Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Дар охири моҳи Шаъбон рўза гирифтан мумкин аст?

Бародари азиз, дар охири моҳи Шаъбон ду рўз қабл аз моҳи Рамазон рўза доштан макрўҳ аст, зеро Расули акрам ﷺ аз рўза гирифтан дар ин ду рўз манъ кардаанд, аммо дар дигар рўзҳои моҳи Шаъбон рўза доштан савоби бузург дорад. («Хошияти Тахтови»)

 

 

 

Ҷанобат чист ва чӣ маъно дорад?

Бародари азиз, калимаи ҷанобат дар луғат ба маънои дур будан аз покӣ ва таҳорат аст. Дар истилоҳи шариат ҳолати нопокиест, ки пас аз хуруҷи манӣ дар бадани инсон ба вуҷуд меояд, яъне дар ин ҳолат инсон аз таҳорату покӣ дур мемонад. Аз ин рў, ғусл кардан ва шустани тамоми бадан бар ў фарз мегардад. Дар ҳолати ҷанобат намоз гузоридану Қуръон хондан бар инсон ҳаром аст. («Мароки Фалох»)

 

 

Зан баъд аз таваллуди фарзанд то чанд муддат бояд намоз нагузорад? То чил рўз намоз нахондани ў ҳатмӣ аст?

Бародари азиз, зан пас аз таваллуди фарзанди нахустин то чил рўз дар ҳолати нифос қарор мегирад, аз ин рў, дар ин муддат бояд аз намоз гузоридан худдорӣ кунад. Пас аз таваллуди фарзанди дуюму сеюм зан дар нифос одати муайян пайдо мекунад, масалан, бист ё сӣ рўз ё сию панҷ рўз нифос мебинаду бас. Дар ин ҳолат шарт нест, ки то чил рўз мунтазир шавад, балки пас аз тамом шудани рўзҳои одаташ дар нифос бояд ғусл карда намоз гузорад. («Любоб»)

 

 

 

Дар мусофират ҳангоми қаср хондани намози фарз оё намози суннат хонда мешавад?

Бародари азиз, агар сафари таъҷилӣ ва фаврӣ бошад, фақат намози фарзро мегузоред, агар сафари осуда ва бидуни шитоб бошад, намози суннатро низ мегузоред. («Дурар-ул Мухтор»)

 

 

 

Оё намозгузор аз паси имом замми сура карда метавонад?

Бародари азиз, тибқи мазҳаби Имоми Аъзам аз паси имом хондани сураи “Фотиҳа” ё дигар сураҳо барои муқтадӣ ҷоиз нест, хоҳ намози ҷаҳрӣ бошад ё намози хуфя. Балки муқтадӣ фақат сано (“Субҳонакаллоҳумма”) хонда, дар вақти қироати имом хомўш меистад, аммо дигар тасбеҳҳои рукуъу суҷуд, “Аттаҳийёт” ва салавоту дуоҳоро мехонад. Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ ривоят аст, ки Расули Худо ﷺ фармуданд: «Ҳар касе имом дошта бошад, пас қироати имом барои ў низ қироат маҳсуб мешавад». (Ибн Моҷа)

 

 

 

Азони намози бомдод чанд дақиқа пеш гуфта мешавад?

Бародари азиз, азон додан барои намозҳои фарз суннат аст ва пас аз даромадани вақт гуфта мешавад. Қабл аз даромадани вақт гуфтани азон дуруст нест. Намози бомдод ҳам пас аз дамидани субҳи содиқ гуфта мешавад.

(«Ихтиёр ли таълили Мухтор»)

 

 

 

Ман зани аз шавҳар ҷудо ҳастам ва ду кўдак дорам. Барои хариди хона маблағ ҷамъ карда истодаам. Хонаамро ба бародарам фурўхтам. Ними маблағи хонаро додааст, оё закот додан бар ман лозим аст?

Хоҳари азиз, агар маблағи ҷамъакардаатон ба ҳадди нисоби шаръӣ, яъне 618 000 рубл расида бошад, аз он закот пардохтанатон лозим аст. («Ихтиёр ли таълили Мухтор»)

 

 

 

Ман бо шахсе якдигарро дўст доштем. Ў маро ҳамчун зан қабул кард ва ман ўро ҳамчун шавҳар, лекин никоҳ накардем. Ў маро бо ҳама чиз таъмин мекунад. Оё ба ман ҳаққи шавҳарӣ дорад?

Хоҳари азиз, никоҳ ва издивоҷ суннати ҳазрати Пайғамбар ﷺ аст ва ҳар гуна муносибати бидуни никоҳ дар байни марду зан амали номашруъ ва гуноҳ ба ҳисоб меравад. Чунин муносибат дар байни шумо нораво ва сабаби наҳсию бебаракатӣ дар молу ҷону хонадон мегардад. Бинобар ин, бояд шумо бо якдигар ақди никоҳи шаръӣ анҷом дода, ҳамчун зану шавҳари ҳақиқӣ зиндагӣ кунед, дар ин сурат баракат хоҳед ёфт. («Дурар-ул Мухтор»)

 

 

 

Оё дар ҳолати ҳарорати баланд доштан молидани спирт ба бадан рўзаро мешиканад?

Бародари азиз, молидани спирт ба бадан рўзаро намешиканад. («Фикху ислом»)

 

 

 

Оё дар ҳолати рўза аз лаб бўса кардани зан рўзаро мешиканад?

