Духтар чӣ гуна, модар намуна

Духтар чӣ гуна, модар намуна

Духтар чӣ гуна, модар намуна

Меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман» модари азиз аз ноҳияи Абудраҳмони Ҷомӣ Қосимова Моҳшариф мебошанд.

 

Саволи мо ба модари азиз чунин аст:

– Дар тарбияи духтарон ба кадом хислатҳои ҳамидаи инсонӣ зиёдтар аҳмият додан лозим, то аз онҳо модарони хуб ба воя бирасанд?

– Волидайн вазифадор ҳастанд, ки тамоми хислатҳои ҳамидаи инсониро ба фарзандони худ омўзонанд, новобаста аз ҷинсашон. Аммо тарбияи духтар вежагиҳои дигар дорад, зеро фардо аз духтари хурдакак модар ба воя мерасад. Ва фарзандони солеҳ дар домани модар ба воя мерасанд. Ман ин ҷо нақши падарро кам диданӣ нестам, аммо фарзанд зиёдтар бо модар мемонад, чунки падар беруни дар аст, яъне ба хотири таъмини молиявии оила кор мекунад.

Духтарро модар бояд бо рафтору гуфтори хеш тарбия намояд, зеро аввалин ҳарфи навозишро кўдак маҳз аз модар меомўзад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «духтар чӣ гуна, модар намуна». Дар домани модари бафарҳангу соҳибмаърифат фарзандони боодобу хушахлоқ ба воя мерасанд. Муносибат бо хусуру хушдоман, эҳтироми шавҳар, пайвандони шавҳар, ҳақу ҳамсоя, накӯкориро духтар маҳз аз модари худ ёд мегирад ва ба ў тақлид мекунад. Ҳунармандӣ, сарфакорӣ, сабру тоқат низ мероси маънавии модар ба духтар аст.

Аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ беҳтаринаш дар ҳаёт сабр аст. Ҳазрати Пайғамбар ﷺ дар ҳадисҳои муборакашон мегўянд, ки «Худованд собиронро дўст медорад». Ин андешаро бояд дар гўши духтарони хеш ҳалқа созем. Зани босабр дар зиндагӣ хор намешавад, дар дунё оилаи бе мушкилот, бе моҷаро ёфт намешавад, аз ин рў, дар ҳама пасту баландии ҳаёт бояд мо сабур бошем. Мерасад рўзе, ки подоши сабри хешро мегиред.

Як хислати дигари ба бонувон хеле зарур ва лозимӣ сарфакорист, сарфакорӣ ба зиндагӣ баракат меорад. Ҳама бузургонамон дар ин бора гуфтаанд ва Пешвои миллат ҳам дар тамоми вохўриҳояшон бо занон ин амали накӯро ситоиш мекунанд ва занонро ба сарфакорӣ ҳидоят мекунанд. Зани сарфакор мардро ба зиндагӣ дилгарм месозад. Пули ёфтаи мардро беҳуда харҷ накарда, онро барои беҳтар шудани зиндагӣ ва хонишу тарбияи фарзандон сарф намудан лозим аст.

Хислатҳои ҳамидаи инсонӣ хеле ва хеле зиёданд, аммо калиди ҳама хушбахтиҳои оилавӣ сабру тоқат аст. Сабру тоқату сарфакорӣ ки шуд, баракату меҳру муҳаббат низ мешавад.

 

«Пресса.тж»

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...