Падар подшоҳу модар вазир аст

Падар подшоҳу модар вазир аст

Падар подшоҳу модар вазир аст

Меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман» муаллимаи собиқадор, сокини маҳаллаи 83-юми пойтахт Марямбӣ Саъдуллоева мебошанд.

 

Саволи мо ба муаллимаи азиз чунин аст:

– Ҷойгоҳи падару модарро имрӯз дар оила чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

– Азбаски асли вуҷуди ҳар инсон аз падару модар аст, дар миёни пайвандони хешутаборӣ ҳеҷ кас ба андозаи падару модар ба инсон наздик нест. Ин ду мавҷуди меҳрубон ба фарзандони худ аз даврони хурдсолӣ то даврони тавонмандӣ ёвару мададгор ҳастанд. Танҳо падару модар ҳастанд, ки ҳама имконоти худро бе риё ба фарзанд пешкаш мекунанд. Дар баробари нақши ҳаётиву арзишманди падару модар дар парваришу рушди фарзанд, лозим аст, ки фарзандон ба қадри ин ду неъмати бебаҳо расанд ва меҳнати онҳоро қадр намоянд.

Падару модар дар тамоми дину мазҳабҳо ва таълимоти тарбиявии дунявӣ ҷойгоҳи вижа доранд ва аз эҳтирому гиромидошти бузург бархўрдор ҳастанд. Ва бо таври пайваста таъкид кардану зикр намудани мақому манзалати волои волидайн инсонҳоро талқин мекунад, ки аз эҳтироми падару модар ва некӣ дар ҳақи онҳо ғофил набошанд.

Ҳар як падару модар дар сохтори оила аз ҷойгоҳи хосе бархӯрдоранд. Онҳо бо таваҷҷуҳ дар мавқеияташон дар муҳити хонавода нақшҳои гуногун ва дар айни ҳол мукаммалро иҷро мекунанд. Дар ҷойҳое ҳузури модар бузургтар ва дар мавридҳое ҳузури падар муассиртар аст. Ба ҳар ҳол онҳо ба таври муштарак низ метавонанд дар муносибатҳои оилавӣ таъсир гузоранд. Дар сохтори як хонаводаи комил, яъне хонаводаи ташкилшуда аз падару модар ва фарзандон, маъмулан падарон ноновари оила ҳастанд ва масъулияти таъмини хароҷоти рўзгор ва ниёзҳои иқтисодии хонавода бар уҳдаи онҳо мебошад.

Агарчи имрўзҳо бар иллати душвории зиндагӣ занон низ дӯш ба дӯши мардон дар пўшонидани бахше аз хароҷоти зиндагӣ саҳм мегиранд, аммо мардон вақти бештареро дар кори ба даст овардани маош сарф мекунанд. Ин амр мумкин аст боиси камаҳамият шудани робита миёни падарон ва фарзандон гардад.

Падар ҳамчун намоди иқтидор дар оила, дар тарбияи равониву ахлоқии фарзандон нақши муҳим дорад. Падар метавонад раҳнамои хубе барои тарбияи равониву ахлоқии фарзандон бошад. Ў метавонад писарро барои ифои нақшҳои мардона тарбия намояд. Писар ба муҳаббати падар ва эҳсоси ҳамдигарфаҳмӣ бо ў ниёзманд аст. Духтар бошад, тарбияи занона ва омўхтани ҳунарҳои барои худаш маъқулу заруриро аз модар мегирад.

Дар умум, оила ба як давлати хурдакаке шабоҳат дорад, ки дар он падар подшоҳ ва модар бошад, вазир аст. Аз ин рў, нақши ҳарду дар оромӣ ва осоиштагии оила даркор аст.

 

 

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...