Чашми бад чист?

Чашми бад чист?

Чунин суханро шунидан баробар, бигӯед, ки: «МошоАллоҳ”. Ин ҷавобро падару модаре мегӯянд, ки бо кӯдакон меҳрубонанд.

Мутаассифона, байни мо нафароне ҳастанд, ки аз ҳасад бошад, ё аз бадбинӣ, ки бо чашми бад ба мардуму атрофаш нигоҳи ғаразона мекунанд. Шумори онҳо он қадар зиёд ҳам набошад, одатан, дар хона, нақлиёт ва ҷойи серодам пайдо шуда, бадқаҳриву норозигии худро ба одаму ҳама чизи атроф дағалона баён мекунанд. Рафтори чунин “чашмдор”-ҳо маҷбур месозад, ки падару модар дар ҳимояи фарзанд ва наздикони хеш шаванд, ки чашми бад нарасад.

Модари Худопараст

Марди батақвое нақл мекард, ки замони дар бадани модар будани ӯ, модараш ҳар рӯз “Қуръон”-ӣ бузургро қироат мекардааст. Баъди ба дунё омадан ҳам хониширо давом дода, қариб нисфи пораи аввали китобро аз ёд медонистааст.

Падару модар аз 2 солагӣ ин фарзанди меҳрубонро хондани китобро ёд доданд, ки то ҳол одат нек карда, каломи шарифро меомӯзад. Рӯзгор нишон медиҳад, ки фарзандони чунин модарон солиму аз ҳар гуна чашми бад дар паноҳи Офаридгоранд. Тиловати оёти ин китоби муътабар ба гӯш расида, кӯдакро аз ҳар гуна бемориҳои руҳиву ҷисмонӣ раҳо месозанд.

Дуруст хондани китоб тавонойӣ (қудрат)-и хеле бузург дорад. Афсӯс, ки баъзан мушкилиҳои рӯзгор имкон намедиҳад, ки барои пурратар омӯхтани ин китоби нодар вақт пайдо кард. Масалан, занҳо аз субҳ то шом аз пайи фарзанду нигаҳдории хонавода банд ҳастанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, 1-2 соъат вақт ва омӯзгор ёфта, машғули хондани китоб мешаванд.

Бо дониш мусаллаҳ бошед.

Одатан калонсолон оя, ё сиголиш (дуъо)-и аз чашми бад паноҳандаро медонанд. Ҳангоми баромадан аз хона, ё пеш аз хоб рафтан онҳоро такрор мекунанд, ки чашми бад ба наздиконашон нарасад. Кӯдакон ин корро намедонанд ва намефаҳманд. Онҳо ояе аз сураҳои «Ал-Фалак», «Ан-Нос» ё оятҳои «Ал-Курсӣ"такрор кунанд ҳам, аз асли маънои онҳо ҳоло каме дур ҳастанд. Яъне, кӯдак наметавонад, ки бо тиловат худро аз чашми бад раҳо кунад. Ин корро модари ғамхор карда, кафи нарму гарми дасти рости худро ба сари фарзанд гузошта, ояеро мехонад. Амали дар боло зикр кардаро пеш аз намози фарзӣ иҷро кунед, аҳамияташ зиёдтар аст.

Паёмбари мо (саллаллоҳу алайҳи ва салом) низ чунин карда:

لا إِلهَ إِلاَّ اللَّهُ وَحْدَهُ لاَ شَرِيكَ لَهُ، لَهُ المُلْكُ وَلَهُ الحَمْدُ يُحْيي وَيُمِيتُ وَهُوَ على كُلّ شَيْءٍ قَدِيرٌ даҳ маротиба баъди намози бомдод ва даҳ маротиба баъди намози шом хондан шуморо аз ҳар гуна балоҳо нигоҳ хоҳад дошт.

Фарзандро Шумо бояд то 7, ё 10 солагӣ ба хондану тиловати каломи шариф омода созед. Субҳ, ҳатман кӯдаконро бедор карда, ҳамроҳ ҷамъ намозгузорӣ кунед. Фарзанд, ки ба шумо хеле наздик аст, ӯро ба роҳи рост ҳидоят карда, ҳамчуни мусалмони комил аз ҳар гуна рафтору кирдори бад метавонед дур карда, то андозае аз чашми бадхоҳон муҳофизат намоед.

Ҳадафи ин гуфтаҳо дар он аст, ки доимо фарзандро аз чашми бад, ё ҷоду нигаҳ дошт ва бо “Машааллоҳ” гуфтан маҳдуд нашавед. Оҳиста-оҳиста фарзандро бо меҳрубониҳои зиёд аъзои ҷомеъаи аҳли фаҳму дониш карда, дар пиронсолӣ аз дастгирии эшон роҳат кунед. Чунин аст мақсади неки ҳар яки мову шумо.

ОЛФИЯ ИДРИСОВА

Аз русӣ тарҷумаи

Шамсиддини Муқим

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Саволу ҷавоб

Ман дар Русия муҳоҷирам. Ҳамсарам рўзе аз ман нопурсида ба хонаи волидонаш меравад. Ман инро шунида ҷанҷол кардам, баъдан гуфтам, ки “агар аз ин пас нопурсида рафтӣ, се талоқат мекунам ё се талоқ ё се талоқатро медиҳам”. Дар хотир надорам, ки кадом яке аз ин лафзҳоро гуфтаам. Ҳамсарам...


Хушуъ дар намоз

Намоз робитаи Худованд бо бандагон аст. Қуръони карим ба се чизи бисёр муҳим ва қобили тааммул дар намоз, яъне хушӯъ, пойбандӣ ва давомнокӣ ишора фармудааст: «Мӯъминон растагор шуданд, онҳое, ки дар намозашон хушӯъ доранд» (сураи «Мӯъминун» оятҳои1-2).   «Ва...


Ғазалиёти Саъдӣ Шерозӣ (Саъдӣ – паёмбари ғазал)

Мусаллам аст, ки то Саъдӣ, яъне то асри XIII жанри ғазал дар адабиёти мо буд. Ин анъанотро Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ давом дод ва боз бо навовариҳои худ ғазалро болу пари тоза бахшид ва шуҳрати онро ба арш расонд. Ба ҳамин хотир, ҳанӯз дар асри XV азамати Саъдиро дар ин ҷода бузургон эътироф карда,...


Волидон ё интернет. Кӯдакро кӣ бояд тарбия кунад?

Дар давраи наврасӣ ҷаҳонбинӣ, самтҳои арзишӣ, худшиносӣ, мавқеи шаҳрвандӣ ва хислатҳои маънавӣ ва ахлоқии шахс фаъолона ташаккул меёбанд. Дар ин марҳилаи рушд ба тарбияи онҳо диққати махсус мебояд. Бахусус, дар замони ҳозир, ки интернет “муаллим”-и фарзандони мо...


Раҳим Азимов – ягона тоҷик дар Думаи давлатии Русия

Раҳим Азимови 61-сола яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсии тоҷиктабор дар Федератсияи Русия ба шумор меравад. Ӯ айни замон вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия ва муовини якуми раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва муқовимат бо коррупсия мебошад.  Раҳим Азимов дар Шӯроби шаҳри Исфараи...