Нақши зан дар зиндагӣ

Нақши зан дар зиндагӣ

Нақши зан дар зиндагӣ

Вазифаи зан дар рӯйи Замин хеле бузург буда, баҳодиҳии он ҳам ғайри имкон аст. Ба мо маълум аст, ки Худованди Бузург бисёр масъулияти муҳтарамро ба ҳампаҳлӯйи хеле зебойи мо, яъне ба занони нозанин дода, ҳамчун духтар, хоҳар, ҳамсар, модар эҳтирому қадрдонии зиёде бояд кард. Зани олиҳиммати диндор будан, на танҳо масъулият, балки гавҳари хеле олие аст, ки бузургии қудрати онро дар зиндагӣ ҳар бор зиёдтар эҳсос мекунӣ. Офаридгор ҳар як занро хислати хеле зебойи нозукӣ, ҳалимӣ, ғамхорӣ, интизорӣ, раҳму шавқат ва аз ҳама муҳим меҳрубонӣ додааст. Ба шарофати ҳастии чунин хислатҳои руҳпарваронаи зани бузург ҷомеъаи мо орому хушбахт аст.

Нақши зан дар даврони мо мартабаи махсуси иҷтимойӣ дорад. Мебинем, ки хоҳарони мо имрӯзҳо аз рӯйи интихоби худ дар мактаби ибтидойӣ, миёна ва олӣ таҳсил карда, дар ҳар гуна муҳити зиндагӣ рӯзгори хешро пеш бурда, ободтар сохта истодаанд. Гуфтанӣ ҳастам, ки фаъолияти самарабахши зан на танҳо ба манфияти хонавода равона шуда аст, балки пояи ҳастии инкишофи пешравии ҷомеъаи ҷаҳонист. Агар чӣ мо дар асри XXI-ум, дар садсолаи пешравандаи пурталотуме, ки миёни марду зан фарқе намонда бошад ҳам, ба ҳар ҳол беҳтарин макон ҷойгоҳи орому нарму пур аз меҳри беҳамто, паҳлӯйи зан аст. Ин аст, ки дар ҳадисе Паёмбар ﷺ занро ба зарфи нозуки ҷавоҳирот ташбеҳ дода, шаҳодат аз он медиҳад, ки хеле эҳтиёт кунед, мабодо нашиканед.

Бинобар ин, шубҳае нест, ки 1 зан метавонад ва бояд кӯшиш ба харҷ бидиҳад, то дохили хонаводаи худ беҳтарин пешравиро ба даст орад. Ин гуфта ба он маъно нест, ки зан метавонад аз дониш дур шуда, вақти худро дар гуфтори беҳудаву рӯзи хешро дар вайрон кардани рӯзгори хона сарф кунад. Ҳар 1 зани мусалмони имрӯза рӯзгори занони бузурги гузаштаи моро метавонад ҳамчун намуна қабул фармояд, ки бо руҳияи олиҳиматии хеш то ҳол шуҳратманд ҳастанд. Ду зани олимақоми гузашаро ёдовар мешавем. Яке Хадиҷа t, дигаре Ойиша t ҳастанд, ки аз ҳамсарони бузаргвор Муҳаммад ﷺ Паёмбари мо буданд. Хадича t он қадар диловез будааст, ки зани дигаре дар дили Паёмбар ﷺ ҷойнишин шуда натавониста аст. Ӯ (Хатиҷа t зани хеле зебочеҳра, хирадманд, меҳнатдӯст, ҳушманд ва дар кори тиҷорат далеру тавоно буд. Баробари ин зани фидокору дӯстдор барои ҳамсари худ ва модари ғамхори фарзанди хеш будааст.

Ҳамон тавре, ки маълум аст, дар замони зиндагии хеш аз сазовори биҳишт будани хеш бохабар карда шуда буд. Парвардигор ин занро барои фурӯтанӣ, сабр, қавииродагӣ, саховатмандӣ ва меҳри бепоёне, ки барои хонавода додааст, бузургворӣ додааст. Ойиша t, духтари Абӯ Бакр, дорои зеҳни закӣ, ҳофизаи бузургу яке аз занҳои бисёр тавоно ва хуб таҳсилкарда низ буд. Ҳазрати Муҳаммад ﷺ мегуфтааст, ки мардум бояд қисмате аз дониши ӯ (яъне Хатиҷа t-ро) қабул фармояд. Ин сухани бузургвор ба андозае кофӣ аст, ки сатҳи баланди дониши ин зани таърихиро фаҳмида, баҳо диҳем. Ҳатто баъди фавти ҳамсари хеш, умри боқимондаро ба манфияти Исломи азиз бахшида, дониши хуби аз Паёмбар ﷺ гирифтаро ба мардум бахшидааст. Бинобар ин, масъулияти хеле зиёд мартабаи занро дар зиндагӣ ба авҷи баланд бардоштааст.

Муҳим он нест, ки зани касе ҳаст, ё не, соҳиби фарзанд шуда, ё не. Ҳеҷ гоҳ занро ба чизе арзиш, баҳо дода наметавонем. Ана ҳамин хел, яъне инсони бебаҳо ӯ (зан)-ро Ҷонофарин офаридааст. Мо ҳам боварӣ (имон)-и хеле бузург ба Офаридгори ягона дорем ва ҳар рӯз талош ба он мебарем, ки пагоҳ ва ояндаро заррае беҳтару хубтар кунем.

САМИЯ УМАРОВА

Тарҷумаи Шамсиддини Муқим

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...