Интихоби зарф барои ошпазхона

Интихоби зарф барои ошпазхона

Ҳар як зан хоҳиш дорад, ки дар ошпазхона зарфҳои аз ҳама беҳтарин дошта бошад. Ин аз он нишон медиҳад, ки дар ин хонавода роҳат ва зебойӣ бошад. Баъзеҳо мехоҳанд, ки зеботарин ва ноёбтарин зафҳоро дошта бошанд, ки ин суҳбати алоҳида аст. Биёед тарафҳои мусбат ва минфии зарфҳои ошхонаро дида бароем.

Чӯян

Зарфи чӯянӣ ба монанди сковородка ва дегчаи чандгӯша хеле хуб ба назар гирифта мешавад. Онҳо ҳарорати таъомро хеле хуб нигоҳ медоранд. Дар сандуқ, ё ошхонаи гоз, (плита) ва оташдони кӯча ғизо хеле хуб пӯхта мешавад. Чӯян ҳарорати ғизоро хеле зиёд нигаҳ медорад, зуд хунук намешавад, ки барои мо муҳим аст. Ҳангоми истифодабарӣ аз зарфи чӯянӣ зангор, ё часпак (патина) ба вуҷуд меояд, ки ба монанди сӯхтаи ғизо мебошад. Зарфҳои чуқур барои пухтани ҳама гуна ғизои аз гӯшту меваҷот мувофиқ аст. Дар онҳо ғизои бомаззаи обгӯшт, гӯштбирён ва пухтани нон низ хеле хуб аст. Зарфи чӯянӣ оддӣ ва бо сири болопӯшида сохта мешавад. Ҳар ду гунаи ин зарфҳо тарафдорони хеле зиёд доранд. Зарфи бе рӯкаши сир дошта, дар шустушӯй мушкилӣ дорад. Бисёреҳо дар он ақидаанд, ки зафи оддӣ ғизоро хӯшмазза мекунад. Дигарон ба зарфи ҷӯяни рӯпӯшшуда баҳои баланд медиҳанд.

Зарфи чӯянӣ кадом камбудӣ дорад? Пеш аз ҳама вазнин аст. Маҳз барои ҳамин, нависандаи ин сатрҳо чунин зарфро барои пешниҳод қабул надорад. Мушкилии дигар он аст, ки чунин зарфҳо дар мошини зарфшӯйӣ шӯста наметавон кард. Чизи муҳими дигар он аст, ки чӯяни рӯпушкардашударо бо олоти оҳанӣ, ё сахт шӯстан мумкин нест, ки сири он харошида мешавад. Зарфи ошпазхона муносибати хубу бардавоми истифодабариро талаб мекунад.

Пӯлоди зангназананда

Зарфи зангназананд бартарии хеле зиёд дорад. Пеш аз ҳама аз занг задан дур аст, мустаҳкам буда, хидмати зиёд карда, хеле хубу тез ғизоро гарм мекунад. Агар мо зарфи пӯлодинро интихоб карданӣ шавем, беҳтар он аст, ки поёни чанд қабатаи ғафс доштаро бигирем. Зарфи пӯлодин аз оташи сахт намекафад ва ҳар хел бактерияи зараррасонро ҷамъ намекунад. Зарфи пӯлодин ба лаззати ғизо таъсире намерасонад. Ин зарфро дар мошини зарфшӯйӣ шустан мумкин аст. Дар чунин зарф ғизои хеле зиёде ба монанди: аз гӯшту сабзавот бирён, обпаз, буғпаз ва ғайраро метавонед пухт. Имрӯзҳо аз пӯлод навъи гуногуни зарфу дигар олоти рӯзгор сохта мешавад.

Кулолӣ ва керамика

Зарфи бо тарзи кулолӣ, ё керамика сохта шуда, аз ҷиҳати тозагӣ (эколгӣ) беҳтарин аст. Дар нигаҳ доштани ҳарорат, яъне гармӣ хеле хуб аст. Ба болои ин, зарфи кулолӣ, ё керамика хеле зебову дилкаш буда, дар онҳо дилхоҳ ғизоро метавон болои дастархон, пеши меҳмон гузошт. Дар ҳаёти чандҳазорсола ниёгони мо чандин навъу шакли кулолӣ ба мо ёдгор монда, ки мисл надоранд. Дар ҳолати хуб эҳтиёт кардан, зарфи кулолии хушсифат солҳои зиёде метавонад хидмат кард. Ин зарфҳоро бо оҳану чизи сахт харошидан мумкин нест, ки сири он пароканда шуда, хароб мешаванд.

