Тоҷикистон ба Покистон ғалаба кард, аммо аз Ҷоми ҷаҳон-2026 маҳрум шуд

Тоҷикистон ба Покистон ғалаба кард, аммо аз Ҷоми ҷаҳон-2026 маҳрум шуд

Тоҷикистон ба Покистон ғалаба кард, аммо аз Ҷоми ҷаҳон-2026 маҳрум шуд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии ниҳоии марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гуруҳи «G» бар дастаи мунтахаби Покистон бо ҳисоби калон пирўз шуд.

 

Вохўрии дастаҳо 11-уми июн дар Варзишгоҳи маркарзии шаҳри Душанбе дар ҳузури 7800 мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби 3:0 анҷом ёфт. Голҳоро аз ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Шервони Мабатшоев, Манучеҳр Сафаров ва Ваҳдат Ҳанонов заданд.

Бо вуҷуди ин пирўзи дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии мураббии гурҷи Гела Шекиладзе натавонист ба марҳали сеюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёбад. Дастаи Тоҷикистон дар бозии панҷуми марҳилаи дуюми интихоби дар сафар аз дастаи Урдун шикаст хўрд ва аз идомаи мусобақаи Ҷоми ҷаҳон-2026 ва роҳхати мустақим ба Ҷоми Осиё-2027 маҳрум шуд. Акнун дастаро мебояд, ки барои ба даври финалии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфтан як марҳилаи дигарро паси сар кунад. Даста баҳори соли 2025 дар бозиҳои интихоби иштирок хоҳад кард. Он ҷо дар як гуруҳ чаҳор даста ҷойгир шуда, танҳо як даста роҳхати Ҷоми Осиёро ба даст меорад.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии дигари гуруҳ Урдун дар сафар муқобили Арабистони Сауди бо ҳисоби 2:1 зафар ёфт. Ба ҳамин тартиб аз ин гуруҳ Урдун ва Арабистони Сауди бо 13-имтиёзи роҳхати марҳилаи сеюмро соҳиб шуданд. Тоҷикистон бо 8 имтиёз ва Покистон бидуни имтиёз мусобиқаи Ҷоми Ҷаҳон -2026-ро ба анҷом расониданд.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...