7 витамине, ки пӯст дӯст медорад

7 витамине, ки пӯст дӯст медорад

7 витамине, ки пӯст дӯст медорад

Занҳо бештар зебову дилрабо будан мехоҳанд. Бинобар ин, ба пӯсти хеш пайваста диққат медиҳанд. Аз маҳлулҳо ва косметикаҳои қиммат истифода карда, намедонанд, ки асрори зебоӣ ва таровати пӯст дар витаминҳост.

 

  1. Витамини А. Витамини А (ретинол) ва провитамини он (каротин) дар азнавшавии пӯст нақши асосиро мебозанд. Ин ду модда намии пӯстро нигоҳ дошта, монеи хушкшавии он мегарданд ва дар натиҷа пўст аз чинҳои бармаҳал эмин мемонад.

Маҳсулоти дорои витамини А: ҷигар, маҳсулоти ширӣ, зардии тухм, сабзӣ, каду, қаланфури сурх, помидор, ғулинг, мандарин, афлесун, ҷаъфарӣ ва шибит.

  1. Витамини В12. Витамини В12 (рибофлавин) дар зебоии пӯст нақши муҳим мебозад. Бар асари норасоии ин витамин ранги пӯст коҳида, дар атрофи лаб лаҷомак пайдо мешавад, лабҳо кафида хуншор мегарданд. Умуман, пӯстпартоии бадан аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷисми шумо аз витамини В12 танқисӣ мекашад.

Маҳсулоти дорои витамини В12: шир ва маҳсулоти ширӣ (хусусан ҷурғот, панир, қаймоқ, саршир), гӯшти беравған, ҷигар, зардии тухм, замбурӯғ, хамиртуруши нонпазӣ.

  1. Витамини С. Витамини С антиоксиданти табиӣ ба шумор рафта, ҷараёни пиршавии пӯстро ба таъхир мегузорад. Ҷавҳари аскорбин ташаккулёбии сафедаи махсусро, ки онро коллаген меноманд ва аз он чандириву ҳамвории пӯст вобастагӣ дорад, ба эътидол меорад. Витамини С қодир аст рагчаҳои хурди зери пӯстро тақвият бахшида, яраву захмҳои пӯстро шифо бубахшад.

Маҳсулоти дорои витамини С: меваи настаран (шиповник), смородинаи сиёҳ, лимӯ, афлесун, мандарин, чормағз, ангат (облепиха), карами дар намак хобонидашуда, ҷаъфарӣ.

  1. Витамини Е. Витамини Е (токоферол) антиоксидантест, ки ба ҳар як ҳуҷайрача ғизову ҳаво мерасонад.

Маҳсулоти дорои витамини Е: равғани растанӣ (офтобпараст, ҷуворимакка, зайтун, зағер), меваи настаран, зардии тухм, нахӯд, лӯбиё, мош, гандуми сабз.

  1. Калсий. Калсий аллергияи пӯстро рафъ намуда, ба барқароршавии ҳуҷайраҳо мусоидат мекунад.

Маҳсулоти дорои калсий: шир ва маҳсулоти ширӣ, тухм, гулкарам, барги салат, пиёз, ҷаъфарӣ, себ.

  1. Селен. Селен сарчашмаи ҳақиқии ҷавонӣ аст. Ин модда афзоиши ҳуҷайраҳоро ба низом оварда, барои ҳазми витамини Е мусоидат мекунад. Масуният ва асабро тақвият мебахшад.

Маҳсулоти дорои селен: гӯшт (хусусан гӯшти мурғ), панир, тухм, пиёз, чормағзи заминӣ (арахис), чормағз.

  1. Йод. Тадқиқотҳои охири олимони ҷаҳон нишон доданд, ки дар натиҷаи норасоии йод дар организм мубодилаи моддаҳо дар қабати пӯст халал ёфта, фарбеҳӣ ба амал меояд.

Маҳсулоти дорои йод: моҳӣ, карами баҳрӣ ва маҳсулоти баҳрӣ (креветка, кальмар) намаки йодноккардашуда.

 

Пресса.тж

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...