Пул ва фарзанд. Қадамҳои муҳим барои тарбияи молиявии кӯдак

Пул ва фарзанд. Қадамҳои муҳим барои тарбияи молиявии кӯдак

Саводи молиявӣ танҳо барои даромад ва хароҷот нест, он як ҷузъи муҳим дар тарбияи ахлоқӣ ва шахсияти солими фарзанд аст. Зеро фаҳмиши дуруст ва муносибат ба пул дар рушди иқтисодии шахс нақши муҳим дорад.

 

Аз хурдӣ арзиши пулро фаҳмонед

Албатта, тарбияи фарзанд аз хурдӣ оғоз меёбад. Агар кӯдак аз синни ҷавонӣ фаҳмад, ки пул натиҷаи меҳнат ва заҳмати инсон аст, ба он бо эҳтиром ва эҳтиёт рафтор мекунад. Волидон метавонанд тавассути ҳар гуна бозиҳои шавқовар, овардани мисол ва иштироки кӯдак дар корҳои рӯзмарра ба ӯ нишон диҳанд, ки пул чӣ гуна ба даст меояд. Ҳамзамон, волидон ба кӯдак фаҳмонанд, ки пул барои чӣ сарф мешавад. Яъне, ба кӯдакон фаҳмондани манбаи даромади пул хеле муҳим аст.

 

Қадам ба сӯйи масъулият

Афзудани одати сарфакорӣ ва пасандоз дар кӯдакон ниҳоят ба ташаккули ҳисси масъулият ва хештаншиносӣ мусоидат мекунад. Гузоштани қуттии махсус барои ҷамъ овардани маблағ, муқаррар кардани ҳадафи молиявӣ, масалан, хариди китоб ё бозичаҳо ва таълими таҳияи буҷети шахсӣ, кӯдаконро дар самти дурусти молиявӣ роҳнамоӣ менамоянд. Ба фарзанд аз хурдӣ нишон диҳед, ки чӣ гуна маблағро сарфакорона тақсим кунад. Яъне, пеш аз харҷ, фикр карданро барояш омӯзед.

 

Волидон – намунаи ибрат

Ҳеҷ сабақ беҳтар аз таъсир ё намунаи шахсии волидон нест. Агар падару модар муносибати бомасъулият ба маблағ ва сарвати хона дошта бошанд, фарзанд ҳам мисли худашон мешавад. Яъне, он чӣ волидон анҷом медиҳанд, фарзанд ҳам ҳамон амалро иҷро мекунад. Ба ибораи дигар, себ аз шохи дарахти худ дур намеафтад.

Яке аз роҳҳои дигари муассир дар омӯзиши саводи молиявӣ – иштироки фарзанд дар харидҳои оилавӣ аст. Шояд ба назар ин амали содда намояд, аммо кумак мекунад, ки кӯдак муқоисаи нархҳоро омӯзад, ҳисоби оддиро аз хурдӣ иҷро намояд. Агар волидон хароҷоти оқилона кунанд, сарфаю сариштакорӣ намоянд, кӯдак ҳам пайравӣ хоҳад кард.

Ба оилаҳои ҷавон тавсия чунин аст, ки буҷет созанд, даромаду хароҷот танзим кунанд. Фарзандро бо худ ба бозор ё мағоза баранд. Арзиши харидро якҷо ҳисоб кунанд. Муқоисаи нарх ва интихоби маҳсулоти беҳтарро низ ба фарзанд фаҳмонанд.

 

Тайёрӣ ба зиндагии мустақил

Фарзанде, ки фаҳмиши молиявӣ дорад, на танҳо пулро боақлона сарф мекунад, балки дар зиндагӣ низ қарорҳои муҳим қабул мекунад. Ояндаашро ҳам бо андеша ва масъулият месозад. Дар натиҷа ба як насли соҳибфикр, кордон ва худшинос табдил меёбад. Бинобар ин, саводи молиявӣ дар оила бояд ҷузъи тарбияи ҳар як кӯдак бошад. Агар хоҳем, ки фарзандамон дар зиндагии мустақил ва рақобатноки замони муосир муваффақ бошад, пас аз имрӯз ӯро бо дониш ва малакаҳои молиявӣ мусаллаҳ созем.

 

(Усмон Рахимзода)

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...