Камбудии ин гуна зарфҳо дар чист? Пеш аз ҳама зуд шикаста мешаванд. Ба болои ин, дар ҳолати баланду паст шудани ҳарорат хеле нозук буда, ҳангоми баъди оби ҷӯш, якбора оби хунук резем, шикаста пора мегарданд.

Алюмин

Аз алюминиум, ё алюмин зарфҳое сохте шудаанд, ки замони Шӯравӣ хеле маъмул буданд, вале ҳозир барои ғизои турш, ё тезмазза пухтан кам истифода мешаванд. Сабаб он аст, ки ҳангоми гарм пухтан, алюмин аз худ маводи зараноке ҷудо мекунад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, алюмин барои пухтани шир зарфи хеле хуб аст. Дар он шир намесӯзад. Ҳангоми интихоб, метавонед зарфи аз алюмини тану пойинаш ғафс бударо бигиред.

Маҳорати хонагӣ

- Агар қайчӣ каме кунд шуда бошад, варақи фалгаро гирифта, ҷамъ карда, онро бо қайчӣ 10-15 маротиба мебурем, ки дами он зуд тезтар мешавад. Бо қайчии навтезкарда, корро метавон давом дод.

- Пӯсти нозуки себизаминӣ (картошка)-ро бо косашӯяк (асфанҷ, ё губка) тоза кардан хеле осон аст. Бо чунин тарз шумо метавонед пӯсти сабзи онро низ тоза кард.

- Агар нисфи лимӯ хушк шуда бошад, ислоҳ кардани ин кор мушкиле нест. Ин лимӯро дар зарфи оби хунук 40-50 дақиқа нигоҳ медорем. Лимӯ ҳолати авваларо гирифта, сероб хоҳад шуд.

- Чӣ тавр метавон санҷид, ки гӯшти мӯрғ пухтааст, ё не? Бо тарафи кунди корд гӯштро буред. Агар ба осонӣ бурида шавад, гӯшт пухта аст.

- Барои зуд ҷойи гармро хунук кардан, лозим аст, ки чанд дона қошуқро дохили зарфи чойдошта гузоред. Об зуб хунук хоҳад шуд.

- Агар варақи коғаз, ҳини пухтан рост нахобида, боз ҳам ба худ печида булур (труба) шавад, болои он чанд қатра обро чаконда, мебинем, ки об онро рост нигаҳ медорад.

- Агар тахтаи ошпазӣ дар болои миз (стол) лағжад, реза кардани сабзавот мушкил ва хатарнок мешавад. Ин мушкилиро ба воситаи истифода аз ҳалқаи резина ислоҳ кард. Аз ҷаҳор тарафи тахта, дар масофаи 1 сантиметр аз канорҳо ҳалқаро мекашем, ки дигар лағжидан намемонад.

- Дар яхдон (холодильник) сабзавотро чӣ тавр нигоҳ дошт? Зарфи шишагинро гирифта, як банча шибит (укроп), ҷаъфарӣ (петрушка), ё дигар навъи сабзавоти ношустаро дохил карда, бо матои (полиетилен) маҳкам мекунем. Баъд ин зарфро дохили яхдон мегузорем.

Сабзавот то чанд рӯз тару тозу нигоҳ дошта мешавад.

- Замони аз хамир пухтани ягон чиз, лозим меояд, ки ғизо ғафси хушмазза гардад.

Хамирро дар зарфе бо дастмолак, ё матои (полиетилен) пӯшонда, нигаҳ доред. Дар аввал, мебинед, ки хамир хуб расида истодааст. Баъдан мебинед, ки хамир дар зарф хуб расидаву ғафс шуда истодааст. Дигар он, ки ин хамирро метавонед чанд маротиба истифода кард.

- Баъзе аз сабзавоте ҳаст, ки хеле тез буда, ҳангоми реза кардан аз чашмон обрезӣ пайдо мешавад. Инҳо кадом навъи сабзавот ҳастанд? Албатта пиёз. Агар хоҳед, ки аз чашмонатон ашк нарезад, чунин тарз вуҷуд дорад, ки пиёзи гирдро ду пора карда дар яхдон 10 дақиқа мегузрем. Баъди ин, пиёзро бе мушкилӣ метавонед реза кард.

