Маърифати молиявӣ. Аз кор то хароҷот. Кадом муҳимтар аст?

Маърифати молиявӣ. Аз кор то хароҷот. Кадом муҳимтар аст?

Боре андеша кардаед: кор карданро бештар дӯст медоред ё харҷ карданро? Чунин ба назар мерасад, ки бархе одамон ба ҷойи меҳнат, бештар ба хароҷот майл доранд. Ин ҳолат, ҳарчанд ба назар сода намояд, аммо паси он сабабҳои равонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нуҳуфтаанд.

 

Зиндагии зебо ё намоишкорона?

Солҳои охир, як зуҳуроти ҷолиб дар ҷомеа, хусусан дар кишварҳои рӯ ба рушд, мушоҳида мешавад. Ҳарчанд мардум бошиддат кор намекунанд, аммо хароҷоти бештар мекунанд. Оё ин нишонаи беҳбудии иқтисодӣ аст ё як мушкили амиқи иҷтимоӣ?

Аз дидгоҳи коршиносон, ин падида сабабҳои иқтисодӣ, равонӣ ва иҷтимоии зиёд дорад.

 

Якум, хароҷот.

Натиҷаи фаврӣ, кор, заҳмати дарозмуддат. Яке аз сабабҳои аслии майл ба хароҷоти бештар, дар муқобили кор кардан, ин хислати инсонӣ аст. Инсон ба чизе тамоюл дорад, ки зудтар ба ӯ қаноатмандӣ диҳад.

Дуюм, кори ҳаррӯза, махсусан агар маоши паст ва шароити номусоид дошта бошад, дар назари бисёриҳо на воситаи рушд, балки як навъ фишор ва ранҷ ҳисоб мешавад. Дар муқобил, харид кардани чизҳои нав – телефон, либос, сафар ба ҳар макони дилписанд ҳисси қаноатмандӣ мебахшад.

Сеюм, фишори иҷтимоӣ ва намоишкорона. Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ, таблиғот ва фарҳанги “зиндагии зебо” бисёриҳоро водор мекунад, ки на бо кору ҳунар, балки бо зоҳири зиндагӣ худро муаррифӣ кунанд.

Ин раванд на танҳо дар ҷомеаи пешрафта, балки дар кишвари мо низ маъмул шудааст. Масалан, шахсе метавонад даромади миёна дошта бошад, вале талош мекунад, ки либоси брендӣ, мошини нав ё ҷузвдонҳои гаронбаҳо харад. Ин танҳо барои намоиши худ аст.

Чорум, камбизоатӣ ва набудани маърифати молиявӣ. Мутаассифона, сатҳи маълумот ва фарҳанги молиявӣ дар ҷомеаи мо ҳанӯз ҳам дар сатҳи зарурӣ нест. Бисёре аз сокинон сохтани буҷаи оилавӣ, пасандоз ва сармоягузориро намедонанд ё муҳим намешуморанд. Яъне, сарсарӣ ва ба ибораи дигар, пеш омад, хуш омад амал мекунанд.

Вақте маош ба даст меояд, зуд онро барои харид ё фароғат сарф мекунанд. Ин амали онҳо беандеша ба фардо аст. Ин ҳолат, ниҳоят ба қарздорӣ, нооромӣ дар зиндагӣ ва бесуботии иқтисодӣ мебарад.

Панҷум, бовар ба он ки “як бор зиндагӣ мекунем”. Мутаассифона, фалсафаи “як рӯз зиндагӣ мекунем” маҳз дар байни ҷавонон ва ҳатто калонсолон бештар маъмул шудааст. Дар шароити бебарқӣ, набудани ҷойи кор ё маоши кам, бисёре фикр мекунанд: “Ғами имрӯзро хурем, фардо чӣ мешавад, мебинем”.

Ин тарзи андеша, дар як давраи кӯтоҳ оромӣ мебахшад. Аммо дар оянда сатҳи зиндагии шахсро ба пастӣ мебарад.

 

Кор бояд маъно дошта бошад

Дар ҷомеаи муваффақ, кор на танҳо воситаи пулёбӣ, балки маънои зиндагӣ аст. Вақте шахс ҳис мекунад, ки кораш таъсиргузор ва қадр шудааст, ӯ онро дӯст медорад ва дар он рушд мекунад. Аммо дар муҳити коре, ки маош паст, шароит заиф ва муносибатҳо носолиманд, одамон аз кор дилсард мешаванд. Ҳамин тавр, вақте кор маъно надорад, хароҷот барои лаҳзае фаромӯш кардани мушкилот интихоб мешавад.

Зиндагии беҳтар маънои хароҷоти зиёд надорад. Он аз идораи дурусти молиявӣ, дарки сарфу пасандоз ва қадр кардани меҳнат оғоз мешавад.

Меҳнат пояи пешравӣ аст. Вақте арзиши онро бидонем, хароҷоти мо низ боақлона ва фоиданок мегардад.

 

(«Пресса.тж»)

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...