Тарбияи фарзанд – вазифаи муҳими волидайн

Тарбияи фарзанд – вазифаи муҳими волидайн

Ба ҳамагон маълум аст, ки тарбияи фарзанд сараввал аз оила оғоз меёбад. Ҳар як падару модаре, ки фарзандро ба дунёи ҳастӣ меоваранд, бояд вазифаи худро танҳо аз ғизо додан ба фарзанд ва ба воя расонидани вай иборат надонанд, онҳо инчунин дар тарбияи хуби ахлоқӣ ва таълими замонавӣ гирифтани фарзанд бояд масъулияти ҷиддӣ ҳис намоянд. Оила аввалин мактаби такомули ахлоқ ва одобу интизом аст.

 

Одоби салом додан, эҳтироми калонсолон, дурӯғ нагуфтан, иҷрои супоришҳои падару модар ва калонсолон, худдорӣ намудан аз суханони қабеҳ, хушмуомила ва меҳрубон будан, дуруст ғизо хӯрдану либос пӯшидан ва риояи ҳатмии меъёрҳои рафтору муносибати иҷтимоӣ ва дигар унсуру падидаҳои одобу тартиби интизомро инсон бори нахуст дар муҳити оила, маҳз аз падару модар меомӯзад. Ҳакимону адибони бузурги миллати мутамаддину бостонии тоҷик дар осори безаволи ахлоқӣ ва тарбиявии худ нақши бузурги оила ва масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандонро пайваста таъкид намуда, зимнан зикр кардаанд, ки волидайн бояд фарзандони худро дар хурдӣ адаб омӯзонанд, онҳоро аз илму дониш, касбу ҳунарҳои муфид бархурдор кунанд, то ба ин васила фарзандони онҳо ҳамчун инсони комилу хоксор, бо донишу маърифат ва соҳибкасбу ҳунар ба камол расида, ҳам ба оилаи худ ва ҳам ба ҷомеа манфиат расонанд. Волидайн зимни ба фарзанд омӯзонидани одобу ахлоқи нек, рафтору кирдори дуруст дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти оилавӣ ва иҷтимоӣ бояд бо онҳо бо забони соддаю ширин муроҷиат кунанд. Ба қавли Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, вақте ки падар машғули тарбияи хуби фарзанд мешавад, бояд ба фаҳму дарки кӯдак наздиктар бошад, то фарзанд хоҳиши падарро хуб бифаҳмад ва омухтанаш осон гардад:

Чун сару кори ту бо кӯдак фитод,

Ҳам забони кӯдакӣ бояд кушод.

Баҳри тифли нав падар тӣ-тӣ кунад,

Гарчи илмат ҳандасай гетӣ кунад.

Аз пайи таълими ин баста даҳан,

Аз забони худ бурун бояд шудан.

Тифли ҷон аз шири шайтон боз кун,

В-он гаҳ онаш бо малак анбоз кун.

Луқмае, к-он нур афзуду камол,

Он бувад оварда аз касби ҳалол.

Муҳаббати самимии байни падару модар барои рушди маънавию ҷисмонии фарзанд омили муҳимми тарбия гирифтани ӯ ба шумор меравад. Омӯзишҳои психологӣ нишон медиҳад, ки яке аз сабабҳои ба майзадагӣ ва нашъамандӣ гирифтор шудани наврасон ин аз бемеҳрии волидайн ва барҳамхӯрии оилаҳо мебошад. Зеро, танҳо дар асоси муҳаббати самимии байни ҳамдигарӣ ва дастгирии якдигар волидайн метавонанд дар ниҳоди фарзандони худ одобу рафтори нек ва ахлоқу фазилатҳои инсониро ташаккул диҳанд. Муноқишаи байни волидайн, носозгории онҳо боиси вайрон шудани тартибу интизоми ҳаёти оилавӣ ва бӯҳрони маънавию ахлоқӣ шуда, ба рӯҳияи фарзандон таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин маврид, шоире гуфтааст:

Пойи луч бошӣ ту, беҳ аз кафши танг,

Дар ғазо бошӣ ту, беҳ аз хонаҷанг.

