Сабру шикебоӣ ба мақсад мерасонад

Сабру шикебоӣ ба мақсад мерасонад

Сабру шикебоӣ ба мақсад мерасонад

 

Меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман» модари азиз, сокини деҳаи Қалъаи Нави шаҳри Роғун Бегова Оишамоҳ мебошанд. Меҳмони азизи мо ҳаштоду як сол дошта, таҷрибаи бойи зиндагӣ андўхтаанд.

 

Ба модари гиромӣ саволи мо чунин аст:

– Барои аз вайроншавӣ нигоҳ доштани оилаҳои ҷавон чӣ бояд кард?

– Насли мо урфу одат ва анъанаҳои аҷдодиро пос медоштанду дар оғози ҳар кор ба ҳамин расму оин такя карда, кор мекарданд. Шояд аз ҳамин хотир солҳои пеш вайроншавии оилаҳо кам ба мушоҳида мерасид.

«Ҷомаи бомаслиҳат кўтоҳ намеояд» мегуфтанд гузаштагони мо ва дар оғози ҳар кор аз калонсолони авлоди хеш маслиҳат мепурсиданд.

Ман гуфтаниям, ки пеш аз он ки духтар ё писари худро хонадор карданӣ мешавед, бояд таҳу тўшаи тарафи қудошавандаро омўзед. Аз оилаи солиму хуштарбия гирифтани келин ё домод шарти аввали издивоҷ аст.

Бисёриҳо бар он назаранд, ки муҳаббат барои издивоҷ он қадар зарур несту баъди хонадоршавӣ он маънии худро гум мекунад, аммо ин хел нест. Агар домод ё арўс зебову хондагиву ҳунарманд бошанду ба якдигар маъқул не, хатари вайроншавии оила мавҷуд аст. Пеш аз тўй ба ҷавонон фаҳмонидан лозим аст, ки зиндагӣ пур аз камбудиву пастиву баландист, танҳо дасто ба даст ва бо кумаки якдигар ин монеаҳоро метавонед бартараф намоед. Ба хотири як камбудии кўчак ҷангу ҷанҷол бардошта, зиндагии якдигарро заҳр накунед, дилатонро сиёҳ насозед, зеро гоҳе дигар пайванд намудани дили шикаста душвор мешавад. Дар оила дилмондагӣ ки шуд, ҳурмату эҳтиром аз байн меравад.

Дар баъзе ҳолатҳо вайроншавии оилаҳои ҷавон бо дахолати калонсолон сурат мегирад, ки ин хеле бад аст. Калонсолонро лозим аст, ки роҳбалади оилаҳои ҷавон бошанд, на тамошобину эродгир. Замони ҷавонии худро ба ёд биёранд, чӣ камбудиҳо доштанд, ба онҳо хушдоманҳояшон чӣ гуна муносибат мекарданд? Яъне, танҳо бо гузашти синну сол одам сабуру ҳунарманду пандпазир мегардад.

Худи ҷавонон ҳам набояд ҳар гапу корро баҳона карда, ҷангу ҷанҷол кунанд. Бо сабру шикебоӣ ба мақсад хоҳанд расид.

«Пресса.тж»

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...