САВОЛУ ҶАВОБ

САВОЛУ ҶАВОБ

Амалҳои суннати ҳангоми рӯзадориро номбар кунед?

  1. Вақте ки азони саҳарӣ тақрибан 10 дақиқа мондааст, хӯрокхӯриро бас кардан.
  2. Ифтори фаврии рӯза, баробари фаро расидани вақти намози шом.
  3. Аз ҳолати ҷунуб то азони Бомдод оббозӣ кардан.
  4. Аз фиреб, ғайбат, тӯҳмат , суханони қабеҳ ва ҳавасҳои нафси худ худдорӣ кардан.
  5. Вақти моҳи Рамазонро қадр кардан, Қуръон, зикр ва салавотро бештар хондан.

Пиронсолоне, ки қуввату дармони рӯзадорӣ надоранд чи бояд кунанд ?

Одамони бемории доимӣ дошта, пиронсолоне, ки қуввату дармони рӯзадорӣ надоранд, барои ҳар рӯзи рӯза надоштанашон фидя медиҳанд. Фидя монанди садақаи “фитр” супорида мешавад. Мувофиқи салоҳдиди худ фидяро ба як кас, ё як чанд каси камбизоат месупоранд. Агар мусалмон имкони додани фидяро надошта бошад, бояд, ки аз Аллоҳ Таъоло барои рӯзаи нагирифтааш омӯрзиши гуноҳ талаб кунад. Агар одамони бемор шифо ёбанд, ё одамони пиронсол қуввату тавоноӣ барои доштани рӯза пайдо намоянд, онҳо бояд рӯзаи нагирифтаашонро, бо гирифтани рӯзаи қазоӣ, ҷуброн намоянд.

Чӣ чиз рӯзаро нашиканад?

  1. Аз рӯи фаромӯшӣ чизе бихӯрад, ё биёшомад, ё ҳамбистар шавад.
  2. 2Дар хоб иҳтилом (ҷунуб) шавад.
  3. Укол (сӯзандору) кардан фақат аз тариқи раг (глюкоза, ё дигар навъи доруе, ки қувват бахшад, эҳтиёт кунад хуб аст). Дар умум укол шиканандаи рӯза нест.
  4. Ба хонумаш назар намояд ва инзол (баромадани манӣ) шавад.
  5. Ба баданаш равған молад, ё хушбӯӣ истифода барад.
  6. Ҳиҷомат (хунгирӣ) намояд.
  7. Сурма бимолад ё аз мисвок истифода кунад (на аз «зубная паста»).
  8. Бӯсидан ва дастбозӣ кардан, ба шарте ки инзол нашавад.
  9. Рӯзона дар ҳавз ё дарё оббозӣ кардан.
  10. Агар шаб бо ҳамсараш ҳамбистар шуд ва ҳанӯз ғусл накарда, ки субҳ бидамад, ин ҳолат ба рӯзаи ӯ ҳеҷ зарар надорад. Бояд ғусл кунад ва рӯзаашро давом диҳад.
  11. Агар занҳо барои пешгирии ҳайз ҳабб (таблетка) истифода баранд, ба шарте ки ба саломатиашон зарар надошта бошад, ҷоиз аст.
  12. Чи миқдоре, ки оби даҳонашро фурӯ барад рӯзааш намешиканад.
  13. Ба ҳалқи рӯзадор ҳашарот фурӯ равад, мисли магас, ё дуду ғубор ва агар қасдан набошад, рӯзааш намешиканад.

Вақте бо ҷамоат намоз мехонем, баъзе суннатҳоро алоҳида мехонанд ва баъзе дар масҷид пароканда шуда, ҳар сӯ мераванд ва қисме ҷои худро иваз карда намоз мехонанд. Оё ин дуруст аст?

Сафро рост кардан фақат барои намозҳои фарз аст. Барои хондани намозҳое, ки суннатанд, пароканда будан ё ҷойҳоро иваз кардан хуб ва беҳтар аст.

Дар бораи моҳи Шаввол як ду сухан мегуфтед ?

Моҳи Шаввол, аввалини моҳҳои ҳаҷ ба шумор меравад. Дар рӯзҳои Ид салавоти шарифаро бисёр хондан лозим аст. Дар ин моҳ шаш рӯз рӯзаи нафл дошта мешавад. Агар ин рӯза дар рӯзҳои аз 12 то 17- ин моҳ дошта шавад, айёми бийзро низ (рӯзҳои 13, 14 ва 15) рӯзадор сипарӣ хоҳад кард. Бинобар ин савоби бузург ба даст оварда мешавад. Расули акрам ба касоне, ки 6 рӯзи моҳи Шавволро бо рӯза сипарӣ мекунанд, муждаи савоби яксола рӯзаро додаанд.

Баъзе ҳукмҳо муҳими доир ба садақаи фитро баён мекардед ?

