Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Марде аз дигар миллат ба хостгорӣ омад. Як дугонаам мегӯянд, ки ин мардро нагир, ки ҳафт пуштат ҳаром мешавад. Вай 5 вақт намоз мехонад. Чӣ маслиҳат медиҳед?

Ин гапҳо ғалат аст ва аз нодонии дини мубини Ислом мебошад. Маҳал нақше намебозад. Барои ҳамин ҳам, хоҳ аз маҳал ё ҳатто миллати дигар, фарқе надорад шарти асоси мусалмон будан аст. Кадом миллате, ки набошад, мусалмон бошад, ибодат кунад, издивоҷатон дуруст мешавад. Худо бар шумо Ёру мададгор бошад! (Любоб)

Гўшт ва пўсти ҳайвони қурбониро фурўхтан ҷоиз аст?

Гўшт ва пўсти ҳайвони қурбониро фурўхтан ва ё ҳамчун дастмузд қассобро додан макрўҳ мебошад. Ба худи соҳиби қурбонӣ истифода намудани пўсти он иҷозат дода мешавад. Инчунин онро ба одами камбағал, ё созмони хайрия додан мумкин аст. Ба ғайри мусалмон додани гўшти қурбонӣ, чун тўҳфа, иҷозат дода мешавад. (Ибн Обидин)

Фурӯхтани пусти чорвои қурбоншуда ҷоиз аст?

Фурӯхтани сар, равған, по, пашм, шир ва пуст чорвои қурбоншуда макрӯҳ аст. Ба қассоб барои ҳақи куштан, аз гушти қӯрбонӣ дода намешавад. Ҳазрати Алӣ ривоят мекунад, ки; «Вақти қурбонии уштурҳо Раулуллоҳ ﷺ болои сари мо истод ва амр кард, ки пустҳо ва пашмҳои уштурҳоро тақсим кунам. Аз узвҳои уштурҳо барои ҳақи қассобро пардохт кардан, манъам кард. Ҳақи қассобро мо худамон пардохтем». (Муслим)

Соҳиби қурбонӣ пусти чорворо метавонад барои худ ҷойнамоз бикунад ва ё метавонад ба фақире садақа кунад. (Фиқҳу Муяссар)

Нафаре мехоҳад, ки қурбонӣ кунад, аммо дар дасти дигарон пул дораду дар дасти худ пули нақд надорад, ки чорвое барои қурбонӣ гирад. Чй бояд кард?

Он вақт метавонад, чун қарз чорвое гираду қурбонӣ кунад. (Фиқҳу Муяссар)

Барои мурдагон қурбонӣ кардан ҷоиз аст?

Қурбони барои шахси аз ин дунё гузаштагй қурбонӣ кардан ҷоиз аст. Гўшти қурбонии барои шахси мутаввафо баҷоовардаро метавонанд тақсим кунанд, ё ки барои худ нигоҳ доранд. Аммо гўшти ҳайвони аз рўи васият қурбонишударо ҳамаашро ба камбағалон тақсим карда медиҳанд. (Ҳидоя)

Ба ҷойи қурбонӣ кардан, ба қамбағалон садақа додан хубтар аст?

Шахси сарватманд ҳатман (воҷиб) қурбонӣ бояд кунад ва албатта ки метавонад дар баробари қурбонӣ кардан боз хайру садақа намояд. Ҳазрати Расулуллоҳ ﷺ пас аз амри Худо, ҳар сол қурбонӣ мекарданд. (Бухорӣ) (Мухтасар ул Виқоя)

Ҳайвони ҳомиладорро қурбонӣ кардан ҷоиз аст?

Ҳайвони ҳомиладорро қурбонӣ кардан макрӯҳ аст. (Фиқҳу Муяссар)

Агар қудрат дошта боши ҳар сол қурбонӣ кардан воҷиб мегардад, ё як сол қурбонӣ куни ба хамин тамом ?

Ҳар сол қурбонӣ кардан воҷиб мегардад, агар дар вақтҳои қурбонӣ арзиши моли нисоб дошта боши. (Фиқҳу Муяссар)

Аз шавҳарам як сол мешавад, ки ҷудоям. Оё ман метавонам бе талоқи шавҳарам дубора шавҳар кунам?

Не, шумо шавҳар карда наметавонед. Дар ин муддат талоқ намеафтед, то даме, ки шавҳаратон шуморо даҳонакӣ талоқ накунад. (Любоб)

Шавҳарам намоз намехонад. Ҳар қадар кӯшиш мекунем, вай намозро ба гардан намегирад. Чи кор кунам, ки шавҳарам намозхон шавад?

Шумо, ки намозхонед, ин коратон меҳри намозхониро оҳиста-оҳиста дар дили марди хона ҷой мекунад. Ба суханҳои хубу нарм ӯро ба намозхонӣ даъват кунед. Боварӣ дорам, ки ӯ ин корро ба гардан мегирад, барои он ки пушт ба пушташ намозхон омадааст. Баъди ҳар як намоз дуо кунед, ки Парвардигор ба шавҳари шумо тавфиқи намоз хонданро ато кунад.

Зани ҳомиладоре бо шавҳараш ҳар дам ҷангу ҷанҷол мекунад. Мард безор шуда, ба занаш талоқ медиҳад. Зан мегӯяд, ки агар зан ҳомиладор бошад, талоқ бурида мешавад. Домулло ин гап рост аст?

Ин гапи зан асос надорад. Зан, агар дар ҳолати ҳомиладорӣ талоқ гирад, талоқаш ҳисобида мешавад. Ҳамон талоқ дар гарданаш мемонад. Ба сабаби ҳомила будани зан, талоқ аз ӯ бардошта намешавад. (Ихтиёр ли Таълили Мухтор)

Оё дуруст аст, ки зани шавҳардорро бе иҷозаи шавҳар рӯза гирифтан мумкин нест?

Дар ҳадисе аз Абуҳураӣра ривоят шудааст, ки Паёмбар ﷺ фармудаанд: «Барои зан ҷоиз нест, ки дар ҳузури шавҳараш рӯза гирад, магар ба иҷозати ӯ». (Бухорӣ)

Дар ин ҳадис сухан дар бораи рӯзаи суннат меравад. Зан бояд рӯзаи моҳи Рамазон ва дигар рӯзаҳои фарзро бигирад, зеро ин амри Худованди Мутаъол аст ва дар нофармонии Офаридгор ба ҳеҷ як махлуқ итоат кардан мумкин нест. Ин аз иловаи ин ҳадис, ки Абудовуд овардааст: «... Магар рӯзаи моҳи Рамазон... » «Сунан» маълум мешавад.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...