Пухту паз

Кулчаи ғафсак аз хамири себ дар 10 дақиқа. Дар пеши хонаи ман дар рустои вилояти Ленинград дарахтони себ месабзанд. Тобистони имсола меваи хеле зиёд доданд. Ин фаровонӣ маро водор сохт, ки аз ин неъмати Худованд хуб истифода кунам. Ҳатто навдаҳои дарахтон аз себи сурхи зиёд ба замин хам шуданд. Аз шодӣ рафта, себи зиёдеро ҷамъ кардам. Чӣ караданамро намедонистам. Интихоб бисёр аст. Метовам шарбат, оби мева, мурабо кунам, ё себро хӯрдан хеле фоидаовар аст. Барои ҳамин ман кулча аз хамири себ кардам, ки хеле хушмазза аст.

Кулча аз хамири себ барои бо чой хурдан хеле муносиб аст. Барои ин чӣ лозим аст? Ду дона себ, 1 истакон сиркои лимӯ, 1 дона тухми мурғ, 30 грамм шакар, ва 1 қошуқ ванилин, 50-60 грамм орди гандум ва равғани растанӣ. Себро шуста, дилаки онро тоза кард. Боқиро майда-майда кард. Шарбати майдаи себро ҷабида, лимӯ, шакарро илова карда, хуб мехелем. Баъд омехтаи ванил, тухми мурғро илова карда, хелиданро давом медиҳем. Орди гандумро аз дока гузаронида, ба хамири пайдошуда, илова карда, хелиданро боз ҳам идома медиҳем. Хамир бояд сахтак шавад. Дар дегчаи гармкарда, равғани растанӣ рехта, бо қошуқ аз ин хамир гузоштан мегирем. Кулчахамири ғафсакро аз 2 тараф зери оташи сахт бирён карда, сурх мекунем. Кулачаи тайёршударо бо асал, қаймоқ, ё марабо метавон ба дастархон гузошта, ба ҳамагон иштиҳои хуб ният кунем.

Юлия Зачёсова

Тарҷумаи Шамсиддини Муқим

2026-05-01 (Зулқаъдаи соли 1447) №5.


Ҷарроҳии нодири лапароскопӣ бори аввал дар Тоҷикистон

Бори аввал дар Тоҷикистон бо истифода аз дастгоҳи муосири “Eye Max” ҷарроҳии гузоштани анастомоз байни рӯда ва маҷрои умумии талхагузари ҷигарӣ бо усули лапароскопӣ, инчунин ревизияи роҳҳои талхагузар анҷом дода шуд.   Ин амалиёти нодири ҷарроҳӣ бо истифода аз технологияҳои...


Шарму ҳаё

Ҳамду сано Парвардигореро, ки соҳиби мағфирату шоистаи тақвост ва дуруду саломи бепоён ба Паёмбари ростгўю ростқавл Ҳазрати Муҳаммад ﷺ ва хонадону ёронаш бод.   Шарму ҳаё. Ин ду калима хеле маънои васеъро дар бар мегиранд. Агарчанде калимаи шарм дар луғатномаҳо бо ҳар забон тарҷума шудааст,...


Чемпионати Осиё: Парвиз Каримов ба финал рох ёфт

Дар шахри Улан-Батори Мугулистон Чемпионати Осиё оид ба бокс идома дорад. Дар рузи нухуми мусобика ракобатхои мархили нимнихой баргузор шуда истодаанд. Дар ин мархилаи мусобика кишвари моро Мичгона Самадова (57 кг), Некруз Салимов (80 кг) ва Парвиз Каримов намояндагй карданд. Мичгона ва Некруз...


Саволу ҷавоб

Агар ҳангоми намоз хондан аз рӯи ҷойнамоз як ҳайвон ё кӯдаки хурдсол гузарад, оё намоз қатъ мешавад? Не, намоз аз сабаби гузаштани чизе аз пеши намозгузор ботил намегардад. Агар шахси оқил бо қасди худ аз пеши намозхон убур кунад, худи ҳамон шахс гунаҳгор мешавад, аммо дар намози намозгузор ҳеҷ...


Наврасони Тоҷикистон қаҳрамони CAFA шуданд

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) қаҳрамони мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) гардид. Тими мо дар даври охир бо Ӯзбекистон мусовии 0:0 анҷом дода, бо 10 имтиёз ҷойи аввалро касб кард. Мусобиқа бо иштироки 5 даста — Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон,...