Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Занам бе иҷозати ман аз хона баромада рафт ва баъд аз баргаштанаш никоҳ кардем. Бори дувум низ бе иҷозат баромада рафт. Гуфт, ки дигар зиндагӣ намекунам, пас аз се моҳ баргашт. Дар ин ҳолат бори севум никоҳ кардан дуруст аст ё не?

Бародари азиз, агар зан аз хонаи шавҳараш бе иҷозат барояд, талоқ намешавад, вале гунаҳгори азим мешавад. («Фикхул Ислом»)

 

 

Азон гуфтам, вале пеш аз намози фарзро хондан қоматро фаромўш кардам. Баъдан ба ёдам расид, дар ин ҳолат чӣ бояд кард? Аз нав қомат гуфта бояд намоз гузорам?

Бародари азиз, агар ба фаромўшӣ бе азон ва ё бе иқомат намоз хондед, намози шумо дуруст мешавад, вале ин корро қасдан карда бошед, гунаҳгор мешавед, зеро азону иқомат суннати муаккада аст. («Любоб»)

 

 

Хоҳари мо як моҳ пеш аз шавҳараш талоқ гирифт, алҳол метавонад, ки ба шавҳар барояд?

Бародари азиз, то се ҳайзи комил набинад, ба шавҳари дигар баромаданаш дуруст нест. («Ихтиер»)

 

Мо дар муҳочират ҳастем. Шароити корхона хуб аст, маошро сари вақт медиҳад. Як қорӣ аз корхона маҳсулоти сохтмонӣ дуздида мефурўшад. Аз пушти чунин шахс намоз хондан ҷоиз аст?

Бародари азиз, намоз хондан аз паси ў ҷоиз, вале макрўҳ аст, зеро ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат ин аст, ки аз паси ҳар шахси некўкор ва бадкирдор намоз гузоридан ҷоиз аст. («Мароки Фалох»)

 

 

Дар сафар аз ватани иқоматӣ ба ватани аслӣ намоз қаср мешавад ё не?

Бародари азиз, шумо то ба ватани аслӣ расиданатон намозро қаср мехонед ва баъди расидан ба ватани аслӣ намозҳоро пурра мехонен. («Мароки Фалох»)

 

 

Дар вақти никоҳ маҳр напурсидам. Шавҳарам низ дар ёд надорад, ки чӣ гуфта буданд ва то ҳол маҳр надодааст. Оё метавонам, ки маҳр талаб кунам?

Хоҳари азиз, маҳр ҳаққи холиси худи шумо аст, ихтиёр доред, ки онро талаб карда гиред ва ё бубахшед. Миқдори камтарини маҳр қимати як гўсфанди миёна аст. («Мароки Фалох»)

 

 

Оё одами қарздор метавонад, ки ба ҳаҷ равад ва ҳаҷҷаш қабул мешавад? Ҳаҷҷи фарзӣ барои ў беҳтар аст ё умра?

Шахси қарздор аввал бояд қарзашро адо кунад, баъд аз он ба ҳаҷ ё умра равад, бо вуҷуди ин агар ҳаҷ ё умра равад, ҷоиз аст. Агар пас аз адои қарз маблағи ҳаҷҷи фарзиро дошта бошад, ҳаҷ бар ў фарз мегардад, дар акси ҳол метавонад умра равад.

 

 

Марде бо ҳамсараш даъво кард. Ҳамсараш гуфт, ки баромада ба хонаи падарам меравам. Дар ин ҳолат мард ғазабнок шуда, “баромада рав” гуфт. Оё бо сухан ин талоқ воқеъ мешавад?

Бародари азиз, агар мард ин суханро ба нияти ҷудо шудан гуфта бошад, талоқ воқеъ мешавад ва агар ба мақсади тарсонидан гуфта бошад, чизе воқеъ намешавад ва агар талоқ воқеъ шуд бояд никоҳ кард. («Любаб»)

 

 

Мо дар Аврупо қарор дорем ва ронандаи мошини боркаш ҳастем. Дар ҳамин мошин хоб мекунем. Дар ин ҳол мо намозро пурра хонем ё қаср? Намози пешинро бо аср ва намози шомро бо хуфтан якҷоя хонем ё алоҳида?

Бародари азиз, шумо агар мусофир бошед, намозро қаср мегузоред, вале тибқи мазҳаби ҳанафӣ ду намозро якҷо ҷамъ карда хондан дуруст нест, ҳар намозе дар вақти худ бояд гузорида шавад. («Мароки Фалох»)

 

 

Касе дар намози аср дер карда имомро дар ракъати сеюм дарёфт, ракъатҳои боқимондаро чигуна мегузорад?

