Ҷаҳон Азонов: Агар модар ба кӯдак шири сунъӣ диҳад, меҳр кам мешавад

Ҷаҳон Азонов: Агар модар ба кӯдак шири сунъӣ диҳад, меҳр кам мешавад

Профессор ва ғизошиноси маъруфи тоҷик Ҷаҳон Азонов мегӯяд, ки шири модар на танҳо ғизо, балки як муъҷизаи табиӣ барои рушди солимии кӯдак аст. Ба таъкиди номбурда, кӯдак бояд ҳадди ақал 6 моҳ танҳо бо шири модар ғизо гирад, зеро ин барои саломатии ҷисмонӣ ва устувории пайванди оилавӣ муҳим аст.

 

Профессор Ҷаҳон Азонов зини як мизи мудаввар дар мавзӯи “Инъикоси натоиҷи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои бисёрсоҳавӣ оид ба ғизо дар Тоҷикистон” иброз дошт, ки шири модар ҳеҷ гуна маводи сунъиро иваз карда наметавонад. Тавре ки профессор иброз дошт: «Модарон бояд кӯдаконро ҳадди ақал 6 моҳ танҳо бо шири модар таъмин кунанд. Ин на танҳо ғизо, балки пайванди меҳру муҳаббати байни модар ва кӯдакро тақвият медиҳад».

Ҳамзамон, профессори тоҷик тавсия дод, ки агар имкон бошад, шири буз ҳамчун алтернатива барои кӯдак истифода шавад, зеро дар таркибаш казеин надорад ва осонтар ҳазм мешавад. Вай афзуд, ки шири гов ва дигар ғизоҳои сунъӣ ба шири модар мутобиқ нестанд ва барои кӯдак фоиданок нестанд.

Ба таъкиди Ҷаҳон Азонов, муҳаббат ва наздикии модар ба кӯдак тавассути сина додан ва рӯ ба рӯ бо кӯдак будан устувор мешавад. Ин муносибат оянда кӯдакро ба пуштибони модар ва шахси солим табдил медиҳад.

Масъулияти модарон дар таъмини ғизои солими кӯдак хеле муҳим аст. Ӯ гуфт: «Ҳамаи ин аз худи модарон вобаста аст. Агар модар кӯдакро бо шири сунъӣ таъмин кунад, эҳсоси меҳр ва пайванди кӯдак бо модар кам мешавад».

 

(«Пресса.тж»)

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...