Ободии Ватан дар ободии оила аст

Ободии Ватан дар ободии оила аст

Ободии Ватан дар ободии оила аст

Меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман» аз ноҳияи Сангвори зебоманзар модари азиз Тозагул Раҳмонова мебошанд.

 

Саволи мо ба модари меҳрубон чунин аст:

Солҳои охир шумораи вайроншавии оилаҳои ҷавон хеле зиёд гаштааст. Шумо ҳамчун зани рӯзгордида сабаби асосии ин падидаи номатлубро дар чӣ мебинед?

Дар урфият мегўянд, ки «оилаи бегона чун бешаи анбуҳ аст» ва аз берун истода, баҳо додан ба вазъи оилае хеле душвор аст. Аммо вақте мебинем, ки бо сабаби як мушкилии кўчак оилае парешон шудааст, дили кас хун мешавад.

Бадбахтии аз ҳама бузург – ин шикастани тақдири тифлакони волидайни аз ҳамдигар ҷудошуда мебошад. Падару модар шояд барои худ зану шавҳар меёбанд, аммо барои фарзандонашон ҳаргиз падару модар нахоҳанд ёфт. Барои ҳамин, пеш аз издивоҷ андеша бояд кард, чун ин ришта баста шуд, бояд онро мустаҳкам нигоҳ дорем. Ҳама давлату дороӣ пеши як қатра ашки тифлакони аз падару модари хеш зиндаҷудо як фулус арзиш надорад.

Насли мо чизпараст набуданд, онҳо ҳама чизро бо дастони худ сохтан мехостанд. Ҷуфти ҷавон якҷоя бори зиндагӣ мекашиданд, ба қадри тавони худ хонаву дар мекарданд. Ҷавонони имрўз, албатта на ҳама, колопарастанду мехоҳанд падару модар барои онҳо ҳама чизро тайёр карда диҳанд. Баъд, сабр надоранд, ки ин хислати ҳамидаи инсонӣ волотар аз ҳама ганҷи дунёст. Мехоҳанд ҳама чизро яку якбора пайдо намоянду соҳиб гарданд, аммо фаҳмидан ҳам намехоҳанд, ки барои соҳиби чизе шудан меҳнат кардан лозим аст.

Имрўзҳо, шукри ободонии Ватани зебоямон, фарқи байни шаҳру деҳот кам мондааст. Дар деҳоти мамлакат низ хонаҳое қад меафрозанд, ки бо тамоми шароит таъминанд. Ҷавонмардон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, бори ғарибиро ба сар мегиранд, то барои фарзандони хеш ҳама шароитро фароҳам биёранд.

Барои мустаҳкамии оила ва тарбияи фарзандон фақат ҳамдигарфаҳмӣ лозим асту халос. Зану шавҳар аз як гиребон сар бароварда, барои ободии оилаи худ бояд кўшиш намоянд, зеро ободии ватанамон низ аз ободии ҳар оила сарчашма мегирад.

Як омили дигари пешгирии оилавайроншавӣ – ин ба назар гирифтани фикри фарзандон пеш аз хонадор кардани онҳост. Беҳуда нагуфтаанд, ки:

Хишти аввал чун ниҳод меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.

2026-05-01 (Зулқаъдаи соли 1447) №5.


Саволу ҷавоб

Агар ҳангоми намоз хондан аз рӯи ҷойнамоз як ҳайвон ё кӯдаки хурдсол гузарад, оё намоз қатъ мешавад? Не, намоз аз сабаби гузаштани чизе аз пеши намозгузор ботил намегардад. Агар шахси оқил бо қасди худ аз пеши намозхон убур кунад, худи ҳамон шахс гунаҳгор мешавад, аммо дар намози намозгузор ҳеҷ...


1,8 миллиард доллар гардиши тиҷорати Тоҷикистон дар 2 моҳ

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли 2026 тамоюли мусбати рушд нишон додааст. Тибқи гузориши Бонки АвруОсиёии Рушд, гардиши тиҷорати хориҷии кишвар дар моҳҳои январ – феврал ба 1,8 миллиард доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,3 фоиз зиёд мебошад. Ба иттилои...


Дар Тоҷикистон танҳо 10 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд

Дар Тоҷикистон ҳамагӣ даҳ нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт ҳастанд. Бино ба иттилои Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати кишвар, сафи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки соли 1941 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карданд ва дар қайди ҳаёт ҳастанд, кам шудааст. Гуфта мешавад, ки дар давраи...


Хатсайри Душанбе-Москва дубора фаъол мешавад?

Масъалаи барқарор кардани ҳаракати қатораи мусофирбари мустақим дар масири Душанбе - Маскав миёни намояндагони вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин мавзӯъ дар мулоқоти муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода бо муовини вазири нақлиёти Федератсияи...


Хосиятҳои шифобах-шии чукрӣ

Бо фаро расидани баҳор дар кӯҳистони Тоҷикистон яке аз гиёҳҳои серистеъмол ва шифобахш – ревоҷ, ки миёни мардум бо номи чукрӣ машҳур аст, мерӯяд. Ин гиёҳи хӯрданбоб на танҳо маззаи хос дорад, балки дорои хислатҳои зиёди табобатӣ низ мебошад.   Тибқи маълумоти «Энсиклопедияи...