ОИЛА

ОИЛА

Касе фиребгар аст, бо мо нест

Сумоя дар назди ҳавлӣ нишаста, гиря мекард. Дар ин замон холаи Мариям ба хона омад. Мебинад, ки духтарак аз чизе нороҳат аст, хост ӯро ором кунад.

- Барои чӣ гиря мекунӣ?- пурсид хола.

- Рашид бо Саида ба кӯча баромада, бозӣ мекунанду маро хона гузоштанд,-гуфт ӯ. Хулоса маълум мегардад, ки Сумоя дирӯз онҳоро фиреб дода буда аст. Барои ҳамин ӯро аз хона баромадан нагузоштанд. Мариям хоҳарзодаашро ҳимоя накарда, баракс фаҳмонд, ки фиребгарӣ зарар дорад ва чунин рафтор кардан мумкин нест. Агар одам боре фиреб кунад, дигар рост ҳам гӯяд, баъдан бовараш нахоҳанд кард. Оҳистаоҳиста дӯстон аз ӯ дур шуда, оқибат ба монанди нақли боло танҳо мемонад.

Муҳтарам Паёмбари* мо гуфтааст, ки: “Ҳар ки фиребгар аст аз қавми ман нест”. Ҳамчунин дар ҳолати шӯхӣ низ дуруғгӯйиро манъ кардааст. Сухани холаашро шунида, Сумоя хатойи худро шинохта, ба хулосае омад, ки ҳама вақт росгӯй хоҳад монд, агар он талх ҳам бошад.

Кӯдаки Шумо ба чӣ кор машғул аст?

Ҳар рӯз Салим, то аз кор баргаштани падару модар дар назди парастор мемонд. Бесаброна интизор мешуд, ки онҳо ба хона баргашта, баро ӯ каме ҳам бошад вақт ҷудо кунанд. Одатан чунин намешуд. Падар аз кор монда мешуд, модараш бошад, бегоҳ баъди кор ҳисоботи амали корашро менавишт. Ҳатто рӯзҳои истироҳат низ онҳо дар хона кам мемонданд. Салим асосан вақти худро пеши компютер мегузаронд. Баъзан вақт ба кӯча баромада, бо дӯстонаш бозӣ мекард. Ҳамин хел аз падару модар тарбияи хуб намегирифт. Сабаб он буд, ки онҳо барояш вақт намеёфтанд. Ана ҳамин хел имрӯзҳо баъзе аз кӯдакон ба воя мерасанд. Кӯдаконро парасторон, бозиҳои хушунатомез, наворҳои шубҳанок ва ғайра ба худ ҷалб мекунанд, на падару модар. Баъди аз тарбияи хуб дур мондан, ин кӯдак кӣ мешавад? Оқибат он мешавад, ки кӯдакон ҳурмату эҳтиром нистаби падару модарро гӯм карда, бадҷаҳл мегарданд. Муҳтарам падару модарон! Кор кор асту барои тарбияи фарзанд шумо вазифадор ҳастед. Кӯдак набояд дар тарбияи дигаре бошад. Бояд назди нафарони ғамхори худ бошад. Имрӯз ба ин кор аҳамият диҳед, ки фардо ғамгину нолон нагардед.

Мехоҳӣ, ки бегонае туро гирифта, нигоҳу бин кунанд!

Тирамоҳ бошад ҳам, рӯз хеле гарм буд. Фотима ва Парвина субҳ барвақт хостанд, ки дохили ҷангал шуда, барои чидани чағора раванд. Саид, бародари хурди онҳо ин корро дида, ба гиря даромад. Мехост, ки ӯро низ ҳамроҳ баранд.

Модар бошад писарашро хоҳиш кард, ки хона монад. Зора мекард, ки ӯро низ ба ҷангал баранд. Фотима розӣ шуда, ваъда дод, ки бародарашро ҳамроҳ бурда, нигоҳаш мекунад. Ҳамин хел онҳо, яъне 3 нафар равон шуданд ба ҷангал. Саид, ки аввалин бор дар ҷангал буд, манзараи атроф барояш хеле шавқовараш намуд. Ҳар чиро дида, роҳи дароз дар бораи онҳо аз хоҳарон мепусид. То нисфирӯзӣ хоҳарон сабадро пур аз чағора карда, омада, зери сояи дарахте барои дамгирӣ, нишастанд. Дар ҳамин вақт, онҳо диданд, ки санҷобе дар шохи дарахт чормағзеро шикаста истодааст.

Саид санҷобро дар расм дида буду тамом. Акнун санҷоби зиндаро дида, хурсанд шуд. Аз шодии зиёд, хоҳаронро хоҳиш кард, ки санҷобро барояш дошта бидиҳанд. Парвина бародарашро фаҳмонд, ки ҷонваронро набояд азоб дод. Саид бошад, ба хоҳараш ваъда дод, ки санҷобро ба касе нишон надода, нигоҳаш мекунад. Баъд Фотима тарафи бародараш гашт. - Мехоҳӣ, ки бегонае туро гирифта, нигоҳу бин кунанд? - Не, -гуфт Саид. - Бале, ҷонварон низ намехоҳанд, ки онҳо дастрас бошанд, азоб диҳанд, - фаҳмонд ӯ. Каме истироҳат карда, ҳамагӣ роҳи худро давом доданд. Замони ба хона омаданд, Саид ба модараш дар ҷангал дидаҳояшро бо шавқи зиёд нақл карда, ваъда дод, ҳеҷ гоҳ ҷонваронро азоб нахоҳад дод.

САИДА ИБРОҲИМОВА

Тарҷумаи Шамсиддини Муқим

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Раҳим Азимов – ягона тоҷик дар Думаи давлатии Русия

Раҳим Азимови 61-сола яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсии тоҷиктабор дар Федератсияи Русия ба шумор меравад. Ӯ айни замон вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия ва муовини якуми раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва муқовимат бо коррупсия мебошад.  Раҳим Азимов дар Шӯроби шаҳри Исфараи...


Масъала танҳо доштани телефон нест!

Солҳои охир масъалаи танзими рафтори ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба яке аз мавзуҳои баҳсталаби ҷомеа табдил ёфтааст. Бо рушди технология ва густариши истифодаи интернет, тарзи муносибат ба воситаҳои техникӣ низ дигаргун шудааст. Аммо баъзе маҳдудиятҳо ва иҷозатҳое, ки имрӯз амал мекунанд,...


Раҳимов муаллифи голи 1100-уми “Истиқлол” дар Лигаи олӣ шуд

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол”-и Душанбе Муҳаммадҷон Раҳимов номи худро дар таърихи бошгоҳ бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, голе, ки Раҳимов дар дақиқаи аввали вақти иловагии қисми якуми бозӣ муқобили дастаи “Истаравшан” ба...


Маърифати молиявӣ. 5 роҳи сарфа кардани пул

Ҳамарӯза мо барои хариди маҳсулоти рӯзгор вориди мағоза ё бозор мешавем. Оё медонед, ки харид кардан ҳам қоидаҳои худро дорад? Пас, 5 қоидаро бароятон пешниҳод менамоем. Ба назар сода менамоянд, аммо барои сарфаи пулу зиндагии беҳтари шумо кӯмак мекунанд.   Якум, харид аз бозор роҳи хуби...


Русия хариди ангур ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

Русия ният дорад хариди ангур, мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Ин масъала дар мулоқоти вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург баррасӣ шудааст.   Ба...