Хамиртуруш ё заҳр?!

Хамиртуруш ё заҳр?!

Хамиртуруш ё заҳр?!

Мо ҳамарӯза нон ва маҳсулоти нониеро, ки ба воситаи хамиртуруши сунъӣ (дрож) омода карда мешавад, истеъмол карда, фикр намекунем, ки он то чӣ ҳад ба саломатии инсон зараровар аст. Зеро дрож аз замбурӯғи сунъӣ, ки дар табиат вуҷуд надорад, таҳия мешавад.

 

Фарзияе ҳаст, ки хамиртуруши сунъӣ дар давраи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ пайдо шуда, мувофиқи баъзе маъхазҳо, онро олимони олмонӣ бо мақсади эҷоди силоҳи биологӣ таҳия кардаанд. Тибқи идеяи лоиҳаи онҳо «Der kleine Morder» («қотилони хурдакак»), хамиртуруше, ки ба бадани инсон ворид мешавад, бояд онро аз ҳисоби маҳсулоти мубодилаи моддаҳо (кислотаҳои паралитикӣ) заҳролуд кунад. Ин намуди хамиртурушро хамиртуруши термофилӣ низ меноманд. Зарари он дар таркиби нон мавзӯи баҳси олимон ва нонпазҳост. Онҳо бовар доранд, ки хамиртуруш ҳангоми нав истеъмол шуданаш ба организм зараровар аст, аммо ҳангоми пухтани нон, ки ҳарорати дохили он ба 98 дараҷа мерасад, хамиртуруши термофилӣ мемирад. Вале исбот шудааст, ки хамиртуруши дар шароити замонавӣ истеҳсолшуда метавонад ҳатто дар 500 дараҷа гармӣ инкишоф ёбад. Он дар баробари нон ба организм дохил шуда, микрофлораи рӯда ва кори дигар узвҳоро вайрон мекунад.

Тасодуфӣ нест, ки дар Конгресси дуюми умумиҷаҳонии тиби гиёҳӣ дар Прага соли 1990 профессор Ларберт доир ба таъсири нони аз хамиртуруши сунъӣ омодашуда сухан ронда, қайд намуд, ки истеъмоли тӯлонии ин гуна нон боиси як қатор бемориҳо, аз ҷумла бемории гемоглиоз мегардад. Ин беморӣ бо дарди сар, хоболудӣ, асабоният, сустшавии хотира, афзоиши часпакии хун ва мушкилоти ҳозима оварда мерасонад. Ларберт бар ин назар аст, ки гемоглиоз аз бемории сил бештар маъмул ва хатарноктар аст.

Олимон исбот кардаанд, ки хамиртуруш ба бемориҳои ниқрис, дисбактериоз ва гурда таъсири манфӣ мерасонад. Ғайр аз ин, метавонад занҳоро мубталои бемории кандидоз (молочница) гардонад.

Дар ИМА, Шветсия ва дигар давлатҳо истеъмоли нони бе хамиртурушро роҳандозӣ кардаанд, ки бемории саратонро пешгирӣ мекунад.

Алтернативаи хамиртуруши термофилӣ хамирмояи хонагӣ мебошад. Аксар олимони соҳа низ истифода аз хамирмояро тавсия медиҳанд.

Таъкид мекунанд, ки истифодаи хамиртурушҳои хушк барои корхонаҳои нонбарорӣ ва нонвойхонаҳо аз нигоҳи сарфаи вақт басо мувофиқанд, зеро хамирро дар муддати ду соат мерасонад. Хамиртуруши урфӣ бошад, хамирро дар панҷ-шаш соат омода мекунад. Гарчанде хамирмояи урфӣ вақти зиёдтарро мегирад, истифодаи он ба организм безарар аст. Зарари нони бо хамиртуруши хушк омодашударо нафароне низ мушоҳида мекунанд, ки аз истеъмоли он даст кашидаанд. Пеш аз ҳама, зардаҷӯш аз байн рафта, равандҳои ферментатсия низ он қадар фаъол намешавад. Бо истинод ба ин далелҳо мо бояд хулосаи худро дошта бошем.

 

«Пресса.тж»

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Тоҷикони муваффақ дар Русия

Чеҳраҳое, ки миёни ду кишвар пул месозанд   Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия таърихи тӯлонӣ ва заминаи мустаҳками ҳамкорӣ доранд. Имрӯз ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору фаъолият намуда, дар рушди иқтисоди ҳар ду кишвар саҳм мегузоранд. Дар баробари...


Раҳимов муаллифи голи 1100-уми “Истиқлол” дар Лигаи олӣ шуд

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол”-и Душанбе Муҳаммадҷон Раҳимов номи худро дар таърихи бошгоҳ бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, голе, ки Раҳимов дар дақиқаи аввали вақти иловагии қисми якуми бозӣ муқобили дастаи “Истаравшан” ба...


Ғазалиёти Саъдӣ Шерозӣ (Саъдӣ – паёмбари ғазал)

Мусаллам аст, ки то Саъдӣ, яъне то асри XIII жанри ғазал дар адабиёти мо буд. Ин анъанотро Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ давом дод ва боз бо навовариҳои худ ғазалро болу пари тоза бахшид ва шуҳрати онро ба арш расонд. Ба ҳамин хотир, ҳанӯз дар асри XV азамати Саъдиро дар ин ҷода бузургон эътироф карда,...


Маърифати молиявӣ. 5 роҳи сарфа кардани пул

Ҳамарӯза мо барои хариди маҳсулоти рӯзгор вориди мағоза ё бозор мешавем. Оё медонед, ки харид кардан ҳам қоидаҳои худро дорад? Пас, 5 қоидаро бароятон пешниҳод менамоем. Ба назар сода менамоянд, аммо барои сарфаи пулу зиндагии беҳтари шумо кӯмак мекунанд.   Якум, харид аз бозор роҳи хуби...


Кумаки Русия ба мактабҳои Тоҷикистон

Русия дар доираи барномаи Созмони Милали Муттаҳид ба мактабҳои Тоҷикистон наздики 260 тонна маҳсулоти ғизоӣ кумак намуд. Кумаки башардӯстона равғани офтобпараст ва нахӯди зардро дар бар мегирад. Ин маҳсулот барои дастгирии барномаҳои ғизодиҳии мактабӣ ва беҳтар намудани вазъи таъминоти ғизоии...