Туҳфа аз Бузургвор

Туҳфа аз Бузургвор

Туҳфа аз Бузургвор

Дар 1 соли хониш, Юнус барои харидани телефон кам-кам пул ҷамъ кард. Ҳар замоне, ки падар, ё модараш ба ӯ барои дар мактаб хӯрок хурдан пул медоданд, ба хона оварда, ба сандуқча ҷамъ мекард. Пешакӣ бо дӯсташ барои харидани телефон маслиҳат карда, либос пӯшида, ба кӯча баромад. Саиди дӯсташ дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекард. Дӯсташро дида, хурсанд шуд, лекин медид, ки аз чизе парешонӣ дорад. Юнус аз Саид пурсид, ки чӣ ҳодиса шуд.

- Хоҳари хурдиям бемор аст. Модарам маро барои дору ба дорухона равон кард. Пули додааш ба 1 дору расиду тамом. Дар хона бошад, дигар пул надорем. Намедонам чӣ хел ба хона равам. Модарам хеле нороҳат мешавад. Биё, рафта каме бозӣ кунем, каме баъд хона меравам. Юнус мехост худро ба бозӣ диҳад, намешуд. Аз фикраш сухани Саид намебаромад. Худро ба ҷойи Мариям гузошта, мариз ҳис кард, ки ҳозир дору хӯрданаш зарур аст. Писар аз ёд бароварда буд, ки барои харидани телефон берун назди дӯсташ баромадааст ва дар бараш пул дорад.

- Ба ман рӯйхати доруҳоро бидеҳ,-пурсид Юнус. Саид барои чӣ напурсида, варақро дод. Юнус варақро гирифта, давида ба дорухона рафт. Доруҳоро гирифта, баромада, барои харидани меваҷот тарафи мағоза шуд. Хушҳол шуд, ки ҳама чизи лозимиро пайдо кард. Пеши Саид, ки ӯро интизор буд, омад.

- Пули барои телефон ҷамъ кардаатро сарф кардӣ? Бояд ин хел намекардӣ. Ту орзу доштӣ, ки телефон бигирӣ!- ҳайрон шуд Саид. - Телефонро метавонам баъдтар бихарам, лекин саломатии Мариям муҳимтар аст,-Юнус чунин суханро мегӯяду ҳамроҳ сӯйи хонаи Саид мераванд. Боз берун баромада, шом дер чизере интизор нашуда, хона медарояд. Падару модараш барои хониши аъло телефон туҳфа каранд. Саид хеле хурсанд шуд. -Ҳамд ба Худо! Ҳамд ба Худо! Ин туҳфа аз Бузургвор аст,-гуфта асли воқеаро низ нақл кард.

ФИРӮЗА ЯНГАЗИЕВА

Тарҷумаи Шамсиддини Муқим

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...