ намоянд. Вохӯриҳои пинҳонӣ хавфи бадном шуданро ба миён меоранд, барои ҳамин ҳам ишқбозӣ дар ислом раво нест. Дар аксарияти кор ишқбози ба зино ва гуноҳҳои гуногун одамро водор мекунад. Худо * ҳамаи моро нигаҳ дорад. (Любоб)

 

 

Дар дини Ислом чӣ гуна ишқ вуҷуд дорад?

Калимаи ишқ арабист. Ишқ маънои дилбастагию дӯстдорию шефтагию муҳаббатро дорад. Мегӯянд, ки:

Мадеҳ чун булҳавас дар сина ҷо ишқи маҷозиро,

Макун бо маъсият олуда домони намозиро.

Ин ҷо гап дар бораи ишқи маҷозию ишқи ҳақиқӣ меравад. Инсон бояд ҳамеша ба ишқи ҳақиқӣ гирифтор бошад. Дӯст доштани охират ва дӯст доштани Худою расул, дӯст доштани ҳар чизе, ки инсонро ба Худо мерасонад, ишқи ҳақиқию пок аст. Дар ҳадисҳои пайғамбар ﷺ омадааст, ки шумо чизеро дӯст доред, ки аз ӯ ҷудо шуданӣ нестед ва дӯст надоред он чизеро, ки оқибаташ ҷудоист.

 

 

Мегўянд, ки агар номи писар масалан Алӣ бошад, Алиҷон гуфта фарёд кардан ҷоиз нест, зеро “ҷон” номи шайтон аст. Оё ин ҳақиқат дорад?

Яке аз усули мазҳаби Имоми Аъзам урф мебошад. Дар урфи мо калимаи “ҷон” маҷозан ба маънои азизу арҷманд меояд ва мафҳуми меҳрубонию дўстдориро нисбат ба фарзанд ифода мекунад. Бинобар ин, истифодаи калимаи “ҷон” дар урфи мо тоҷикон ба ҳамин маъност.

 

 

Баъди намози хуфтанро хондан кас хоб рафта субҳ намози бомдодро бо таҳорати дасту рӯ хонад мумкин аст?

Мумкин аст, агар ба шарте ки ба ҳоҷатхона наравад. Таҳорат карда хуфтанро хонда хоб кард, саҳар ки хест воридли қазои ҳоҷат намешавад. Дар ин ҳолат метавонад, ки бо таҳорати дасту рӯ намози бомдодро хонад. Боке нест. (Викоя)

 

 

Рафтан ба туй ва ширкат кардан дар он чӣ ҳукм дорад?

Агар дар он туй фисқу фасод, ки аз дидгоҳи шариъат норавоянд набошад, воҷиб мебошад бар касоне, ки онҳоро даъват карда бошанд. Дар ривояти Имом Бухорӣ, Муслим ва дигарон Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудааст: ”Касеро ба валима (туйи арусӣ) даъват карда шавад бояд биравад. Аммо агар касе он даъватро иҷобат накунад, яъне наравад Худову Расулро исён кардааст.” Дар як ривояти дигари Имом Бухорӣ “Даъвати даъваткунандаро иҷобат намоед” гуфтааст. Аз ин аҳодиси шариф маълум мешавад, ки иҷобати даъват мутлақ воҷиб аст ва хос ба туйи арӯсӣ намебошад, балки дар дигар ҳолатҳо низ бояд иҷобат карда шавад.

Дар ҳолате иҷобати даъват воҷиб намешавад, ки он даъват ба маҳфиле бошад, ки бидъату умури нораво омехта бошад. (Издивоч)

 

 

Муҳимтарин ҳодисаҳое, ки дар ҳаёти паёмбар ﷺ гузаштанд кадомҳо буданд?

  1. Шаби Исро ва Меъроҷ (шабе буд ки паёмбар ﷺ ба назди Худованд рафт), ин ҳодиса се сол пеш аз ҳиҷрат рӯй дода буд ва дар ҳамин шаб намоз фарз гардид.
  2. Соли якуми ҳиҷрӣ: ҳиҷрати паёмбар ﷺ ҳамроҳи Абубакр ба Мадина ва бинои масҷиду ва фарз шудани закот бар мусалмонон.
  3. Соли дуюми ҳиҷрӣ: Ҷанги Бадр, Худованд дар ин ҷанг мусалмононро пирӯз гардонд, агарчи адади мушрикон бо муҳимоти ҷагияшон се ё чаҳор баробари мусалмонон буд.
  4. Соли сеюми ҳиҷрӣ: Ҷанги Уҳуд, дар ин ҷанг ба сабаби пайравӣ накардани баъзе мусалмонон аз таълимоти ҷангии паёмбар ﷺ мағлуб шуданд.
  5. Соли чаҳоруми ҳиҷрӣ: Ҷанг бо қабилаи бани Назир. Баъди ин ҷанг паёмбар ﷺ ин қабила, ки яҳудӣ буданду аҳдашонро бо паёмбар ﷺ шикастанд, онҳоро аз Мадина берун кард.
  6. Соли панҷуми ҳиҷрӣ: Ҷанги қабилаи Бани Мусталақ ва ҷанги Бани Қурайза ва ҷанги Аҳзоб рӯй дода буд.
  7. Соли шашуми ҳиҷрӣ: Сулҳи Ҳудайбия ва дар ҳамин сол нӯшидани шаробҳои масткунанда ҳаром гардид.
  8. Соли ҳафтуми ҳиҷрӣ: Ҷанги Хайбар, дар ҳамин сол паёмбар ﷺ зиёрати умраро ба ҷо овард ва дар ҳамин сол паёмбар ﷺ Сафия, духтари Ҳуяйро ба занӣ гирифт.
  9. Соли ҳаштуми ҳиҷрӣ: Ҷанги Муъта миёни мусалмонон ва Рум, ин чунин Фатҳи Макка ва ҷанги Ҳунайн бар зидди қабилаҳои Ҳавозин ва Сақиф рӯй дода буд.
  10. Соли нуҳуми ҳиҷрӣ: Ҷанги Табук, ин ҷанг охирин ҷангҳое буд, ки дар ҳаёти паёмбар ﷺ ба вуқуъ пайваст.

Дар ҳамин сол намояндагони қабилаҳо, назди паёмбар ﷺ омаданд ва мардум гурӯҳ-гурӯҳ (ҷамоат-ҷамоат) ислом оварданд, барои ҳамин ин солро соли (вуфуд) намояндагон ном гузоштанд.

  1. Соли даҳуми ҳиҷрӣ: Ҳаҷҷатулвадоъ (ҳаҷе, ки паёмбар ﷺ баъди он аз дунё гузашт), дар ин ҳаҷ аз сад ҳазор зиёд мусалмон бо ҳамроҳии паёмбар ﷺ ҳаҷ карданд.
  2. Соли ёздаҳуми ҳиҷрӣ: вафоти паёмбар ﷺ.

Рӯзи душанбеи моҳи рабиъулаввал, дар синни шасту сесолагӣ паёмбар ﷺ аз дунё гузашт ва дар ҳамин сол мусалмонон ба ҳазрати Абубакр ҳамчун халифаи мусалмонон байъат кардан.

Паёмбар ﷺ чиҳил соли умрашро пеш аз паёмбарияш гузаронида буд ва бисту сесоли умрашро дар паёмбарӣ сипарӣ карда, сездаҳ соли паёмбарияшро дар Макка ва даҳ соли паёмбарияшро дар Мадина гузаронидааст.

Салавоту дуруд бар набии мо ва олу асҳобаш. (Нурул якин)

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...