Мусибатҳо ва ҳикмати онҳо

Мусибатҳо ва ҳикмати онҳо

Мусибатҳо ва ҳикмати онҳо

Худованди бузург дунёро дар баробари неъматҳои фаровонаш, оғушта бо мусибатҳо ва машақатҳо офаридааст, то ки инсон ба ин дунёи муваққатӣ дил набандад, ва то ки неъматҳои доштаашро пос дорад ва ҳадафи аслии офаринишашро, ки бандагии Худо ва хидмати халқи Худост, фаромуш насозад.

Мусибатҳо аз замони пайдоиши инсон арзи вуҷуд дошта то ба рўзи қиёмат идома меёбанд, ки гоҳо афзуда шуда, дар баъзе ҳолат коҳиш меёбанд ва агар инсонҳо мусибатро онгунае, ки Қуръону суннат васф намудаанд, дарк намоянд, виҷдонашон роҳат монда, Худовандро бештар дўст дошта дар дунё ва охират саодатманд мешаванд. Шахси мусулмон дар баробари мусибатҳо сабр намуда, ба қадри тавоноияш асбоби бартараф кардани онро иҷро менамояд ва вақте бубинад, ки ҳеҷ чорае нест, таслими қадари Аллоҳ шуда, сабр менамояд, аммо ғайри муъмин ҳангоми аз даст додани асбоб ру ба худкушӣ меорад, ки ин сабаби ба мусибати бузург дучор шудани он дар қиёмат мегардад.

Дар олами имрўз, ки мо ба сар мебарем мусиббатҳо хело зиёд ба назар мерасанд, ва ҳар лаҳза аз сабабҳои воситаҳои алоқа ва иттилоот ба манзури тамоми мардум мерасанд, ки ин як мусиббати дигар аст. Мусибатро ҳар гуруҳ ба таври худ шарҳ медиҳанд, вале ҳеҷ нафаре ва ё дине мисли Қуръони карим хуб ва дуруст тавзеҳ надодааст, зеро холиқ ва чорасозу ҳифзкунанда аз мусиббатҳо танҳо уст ва мулки худро Ў хубтар медонад. Мисоли он ки агар шахсе ба хонаи рафиқаш биравад ва дар ҳуҷраи меҳмонхонаи ў кўзаи оби соферо бубинад ва дар хаёлаш он обро оби пок, гуворо покиза тасаввур намояд, вале соҳибхона ба ў гуяд, ки азин об нануш, зеро кудаке бо дасти наҷосатгинаш уро нопок намудааст, бо ин сухани соҳибхона тамоми афкори дар сар парваридаи он беэътибор дониста мешавад. Бинобарин масалаи мусибатро инҳо тибқи манзури ислом баррасӣ намуда ҳикматҳои он ва чигуна бо он муносибатро барои хонандагони ин ҳафтанома тақдим менамоем.

Маонии ва анвои мусибат

Худованд мегуяд: «Мо ононро азоби сабукеро бидуни азоби шадид мечашонем,шояд ба роҳи ҳаққ боз гарданд» (Саҷда 21). Яъне бар сари бандагон анвоъи гуногуни азобро меорем, то ки саркаш нашуда, ба роҳи тоати Худо ва Расулаш боз гарданд. Аз ин оя бар меояд, ки мусибату азобҳои дунявӣ ҳама барои кафолати зиндагии солим ва дурусти мо бандагон офарида шудаанд. Монанди «тормуз» дар мошин, ки дастгоҳи манъ намудани он буда, бар акси ҳадафи аслӣ аз сохтани мошин сохта шудааст, ки бидуни он мошин наметавонад сайри худро ба саломат бирасонад.

Мусибатро тафсирот ва анвоъи зиёдест, ки аввалини он инаст, ки Худованд ин олами ҳастиро тибқи низомҳо ва қавонини гуногун сохтааст, ва касе, ки ба он қавонин аҳаммият надиҳад, беэътинойӣ кунад, ҳатман ин беаҳаммиятияшро таҳаммул хоҳад кард ва дучори мусибат хоҳад шуд,ки ин навъи мусиббатро сабабаш мухолифати суннати Худованд аст, ки шахси муртакиби ин мухолифат, ҳатман мубталои мусибатҳо мешавад. Амсоли касе, ки ба иршодоти табибон диққат накунад ба бемориҳои ҷисмӣ дучор хоҳад шуд. Ва ин навъи мусиббат дур аз иқобу гуноҳ аст, балки сазои мухлифати суннати Худованд аст.

МУҲАММАДФАРУХ АЗИМОВ

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Маърифати молиявӣ. 5 роҳи сарфа кардани пул

Ҳамарӯза мо барои хариди маҳсулоти рӯзгор вориди мағоза ё бозор мешавем. Оё медонед, ки харид кардан ҳам қоидаҳои худро дорад? Пас, 5 қоидаро бароятон пешниҳод менамоем. Ба назар сода менамоянд, аммо барои сарфаи пулу зиндагии беҳтари шумо кӯмак мекунанд.   Якум, харид аз бозор роҳи хуби...


Саволу ҷавоб

Ман дар Русия муҳоҷирам. Ҳамсарам рўзе аз ман нопурсида ба хонаи волидонаш меравад. Ман инро шунида ҷанҷол кардам, баъдан гуфтам, ки “агар аз ин пас нопурсида рафтӣ, се талоқат мекунам ё се талоқ ё се талоқатро медиҳам”. Дар хотир надорам, ки кадом яке аз ин лафзҳоро гуфтаам. Ҳамсарам...


Хушуъ дар намоз

Намоз робитаи Худованд бо бандагон аст. Қуръони карим ба се чизи бисёр муҳим ва қобили тааммул дар намоз, яъне хушӯъ, пойбандӣ ва давомнокӣ ишора фармудааст: «Мӯъминон растагор шуданд, онҳое, ки дар намозашон хушӯъ доранд» (сураи «Мӯъминун» оятҳои1-2).   «Ва...


Кумаки Русия ба мактабҳои Тоҷикистон

Русия дар доираи барномаи Созмони Милали Муттаҳид ба мактабҳои Тоҷикистон наздики 260 тонна маҳсулоти ғизоӣ кумак намуд. Кумаки башардӯстона равғани офтобпараст ва нахӯди зардро дар бар мегирад. Ин маҳсулот барои дастгирии барномаҳои ғизодиҳии мактабӣ ва беҳтар намудани вазъи таъминоти ғизоии...


Бозии дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар Турсунзода

Мухлисони футбол дар шаҳри Турсунзода пас аз танаффуси тӯлонӣ боз шоҳиди бозии тими миллии футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Талко-Арена” хоҳанд шуд.   Рӯзи 5-уми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рӯзҳои расмии FIFA дар як бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон рақобат...