Гулчеҳра Муҳаммадиева: Кӯдаконро ба китобхонӣ шавқманд бояд кард

Гулчеҳра Муҳаммадиева: Кӯдаконро ба китобхонӣ шавқманд бояд кард

Меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман»-и ҳафтаномаи “Оила”, нависандаи шинохтаи тоҷик Гулчеҳра Муҳаммадиева дар мавзӯи “Модарони ҷавон ва тарбияи фарзанд” нуқтаи назарашро баён кард.

– Дар ҳама давру замон падарон ризқрасон ва модарон тарбиятгари фарзандон ҳастанд. Ин маънои онро надорад, ки падар дар тарбияи фарзанд иштирок намекунад, албатта агар оиларо ба давлати кўчаке ташбеҳ диҳем, он ҷо ҳам сиёсати падар муҳим асту ҳам тарбияи модар.

Аммо аз касе пўшида нест, ки модар бисёртар бо фарзанд вақти хешро мегузаронад. Аввалин даричаи ҷаҳонбинии кўдак афсона аст, модарони мо инро дарк мекарданду ба мо афсона мегуфтанд. Ёд дорам даврони кўдакию афсонаҳои ширини модарамро, ки аксаран муборизаи некӣ ба бадӣ буду оқибат некӣ ғолиб меомад. Мо фарқи баду нек ва сиёҳу сафедро маҳз аз афсонаҳои модаркалону модарони қиссагўямон шунидаем. Ман модарони ҷавонро танқид карданӣ нестам, аммо аксари кўдакони имрўз аз модарони хеш афсона нашунидаанд. Бонувони мо гумон мекунанд, ки тамошои филми тасвирӣ метавонад ба фарзандони онҳо ғизои маънавӣ бахшад, аммо ин тавр нест. Агар модарони ҷавони мо афсона нақл карда наметавонанд, бигузор онро аз китобҳо барои кўдаконашон хонанд. Вақте фарзандон мактабхон шаванд, барояшон китобҳои бачагона харида, онҳоро ба китобхонӣ шавқманд созанд. Ба ҳамин восита дар замири кўдак донаҳои маърифатро мекорему ў чун як шахси соҳибфарҳанг ба воя мерасад.

Аввалин суруде, ки кўдак мешунавад, ин аллаи модар аст, роҳи ў ба ин дунёи пуртаззод низ аз афсонаҳои модар оғоз мегирад. Модари зирак аз овони бачагӣ мефаҳмад, ки кўдаки ў ба кадом касб майл дорад ва дар ҳамон росто ўро раҳнамоӣ месозад. Ман дар саҳифаи худ гўшае дорам бо номи «Ёрӣ ба модарони ҷавон» ва он ҷо асарҳои кўдаконаи хешро мегузорам, то модарони ҷавон аз он истифода кунанд, паёмакҳои миннатдории зиёде мегирам. Ҳар як кўдак шуғли дўстдошта дорад ва падару модар бояд кўшиш кунанду шароит фароҳам оранд, ки фарзандашон машғули кори дўстдоштааш бошад.

Дар мавзўи тарбияи кўдак сухан зиёд аст ва мо фақат як паҳлуи онро шарҳ додем.

 

Оила.тж

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...