Фарзандон мисли гулҳои боғанд

Фарзандон мисли гулҳои боғанд

Фарзандон мисли гулҳои боғанд

Фарзандро ба гулҳои зебои боғе шабоҳат додаанд, ки агар боғбони хуб бошад, он гулҳо ҳамеша мешукуфанд. Аммо агар боғбони танбалу бепарво бошад, гулҳои он боғ ба зудӣ хазон мегарданд.

 

Тарбия ва парвариши фарзанд низ мисли парвариши гулҳои боғ аст. Вазифаи падару модар танҳо ба дунё овардани фарзанд нест, балки тарбияи хуб додану ба камол расонидан низ ҳаст. Аммо, мутаассифона, баъзе падару модарон аз рӯйи мақоли “Хоҷа, боғ дорӣ? Ҳа, дорам” амал мекунанд. Яъне, ба маънои фарзанд дорам, шуд. Аммо ин андешаи онҳо хатост, чунки боғбон шудӣ, пас бояд меҳнати зиёд кунӣ, то ки боғат самараи зиёд диҳад. Саъдии бузург дар як пандаш гуфтааст: “Туро пурсанд, ки ҳунарат чист? Нагӯяндат, ки падарат кист?”. Ё ин ки, мегӯянд: Гирди номи падар чӣ мегардӣ? Падари хеш шав, агар мардӣ. Хуб мешавад, агар падару модарон дороии худро барои ба даст овардани илму дониши фарзандонашон сарф кунанд. Набояд ба онҳо телефонҳои қиммат, мошинҳои зебои хориҷӣ харанду пули зиёд барои айшу ишрат ва корҳои беҳуда сарф кунанд. Пуле, ки бо меҳнат ба даст намеояд, инсонро тамоман танбалу маишатпараст мекунад. Бигзор фарзанд дар мадди аввал хонад, дониш гирад ва соҳибкор гардад. Ҳангоме ки хонда соҳибилм мегардад, ҷойи кори хуб ҳам насибаш мегардад ва ба қадри пулу зиндагӣ ва падару модар ҳам мерасад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст карданд, ки Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълуму тарбияи фарзанд”-ро қабул карданд. Ҳар як падару модарро лозим аст, ки дар бораи ояндаи фарзанди худ фикр кунад ва кӯшиш намояд, ки фарзандаш хонад ва ба умеди мероси падар нагардад. Он гоҳ заҳмати волидайн самар меораду ҷамъият пеш меравад.

 

Гулсун Восиева, омӯзгори МДТ “Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе”

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Ғазалиёти Саъдӣ Шерозӣ (Саъдӣ – паёмбари ғазал)

Мусаллам аст, ки то Саъдӣ, яъне то асри XIII жанри ғазал дар адабиёти мо буд. Ин анъанотро Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ давом дод ва боз бо навовариҳои худ ғазалро болу пари тоза бахшид ва шуҳрати онро ба арш расонд. Ба ҳамин хотир, ҳанӯз дар асри XV азамати Саъдиро дар ин ҷода бузургон эътироф карда,...


Маърифати молиявӣ. 5 роҳи сарфа кардани пул

Ҳамарӯза мо барои хариди маҳсулоти рӯзгор вориди мағоза ё бозор мешавем. Оё медонед, ки харид кардан ҳам қоидаҳои худро дорад? Пас, 5 қоидаро бароятон пешниҳод менамоем. Ба назар сода менамоянд, аммо барои сарфаи пулу зиндагии беҳтари шумо кӯмак мекунанд.   Якум, харид аз бозор роҳи хуби...


Саволу ҷавоб

Ман дар Русия муҳоҷирам. Ҳамсарам рўзе аз ман нопурсида ба хонаи волидонаш меравад. Ман инро шунида ҷанҷол кардам, баъдан гуфтам, ки “агар аз ин пас нопурсида рафтӣ, се талоқат мекунам ё се талоқ ё се талоқатро медиҳам”. Дар хотир надорам, ки кадом яке аз ин лафзҳоро гуфтаам. Ҳамсарам...


Баъди 6 сол қатораи Душанбе – Маскав дубора ба роҳ мебарояд

Баъди шаш соли таваққуф ҳаракати қатораи мусофирбар дар масири Душанбе – Маскав – Душанбе аз нав оғоз мешавад. Нахустин қатора рӯзи 21 июн аз пойтахти Тоҷикистон раҳсипор хоҳад шуд.   Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, арзиши чипта дар вагони умумӣ 2617 сомонӣ ва дар...


Кумаки Русия ба мактабҳои Тоҷикистон

Русия дар доираи барномаи Созмони Милали Муттаҳид ба мактабҳои Тоҷикистон наздики 260 тонна маҳсулоти ғизоӣ кумак намуд. Кумаки башардӯстона равғани офтобпараст ва нахӯди зардро дар бар мегирад. Ин маҳсулот барои дастгирии барномаҳои ғизодиҳии мактабӣ ва беҳтар намудани вазъи таъминоти ғизоии...