Нокомии паҳлавонони тоҷик дар Тошканд

Нокомии паҳлавонони тоҷик дар Тошканд

Нокомии паҳлавонони тоҷик дар Тошканд

8 паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳонии ҷудо дар Тошканди Ўзбекистон ба нокомӣ дучор шуданд. Дар ин миён танҳо ба Эмомалии Нуралӣ муяссар шуд, ки бо майдондории худ мухлисон ва коршиносони ҷудоро мафтун кунад.

Эмомалии Нуралӣ дар вазни 66 кг дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм бо ҷудокори кубагӣ Орландо Поланко нерўсанҷӣ кард. Рақобати ҷудокорон то ба сонияҳои тилоӣ рафт ва Эмомалӣ тавонист, ки бо имтиёзи вазарӣ зафар ёбад.

Эмомалии Нуралӣ дар даври 3-юм муқобили Ҳифуми Абеи ҷопонӣ рақобат кард. 2 маротиба чемпиони ҷаҳон, 10 маротиба чемпиони «Grand Slam» ва ғолиби Бозиҳои олимпӣ мебошад. Рақобати Эмомалӣ бо ин ҷудокори варзидаи ҷопонӣ то ба сонияҳои тилоӣ рафт. Ҳарчанд дар раванди рақобат Эмомалӣ ҷароҳат бардошт, аммо таслим нашуд ва то ба охир қаҳрамонона муқобили Абе мубориза бурд. 3 шидо сабаб шуду Эмомалӣ аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.

Зери вазни то 73 кг ҷудокори дигари тоҷик Беҳрўз Хоҷазода дар даври аввал дар сонияҳои тилоӣ тавонист, ки бо як вазарӣ Аксус Бенҷамини фаронсавиро шикаст диҳад ва ба даври дуюм барояд. Дар даври дуюм Хоҷазода бо Виктор Стерпуи 23-сола аз кишвари Молдова сабқат кард ва бо натиҷаи иппон мағлуб шуд.

Муҳаммадраҳим Сарахонов дар даври аввал аз Нилс Стампи швейтсарӣ мағлуб шуд ва аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.

Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81 кг дар даври аввал бо намояндаи Канада Франкойс Гаузейр бо имтиёзи вазарӣ пирўз шуд. Дар даври дуюм аз Шарофиддин Болтабоеви ўзбек бо 3 шидо рақобатро бохт.

Шодмон Ризоев дар ин вазн рақобатҳоро дар даври дуюм оғоз кард. Ҳарифаш Ашраф Моутили марокашӣ буд, ки бо имтиёзи иппон муқобили Шодмон зафар ёфт.

Комроншоҳи Устопириён дар вазни -90 кг дар даври аввал бо Ивайлов Иванов аз Булғористон мубориза бурд ва бо як вазарӣ мағлуб шуд.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар ҳамин вазн дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм бо 3 шидо дар вақти тилоӣ рақобатро ба Станислав Гунченко аз Украина бохт. Абўбакри Акобир зери вазни то 100 кг дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм аз ҷудокори испанӣ Николоз Шеразадишвили бо се шидо сарафканда шуд.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...