Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё Уқёнусия оид ба самбо сазовори 13 медал гардиданд

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё Уқёнусия оид ба самбо сазовори 13 медал гардиданд

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё Уқёнусия оид ба самбо сазовори 13 медал гардиданд

Дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё Уқёнусия оид ба намуди самбо миёни варзишгарони биноияшон суст, наврасон, ҷавонон, калонсолон ва устодон, ки аз 7 то 11 июни соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар сатҳи баланд баргузор шуд, ба гирифтани 13 медал – 1 тилло, 3 нуқра ва 9 биринҷӣ сазовор гардиданд.

Дар Чемпионати Осиё Уқёнусия оид ба намуди самбо байни варзишгарони биноияшон суст беш аз 600 варзишгар аз 30 давлати қора иштирок намуданд.

Қобили тазаккур аст, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти мазкур ҳунар ва маҳорати худро баҳри мухлисони намуди самбо нишон дода, медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ ба даст оварданд.

Варзишгарон Шоҳрух Назаров дар вазни то 79кг медали нуқра, миёни наврасон, Анўшервон Назарзода дар вазни то 58кг, медали тилло, Абдулло Қурбонов дар вазни то 71кг, медали нуқра ва Муҳаммад Саидзода дар вазни то 64кг ба гирифтани медали биринҷӣ ноил гардиданд.

Байни ҷавонон Мусохон Ғаниев дар вазни то 79кг, медали нуқра, Мусаниф Миробов дар вазни то 58кг, бо ҳамроҳи Умар Мирзоев дар вазни то 64кг ва Муҳсин Малаев дар вазни то 88кг ба гирифтани медалҳои биринҷӣ сазовор шуданд.

Байни мардҳо Сорбон Латипов дар вазни то 64кг, Деваштич Убайдӣ дар вазни то 79кг, Зафар Олимшоев дар вазни то 88кг, Бахтовар Замиров дар вазни то 98 кг ва Бобоҷон Бобоев дар вазни +98кг медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

 

«Варзиш.тж»

 

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...