Интихоби ғизои иловагӣ барои кӯдак

Интихоби ғизои иловагӣ барои кӯдак>

Интихоби ғизои иловагӣ барои кӯдак яке аз марҳилаҳои хеле муҳим дар рушди тифлакон мебошад. Ин раванд одатан пас аз 6-моҳагӣ оғоз меёбад, зеро дар ин давра шири модар дигар талаботи ғизоии кӯдакро ба пуррагӣ қонеъ гардонида наметавонад.

 

Вақти мувофиқ барои оғоз

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тавсия медиҳад, ки модарон додани ғизои иловагиро ба тифлакони худ баъди 6-моҳагӣ сар кунанд. Шуруъ кардан ба додани ғизои иловагӣ пеш аз 4-моҳагӣ тавсия дода намешавад.

 

Аломатҳое, ки кӯдак ба хӯрдани ғизои иловагӣ омода аст

Аломатҳое мавҷуданд, ки ба хӯрдани ғизои иловагӣ тайёр будани кӯдакро нишон медиҳанд, масалан ба ғизо таваҷҷуҳ мекунад, вақте калонсолон хӯрок мехӯранд, тифлак нигоҳашро аз даҳони онҳо намеканад. Аллакай қобилияти фурӯ бурдани ғизоро дорад ва онро барнамегардонад.

 

Ба даҳон чизеро гирифта метавонад...

Тарзи интихоби ғизои иловагӣ Додани ғизои иловагиро ба кӯдак аз ғизоҳои нарм ва як навъ оғоз намоед, масалан пюре аз сабзавоти пухташуда ба мисли картошка ва сабзӣ, шарбат аз меваҳо, махсусан банан, себ ва нок. Пас аз 7-8-моҳагӣ ба кӯдак хӯрокҳои ширии биринҷӣ, шӯрбо ва гӯшти кӯфташуда додан мумкин аст. Аввал як навъи ғизоро диҳед ва 3-5 рӯз сабр кунед, то фаҳмед, ки ҷисми кӯдак онро чӣ гуна қабул мекунад. Ин имкон медиҳад, ки ба ин ё он навъи маҳсулот аллергия доштан ё надоштани кӯдакро бифаҳмед.

 

Тарзи додани ғизо

Аввал аз 1-2 қошуқча оғоз карда, тадриҷан миқдори ғизои иловагиро зиёд кардан лозим аст. Бигузоред кӯдак худаш суръатро муайян кунад. Ғизо бояд бо қошуқ дода шавад, на бо шиша. Ғизои навро дар аввали рӯз диҳед, на шом, то дар сурати пайдо шудани аллергия сари вақт чора андешида тавонед. Аз додани хӯрокҳои сернамак, шакардор, асал ва хӯрокҳои сахт ба кӯдак то синни яксолагӣ худдорӣ намудан лозим аст. Пас аз ғизои иловагӣ ба кӯдак ҳатман об диҳед.

 

(Маҳина Рахимова)

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...