Дар сурати ба ҷо наовардан то охири умр дар зиммаи инсон ҳамчун қарз боқӣ хоҳад монд. Чун закот, дар фитра низ ният лозим мебошад. Бе ният раво намебошад. Садақаи фитр дар ҳама аҳком ба монанди закот аст. Лекин дар сурати нест шудани мол, закот соқит мешавад, вале садақаи фитр соқит намегардад. Алалхусус ба талабаи улум (толибилмон), зоҳид, муттақӣ ва ба бандаҳои солеҳ додан авлотар аст. Ба олимони фақире, ки бо илмашон амал мекунанд, фитра додан аз ҳама афзалтар ба шумор меравад. (Рисолаи Закот)

Намозҳои солҳои пешин (давраи студентӣ, замони хизмати ҳарбӣ… )-ро хонем, ё не? Ва ё ҳамту тавба ҳам кунем мешавад?

Намозҳоеро, ки нахонда бошем, қазои онҳо дар мазҳаби Абуҳанифа воҷиб асту бояд хонда шаванд.

Амалҳое, ки рӯзаро мешикананд ва ба ҷо овардани қазо ва каффоратро талаб мекунанд кадомхоян?

Агар шахси рӯзадор дар Рамазон дидаву дониста ва бесабаб яке аз амалҳои зерро ба анҷом расонад: 1. Хурдан ва нӯшидан; 2. Робитаи ҷинсӣ намудан;

Каффоратро ман чихел адо кунам ?

Каффорати рӯзаи қазогардида бетанаффус ва ба муддати 60 рӯз доштани рӯза ба ҳисоб меравад, ва ба тавре ки он дар рӯзҳои ид ва рӯзҳои ташриқ намеафтад. Агар дар ин байн каффорат қатъ карда шавад, бояд ба муддати 60 рӯз аз сари нав рӯза дошта шавад. Занон ҳангоми рӯзҳои ҳайз рӯзаи каффоратро қатъ намуда, баъд аз як рӯзи анҷоми он, рӯзаро давом медиҳанд.

Онҳое, ки узр дошта имконияти 60 рӯз гирифтани рӯзаро надоранд, бояд 60 мусалмони камбағалро (беҳтараш худотарсро) шому саҳар ғизо диҳанд. Каффорат ба касони беимон дода намешавад. Ғизо бояд ба миқдори расо бошад. Инчунин бо додани арзиши ғизо, яъне бо пул метавон каффоратро ҷуброн намуд. Ҳамарӯза ба муддати 60 рӯз як камбағалро, ё ки дар як рӯз 60 камбағалро барои адои каффорат пул дод. Агар ҳамаи пулро як маротиба, ба як нафар дод, ин чун каффорат барои як рӯз ҳисобида мешавад. Агар дар муддати як Рамазон шахс дидаву дониста рӯзаро якчанд маротиба шикаст, (ё ин ки дидаву дониста рӯзаро дар чанд Рамазон шикаст) барои ҳамаи ин гуноҳҳояш як каффорат басанда мебошад.

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Раҳим Азимов – ягона тоҷик дар Думаи давлатии Русия

Раҳим Азимови 61-сола яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсии тоҷиктабор дар Федератсияи Русия ба шумор меравад. Ӯ айни замон вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия ва муовини якуми раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва муқовимат бо коррупсия мебошад.  Раҳим Азимов дар Шӯроби шаҳри Исфараи...


Кумаки Русия ба мактабҳои Тоҷикистон

Русия дар доираи барномаи Созмони Милали Муттаҳид ба мактабҳои Тоҷикистон наздики 260 тонна маҳсулоти ғизоӣ кумак намуд. Кумаки башардӯстона равғани офтобпараст ва нахӯди зардро дар бар мегирад. Ин маҳсулот барои дастгирии барномаҳои ғизодиҳии мактабӣ ва беҳтар намудани вазъи таъминоти ғизоии...


Русия хариди ангур ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

Русия ният дорад хариди ангур, мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Ин масъала дар мулоқоти вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург баррасӣ шудааст.   Ба...


Волидон ё интернет. Кӯдакро кӣ бояд тарбия кунад?

Дар давраи наврасӣ ҷаҳонбинӣ, самтҳои арзишӣ, худшиносӣ, мавқеи шаҳрвандӣ ва хислатҳои маънавӣ ва ахлоқии шахс фаъолона ташаккул меёбанд. Дар ин марҳилаи рушд ба тарбияи онҳо диққати махсус мебояд. Бахусус, дар замони ҳозир, ки интернет “муаллим”-и фарзандони мо...


Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт...

Ҳамасола 30-юми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии дӯстӣ таҷлил карда мешавад.   Рӯзи байналмилалии дӯстӣ соли 2011 бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман эълон гардид. Ҳадафи асосии ин рӯз таҳкими сулҳу субот, мубориза бар зидди хушунат, густариши ҳамдигарфаҳмӣ ва тарғиби...