Падару модар барои фарзанд инсонҳои аз ҳама азизу мӯҳтараманд. Унсурулмаолии Кайковус мегӯяд, ки фарзанд мисли мева асту падару модар мисли дарахт. Чӣ гунае, ки дарахтро парвариш кунӣ, аз он ҳамон гуна ҳосили дилхоҳ ба даст меояд ва ҳар гуна, ки падару модарро иззату эҳтиром кунӣ, дуову офариниши эшон ҳамон гуна мададгори фарзанд мегардад: “Ҳарчанд дарахтро хуб парвариш кунӣ, мева аз вай накӯтару беҳтар ёбӣ. Ва чун падару модарро ҳурмат кунӣ, дуову офарини эшон дар ту асари бештар кунад ва мустаҷобтар бувад ва ба хушнудии эшон наздиктар бошӣ”.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки соли 2011 қабул карда шуд, гувоҳӣ аз он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳиммияти тарбияи оилавиро дар марҳилаи ҷаҳонишавии тамаддунҳо дарк ва эҳсос намуда, мақоми оиларо яке аз рукнҳои асосии институтҳои иҷтимоӣ баланд арзёбӣ менамояд. Ҳарчанд қонуни мазкур масъулияти волидайнро нисбат ба таълиму тарбияи фарзанд ба танзим дарорад ҳам, мутаассифона, бархе аз волидайн аз ин масъулият фориғболанд ва санҷишҳо нишон медиҳанд, ки имрӯзҳо падару модароне, ки сари вақт ба муассисаҳои таълимӣ ташриф оварда, аз рафтору кирдор ва хониши фарзандонашон бохабар мешаванд, хеле каманд.

Барои баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон раванди татбиқи амалии Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» зери назорати доимии давлатию ҷамъиятӣ қарор гирифтааст. Татбиқи амалии Қонуни мазкур, аз тарафи волидайн ва умуман аҳли ҷомеа софдилона иҷро шудани талаботҳои он барои ҳамчун шахсиятҳои масъулиятшинос, дорои ахлоқу сифатҳои неки инсонӣ, бофазлу ҳунар ба камол расидани ҷавонону наврасон мусоидат намуда, кафолат медиҳад, ки онҳо минбаъд дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

 

Аҳмадҷон Садуллоев

2026-05-01 (Зулқаъдаи соли 1447) №5.


Мулоқоти Далер Ҷумъа бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон

Дар шаҳри Қазон мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов доир шуд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, мулоқот дар ҳошияи Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон –...


Фарқиятҳои инфаркт дар занон ва мардон

Нишонаҳои инфаркт дар мардон ва занон ба ҳамдигар хеле монанд буда, беморӣ асосан бо пайдоиши дард дар қафаси сина аз худ дарак медиҳад, вале баъзе хусусиятҳои фарқкунанда низ дорад.   Тавре ки таҷрибаҳои чандинсолаи табибон нишон медиҳанд, инфаркт дар мардон аллакай дар синни 45-солагӣ...


Шарму ҳаё

Ҳамду сано Парвардигореро, ки соҳиби мағфирату шоистаи тақвост ва дуруду саломи бепоён ба Паёмбари ростгўю ростқавл Ҳазрати Муҳаммад ﷺ ва хонадону ёронаш бод.   Шарму ҳаё. Ин ду калима хеле маънои васеъро дар бар мегиранд. Агарчанде калимаи шарм дар луғатномаҳо бо ҳар забон тарҷума шудааст,...


Чаро кӯдак дар хобаш гап мезанад?

Дар хобаш гап задани шахсро дар тиб «сомнилоквия» меноманд ва он аз насл ба насл мегузарад. Олимон бар он назаранд, ки сомнилоквия асосан бар асари стрессе, ки шахс дар давоми рӯз аз сар мегузаронад, пайдо шуда, дар натиҷа одам дар хоб худ ба худ гап мезанад.   Бояд гуфт, ки ин...


Табрикоти Иди Қурбон

Ассалому алайкум, хонандагони азиз!   Бо фарорасии Иди саиди Қурбон — иди қурбонӣ, эҳсон ва наздикӣ ба Парвардигори оламон — шуморо самимона табрик мегӯям. Иди Қурбон ёдовари он рӯзест, ки Иброҳими халилуллоҳ омода буд гаронтарин дороии худ — писари худ Исмоилро — дар роҳи Худо қурбон кунад. Ва...