Модар

Модар

Модар неъмати дунё ва охират, сарчашмаи муҳаббати беканор ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзиву бедорхобӣ ва бурдбории ӯ танҳо ба худаш хос аст, ки касро ба ҳайрат меорад. Фарзанд дар канори модар бо олами рангини кӯдакӣ ба воя мерасад, аз ӯ дарси одамгарию ватандӯстиро меомӯзад. Канори модар худ мактаби аввалини ҳаёти инсон аст. Модар мехоҳад, ки тифлаш бе нуқс сабзида, мададгори даврони пирӣ гардад.

Инсон баъд аз дур гаштан аз оғӯши гарми модар қимати ӯро хубтар дарк мекунад, зеро мисли канори модар макони дигаре нест. Шоир барҳақ фармудааст: Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст, То ба пойи худ равон гаштем, саргардон шудем. Модар дар ҳама ҳолат чи ҳозиру ғоиб пайваста дар ёди фарзанд аст. Оромиву сиҳатӣ ва хушгуфтории фарзандро дида меболад. Аҷаб дунёи рангину зебо дорад модар.

Мутаассифона на ҳама вақт мо бо қадри ин ганҷи бебаҳо расида метавонем, гоҳ дар дарёи пуршӯри ҷавонӣ ва ишқу ҳавас заврақ меронему модарро фаромӯш месозем. Аммо баъд аз кору кирдори худ пушаймон гашта ба суроғаш меоем, аммо сад афсӯс, ки дигар ганҷи аз даст рафтаро намеёбем, зеро аз даст додани модар барои фарзанд фоҷиаи хеле гарон аст. Бешубҳа такя дар паҳлӯи модар, хоб дар зонуи модар шоҳбайти китоби хотираҳои зиндагист. Такя дар паҳлӯи модарҷон ғанимат будааст, Хоб дар зонуи модарҷон ғанимат будааст. Давлату сарвати фарзанд модар аст. Модар ба қадрдонӣ сазовор аст. Ана ҳамин бузургию шаҳомати ӯро бо назар гирифта, модарро тимсоли Ватан медонанд. Ҳар фарзанде, ки қадри модарро донад, бо дуояш хушбахту шуҳратёр мегардад. Ҳама олимону шоирон, ҳунармандону косибон парвандаи боғи муаттари модарон аст.

Аз ин рӯ ҳар кас бояд қадри ин ганҷи бебаҳоро донад. Модар шахсиятест, ки лоиқу сазовори эҳтиром аст. Ҳар кас ҳурмати модарро ба ҷо орад, ба мақому манзалати баланд сазовор мегардад. Ривоят аст, ки Султон Увайси Қаранӣ модари пире дошт. Боре модар аз Увайс шир хост. Увайс дар ҷустуҷӯи шир дар маҳаллаҳо мегашт ва баъд аз чанде ба хона шир овард. Чун ба хона баргашт, хоби модар бурда буд. Ба гумоне, ки шояд модар бедор шуда шир хоҳад, пиёла дар даст, то саҳар дар назди модар қоим буд. Чун модар бедор шуд, каме шир хӯрда, дар ҳаққи Увайс дуои нек кард. Ҳамон дуои неки модар аст, ки номи Увайси Қаранӣ то ба қиёмат вирди забонҳост. Дар ин маврид Паёмбар ﷺ фармудаанд: «Дуои се тоифа ба даргоҳи Худованд мустаҷоб аст.

Дуои мазлум, дуои мусофир ва дуои падару модар». Абуҳурайра мегӯяд: «Шахсе назди Расулуллоҳ ﷺ омад ва гуфт: - Ё Расулуллоҳ e, сазовортарини мардум, ки барояш эҳсон кунам кист? Фармуданд: - Модар, сипас модар, боз модар, баъд аз он падар. (Муттафақун алайҳ). Аз ин гуфтаҳои Паёмбар мебинем, ки модар бояд ҳамеша аз ҷониби фарзандон дар муҳити раҳму шафқат, ҳусни муошират, меҳру муҳаббат, иззату икром қарор дошта бошад. Падар ҳам чунин аст, аммо модарро таъкид кардани Паёмбар ﷺ бе ҳикмат нест, зеро зан нисбат ба мард бисёр заифу муштипар аст. Ба дунё овардани тифл аз ҳамлу таваллуд, шир додан, ҳама бар дӯши ӯст ва аз ин рӯ, фарзанд бояд нисбати ӯ шафқати бештар дошта бошад.

Бузургии модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Мо бояд кӯшиш кунем ки сазовори розигии падару модар бошем. Агар волидайн зинда бошанд бояд кӯмак кунем ва аз аҳволаш бо хабар бошем ва агар аз ин дунёи фони гузашта бошанд бояд дар ҳаққашон дуои нек кунем. Парвардигоро падару модарони моро аз раҳмати бепоёнат маҳрум нагардон.

Сарчашма: «Шурой уламо»

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Баъди 6 сол қатораи Душанбе – Маскав дубора ба роҳ мебарояд

Баъди шаш соли таваққуф ҳаракати қатораи мусофирбар дар масири Душанбе – Маскав – Душанбе аз нав оғоз мешавад. Нахустин қатора рӯзи 21 июн аз пойтахти Тоҷикистон раҳсипор хоҳад шуд.   Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, арзиши чипта дар вагони умумӣ 2617 сомонӣ ва дар...


Раҳим Азимов – ягона тоҷик дар Думаи давлатии Русия

Раҳим Азимови 61-сола яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсии тоҷиктабор дар Федератсияи Русия ба шумор меравад. Ӯ айни замон вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия ва муовини якуми раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва муқовимат бо коррупсия мебошад.  Раҳим Азимов дар Шӯроби шаҳри Исфараи...


Хушуъ дар намоз

Намоз робитаи Худованд бо бандагон аст. Қуръони карим ба се чизи бисёр муҳим ва қобили тааммул дар намоз, яъне хушӯъ, пойбандӣ ва давомнокӣ ишора фармудааст: «Мӯъминон растагор шуданд, онҳое, ки дар намозашон хушӯъ доранд» (сураи «Мӯъминун» оятҳои1-2).   «Ва...


Масъала танҳо доштани телефон нест!

Солҳои охир масъалаи танзими рафтори ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба яке аз мавзуҳои баҳсталаби ҷомеа табдил ёфтааст. Бо рушди технология ва густариши истифодаи интернет, тарзи муносибат ба воситаҳои техникӣ низ дигаргун шудааст. Аммо баъзе маҳдудиятҳо ва иҷозатҳое, ки имрӯз амал мекунанд,...


Маърифати молиявӣ. 5 роҳи сарфа кардани пул

Ҳамарӯза мо барои хариди маҳсулоти рӯзгор вориди мағоза ё бозор мешавем. Оё медонед, ки харид кардан ҳам қоидаҳои худро дорад? Пас, 5 қоидаро бароятон пешниҳод менамоем. Ба назар сода менамоянд, аммо барои сарфаи пулу зиндагии беҳтари шумо кӯмак мекунанд.   Якум, харид аз бозор роҳи хуби...