Бародари азиз, агар имомро дар ракъати сеюм дар ҳолати қиём ё рукуъ дарёфт ва бо ў ҳамроҳ шуд, дар ин сурат ду ракъати ахирро бо имом мегузорад, пас аз саломи имом бархоста ду ракъати аввали намозро мегузорад, Субҳонакаллоҳумма, сураи Фотиҳа ва як сураи дигар мехонад ва ҳамин гуна намозро ба итмом мерасонад. Агар имомро дар ракъати сеюм дар ҳолати қавма (баъд аз рукуъ) ё саҷда дарёфта бошад, дар ин сурат аз нигоҳи Имоми Аъзам идомаи намозро ба мисли намози шом мегузорад, яъне ду ракъат бо замми сура гузорида, қаъда мекунад, сипас як ракъати дигар бе замми сура гузошта, намозро ба поён мерасонад. Аммо аз назари Абўюсуф ва Муҳаммад як ракъат бо замми сура гузорида, қаъда мекунад, сипас ду ракъати дигар, яке бо замми сура ва яке бе замми сура мегузорад. Ба ҳар ду равиш гузоридани идомаи намоз дуруст аст. («Мароки Фалох»)

 

 

Оё тариқат ва тасаввуф дар шариат ҳаст?

Бародари азиз, тариқат ва тасаввуф худ шариат аст, шариат бе тариқат ва тасаввуф намешавад.

 

 

Дар бораи савганд ва намудҳои он маълумот диҳед. Ҳар як намуди он чӣ каффорат ва тарки он чӣ ҳукм дорад?

Бародари азиз, аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ қасам бар се қисм аст: Қасами мунъақид, қасами ӣамус ва қасами лаӣв. Ҳар яке аз ин навъҳо дорои суратҳои хос аст, ки дар китобҳои фиқҳӣ зикр шудаанд. Агар лафзи қасам аз навъи қасами мунъақид бошад, баргардонидани он имкон надорад. Дар ҳолати шикастани қасам вобаста ба лафзи он каффорат лозим мешавад ва ё ҷазо воқеъ мегардад. Масалан, агар касе савганд ёд кард, ки “фалон амалро анҷом намедиҳам”, вале пас аз чанде он амалро анҷом дод, дар ин ҳолат қасамаш мешиканад ва бар ў каффорат лозим мегардад. Каффорати қасам ин аст, ки даҳ нафар фақирро наҳору шом ғизо бихўронад ё ба ҳар нафар фақире ним ман гандум (2 кг) ё як ман (4 кг) ҷав ё қимати онро бидиҳад ё даҳ мискинро либос бипўшонад, агар бар яке аз инҳо қодир набуд, се рўз рўза бигирад. Агар касе савганд ёд кард, ки “агар фалон корро анҷом диҳам, занам талоқ бошад”, пас, агар он корро анҷом диҳад, ҳамсараш талоқ мешавад. («Фикхул Ислом»)

 

Як моҳ пеш ба ҳамсарам ду бор гуфтам, ки «талоқат кардам». Пас аз чанд рўз дар ҳолати асабоният бо телефон гуфтам, ки «талоқат додагӣ аст, бас кун, талоқат мекунам, талоқат кардам». Як фарзанд дорам, алҳол пушаймонам. Оё мо ҳаққи таҷдиди никоҳ ва идома додани зиндагии якҷояро дорем?

Бародари азиз, пас аз воқеъ шудани се талоқ никоҳ байни зану шавҳар ҳаром аст, бинобар ин, шумо наметавонед, ки зиндагии якҷояатонро идома диҳед. Таъмини нафақаи зан то сипарӣ шудани иддааш ва нафақаи фарзанд то 18-солагӣ дар зиммаи шумо воҷиб аст. («Фикхул Ислом»)

 

 

Гузоридани намоз дар хона бидуни азону иқомат дар кадом ҳолат дуруст аст?

Бародари азиз, агар шумо дар шаҳр иқомат дошта бошед, пас дар ин ҳолат азони масҷид барои шумо кофӣ аст, вале беҳтар ин аст, ки қабл аз намоз азону иқомат гўед, то ки ҷинну шайтон аз хона фирор кунанд ва файзу баракат ҳосил шавад. («Мароки Фалох»)

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...