Бародари азиз, бўса кардан дар ҳолати рўза макрўҳ аст, агар хавфи инзоли манӣ вуҷуд дошта бошад. («Мароки Фалох»)

 

 

 

Агар мард ба занаш гўяд, ки “ҳамин моҳ ба ягон ҷо равӣ, ҷавобатро додам”, пас зан ба хонаи ҳамсоя ё дорухона равад, талоқ мешавад?

Бародари азиз, дар масъалаи мазкур агар зан пеш аз тамом шудани моҳ ба хонаи ҳамсоя ё дорухона равад, талоқи боин шуда, таҷдиди никоҳ ва пардохти маҳр воҷиб мешавад. Агар пас аз гузаштани моҳи мазкур равад, талоқ намешавад. («Дурар-ул Мухтор»)

 

 

 

Хоҳиш мекунам, ки моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамариро пайдарпай номбар кунед. Сипосгузорам.

Бародари азиз, моҳҳои ҳиҷрии қамарӣ ба тартиб инҳоянд: Муҳаррам, Сафар, Рабиъул-аввал, Рабиъул-охар, Ҷумодал-ўло, Ҷумодал-ухро, Раҷаб, Шаъбон, Рамазон, Шаввол, Зулқаъда, Зулҳиҷҷа.

 

 

 

Оё ният кардан бо забон дар намозу рўза, салоти ҷаноза ва ғайра бидъат аст? Оё Паёмбар ﷺ ва саҳобагонаш бо забон ният мекарданд?

Бародари азиз, маънои ният дар луғат қасд ва тасмими қалбӣ аст. Талаффузи ният дар намоз ва дигар ибодатҳо бидъат набуда, балки амри мустаҳаб, яъне амали писандида ва хуб аст. Дар китоби “Мухтасарул-виқоя” дар ин бора чунин мефармояд: “Қасд (тасмими қалбӣ) ҳамроҳ бо талаффузи он афзал аст”. Яъне ба забон талаффуз кардани ният сабаби ҳамоҳанг шудани дилу забон шуда, забон тасмими қалбро тақвият мебахшад. Ин чизе аст, ки уламои шариат баён кардаанд ва албатта онҳо дар асоси далелу ҳуҷҷате, ки дар даст доштаанд, ин ҳукмро дар китобҳои фиқҳӣ навиштаанд. (“Мухтасарул-виқоя”)

 

 

 

Агар шаб намози витрро гузорида бошам, метавонам, ки нимашаб намози таҳаҷҷуд бигузорам? Баъзеҳо мегўянд, ки пас аз намози витр дигар намоз хондан ҷоиз нест?

Бародари азиз, пас аз намози витр гузоридани намози таҳаҷҷуд дуруст аст ва ҳеҷ монеъе надорад. («Мароки Фалох»)

 

 

 

Оё забони арабиро надониста хондани Қуръон мумкин аст? Чунки маънои Қуръонро намефаҳмам, дар ин ҳолат хондани он ҷоиз аст?

Бародари азиз, хондани Қуръон ибодат аст ва хусусан дар моҳи мубораки Рамазон савоби бузург дорад, хоҳ маънои онро бифаҳмед ё нафаҳмед. Муҳим он аст, ки шумо калимоти онро дуруст талаффуз кунед ва дар баробари ин кўшиш кунед, ки тарҷумаи ҳар оят ва сураро аз китоби тарҷумаи Қуръони карим мутолиа намуда, ба қадри тавон аз маънои он огоҳ шавед. («Хошияти Тахтови»)

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Хушуъ дар намоз

Намоз робитаи Худованд бо бандагон аст. Қуръони карим ба се чизи бисёр муҳим ва қобили тааммул дар намоз, яъне хушӯъ, пойбандӣ ва давомнокӣ ишора фармудааст: «Мӯъминон растагор шуданд, онҳое, ки дар намозашон хушӯъ доранд» (сураи «Мӯъминун» оятҳои1-2).   «Ва...


Бозии дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар Турсунзода

Мухлисони футбол дар шаҳри Турсунзода пас аз танаффуси тӯлонӣ боз шоҳиди бозии тими миллии футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Талко-Арена” хоҳанд шуд.   Рӯзи 5-уми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рӯзҳои расмии FIFA дар як бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон рақобат...


Раҳим Азимов – ягона тоҷик дар Думаи давлатии Русия

Раҳим Азимови 61-сола яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсии тоҷиктабор дар Федератсияи Русия ба шумор меравад. Ӯ айни замон вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия ва муовини якуми раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва муқовимат бо коррупсия мебошад.  Раҳим Азимов дар Шӯроби шаҳри Исфараи...


Душанбе мизбони мусобиқаи Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026 мешавад

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) идомаи тавсеаи тақвими мусобиқаҳои худро эълон намуда, аз таъсиси силсилаи нави мусобиқаҳои Grand Prix байни ҷавонон (Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026) хабар дод.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, нахустин мусобиқа дар таърихи ин...


Саволу ҷавоб

Ман дар Русия муҳоҷирам. Ҳамсарам рўзе аз ман нопурсида ба хонаи волидонаш меравад. Ман инро шунида ҷанҷол кардам, баъдан гуфтам, ки “агар аз ин пас нопурсида рафтӣ, се талоқат мекунам ё се талоқ ё се талоқатро медиҳам”. Дар хотир надорам, ки кадом яке аз ин лафзҳоро гуфтаам. Ҳамсарам...