Зиндагӣ ҳазор гардиш дорад

Зиндагӣ ҳазор гардиш дорад

Зиндагӣ ҳазор гардиш дорад

Меҳмони навбатии гўшаи “Маслиҳати хушдоман” модари азиз, сокини деҳаи Наврўзи ноҳияи Панҷ Шаҳригул Мирзоева мебошанд.

 

Саволи мо ба меҳмон чунин аст:

Дар замони мо низ волидайне пайдо мешаванд, ки «духтар чиву хонданаш чӣ» гўён, дар таҳсилоти олӣ гирифтани духтарон монеа эҷод мекунанд. Ба назари шумо келини хондагӣ хуб аст ё нохонда?

Ба гумони банда солҳои ахир нигоҳи мардум ба хондани духтарҳо дигар шудааст, барои осонии кор дар ноҳияҳои дурдаст филиали донишгоҳҳову коллеҷҳо кушода шуда истодаанд, ки иқдоми хеле олӣ аст. Сарчашмаи ин иқдомот ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат аст, ки ба таълиму тарбияи ҷавонон, ба вежа духтарон аҳмияти зиёд медиҳанд. Ҳангоми сафарҳои худ ба ноҳияҳои дурдаст, ҷавонони болаёқатро дида, бо хушнудӣ аз онҳо пуштибонӣ мекунанд. Барои ятимону бепарасторон квотаҳои президентӣ ҷудо мешавад, ки боиси дилгармии ҷавонон аст.

Ман чор духтару як писар дорам, ки шукронаи Худои бузург ҳар кадоме соҳиби хонаву дари обод ва фарзандон ҳастанд. Ҳамаи онҳо соҳиби маълумоту ҳунарҳои зебо ҳастанд, писару ду духтарам духтур, ду духтари дигарам бошанд, дўзанда ҳастанд. Духтаронро лозим аст, ки касбу ҳунареро аз бар намоянд, зеро аробаи зиндагиро баробар бо шавҳар кашидан бори ўро хеле сабук месозад. Баъд, зани ҳунарманд худаш худашро эҳтиром мекунад, дар оилаву ҷомеа соҳибэҳтиром мешавад. Ҳунарманд дар ҳама давру замон новобаста аз вазъияти ҷомеа нонашро ёфта мехўрад, ба касе муҳтоҷ намешавад. Баъзе волидайн танҳо дар тарбияи писарашон кӯшиш ба харҷ медиҳанду духтарро моли мардум ҳисобида, ба дасти шавҳараш ба обрў додани ўро вазифаи ҷонии худ медонанд. Набояд ин хел бошад, зиндагӣ ҳазор гардиш дорад ва бояд волидон ояндаи фарзанди худро андеша намоянд.

Аз рўйи мушоҳидаҳоям медонам, ки бисёриҳо имрўз келини хондагӣ мекобанд, мардҳо низ мехоҳанд модари фарзандонашон босаводу ҳунарманд бошад. То дар зиндагӣ тавонанд идеали фарзандони худ бошанд.

 

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Баъди 6 сол қатораи Душанбе – Маскав дубора ба роҳ мебарояд

Баъди шаш соли таваққуф ҳаракати қатораи мусофирбар дар масири Душанбе – Маскав – Душанбе аз нав оғоз мешавад. Нахустин қатора рӯзи 21 июн аз пойтахти Тоҷикистон раҳсипор хоҳад шуд.   Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, арзиши чипта дар вагони умумӣ 2617 сомонӣ ва дар...


Тоҷикони муваффақ дар Русия

Чеҳраҳое, ки миёни ду кишвар пул месозанд   Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия таърихи тӯлонӣ ва заминаи мустаҳками ҳамкорӣ доранд. Имрӯз ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору фаъолият намуда, дар рушди иқтисоди ҳар ду кишвар саҳм мегузоранд. Дар баробари...


Кумаки Русия ба мактабҳои Тоҷикистон

Русия дар доираи барномаи Созмони Милали Муттаҳид ба мактабҳои Тоҷикистон наздики 260 тонна маҳсулоти ғизоӣ кумак намуд. Кумаки башардӯстона равғани офтобпараст ва нахӯди зардро дар бар мегирад. Ин маҳсулот барои дастгирии барномаҳои ғизодиҳии мактабӣ ва беҳтар намудани вазъи таъминоти ғизоии...


Маърифати молиявӣ. 5 роҳи сарфа кардани пул

Ҳамарӯза мо барои хариди маҳсулоти рӯзгор вориди мағоза ё бозор мешавем. Оё медонед, ки харид кардан ҳам қоидаҳои худро дорад? Пас, 5 қоидаро бароятон пешниҳод менамоем. Ба назар сода менамоянд, аммо барои сарфаи пулу зиндагии беҳтари шумо кӯмак мекунанд.   Якум, харид аз бозор роҳи хуби...


Бозии дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар Турсунзода

Мухлисони футбол дар шаҳри Турсунзода пас аз танаффуси тӯлонӣ боз шоҳиди бозии тими миллии футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Талко-Арена” хоҳанд шуд.   Рӯзи 5-уми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рӯзҳои расмии FIFA дар як бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон рақобат...