ВАРЗИШ

ВАРЗИШ

ВАРЗИШ

Дар чемпионати Осиё гӯштингирони тоҷик иштирок карданд

Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Чемпионати Осиё оид ба гӯштин баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин (UWW), барои иштирок дар чемпионат аз 270 варзишгар аз 18 давлати қора дархост пешниҳод шудааст. Гуфта мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа се варзишгар – Муҳаммад Икромов (-61 кг), Шуҳрат Бозоров (-79 кг) ва Искандари Рустам (-125 кг) муаррифӣ мекунанд. – Чемпионати Осиё бо қувваозмоиҳои гӯштини юнонӣ-римӣ оғоз мегардид ва гӯштингирони тарзи озод байни ҳам сабқат кардан, – меафзояд манбаъ.

Баҳодур Усмонов дар Финляндия медали тилло гирифт

Муштзании маъруфи Тоҷикистон Баҳодур Усмонов дар Мусобиқаи 40-уми байналмилалии бокс дар Финляндия ба хотираи Гуннар Барлунд, ки бо номи GeeBee маъруф аст, сазовори медали тилло шуд.

Ин мусобиқа аз 7 то 10-уми апрел дар шаҳри Хелсинкӣ бо иштироки беш аз 100 варзишгар аз кишварҳои Финляндия, Норвегия, Шведсия, Эстония, Англия, Уэлс, Шотландия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Арманистон, Венгрия, Фаронса, Олмон, Булғористон ва Украина баргузор шуд. Баҳодур Усмонов дар вазни -63,5 кг муҳорибаро аз чорякфинал оғоз карда (дар даври аввал озод буд), бар намояндаи Арманистон Ҳамлет Мнатсаканян бо ҳисоби 5:0 ғалаба кард. Дар нимфинал ҳарифаш аз Венгрия Ричард Ковачро бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард. Сипас, Баҳодур дар финал бар варзишгари Шотландия Риси Лунч бо ҳисоби 4:1 пирўз гардида, сазовори медали тилло шуд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёфт

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар гуруҳи «В» ҷойи дуюмро гирифт ва ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа, ки тирамоҳи имсол дар Кувайт баргузор мешавад, роҳ ёфт.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии якуми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё2022 дар Бишкек бо тими миллии Афғонистон натиҷаро мусовӣ (4:4) кард, дар бозии дуюм ба дарвозаи дастаи Непал 11 гол зад ва дар охир аз Ўзбекистон шикаст хўрд. Шогирдони Пайрав Воҳидов дар бозӣ бо Афғонистон бо ҳисоби 2:0 пешсаф буданд, вале баъдан ба дарвозаи худ чор тўб сар доданд. Тоҷикистон дар охири бозӣ фишорро ба дарвозаи рақиб зиёд карда, бо шарофати дубли Идрис Ёров тавонист ҳисобро баробар кунад.

Дар бозии дигари гуруҳи «В» дастаи мунтахаби Ўзбекистон бар тими Непал бо ҳисоби 5:1 пирўз шуд. 11-уми апрел тими миллии Тоҷикистон бо Непал бозӣ кард. Дастаи Тоҷикистон бо натиҷаи 11:1 бар Непал пирўз шуд. Қисми якуми бозӣ бо голи Непал оғоз шуд ва бачаҳои Тоҷикистон низ як гол заданд. Бо ҳамин натиҷа қисми якум ба охир расид. Дар қисми дуюм футзалбозони Тоҷикистон 10 голи беҷавоб заданд. Дар ҳамин давр Ўзбекистон бо натиҷаи 5:1 Афғонистонро шикаст дод. Дар даври сеюм футзалбозони тоҷик аз дастаи мунтахаби Ўзбекистон бо натиҷаи 2:5 шикаст хўрданд. Дар натиҷа бо чор имтиёз дар ҷадвал зинаи дуюмро соҳиб шуданд. Дар ҳамин давр Афғонистон бо ҳисоби 8:1 Непалро мағлуб кард ва низ соҳиби чор имтиёз гардид, аммо зинаи сеюмро соҳиб шуд.

Имтиёзи дастаҳои Тоҷикистону Афғонистон баробар буд, аммо шогирдони Пайрав Воҳидов бо таносуби бештари голҳо дуюм шуданд. Ҳамин тавр, дастаҳои мунтахаби Ўзбекистон ва Тоҷикистон аз гуруҳи «В» ба даври финалии Ҷоми Осиё-2022 роҳҳат гирифтанд.

Пресса тж

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт...

Ҳамасола 30-юми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии дӯстӣ таҷлил карда мешавад.   Рӯзи байналмилалии дӯстӣ соли 2011 бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман эълон гардид. Ҳадафи асосии ин рӯз таҳкими сулҳу субот, мубориза бар зидди хушунат, густариши ҳамдигарфаҳмӣ ва тарғиби...


Русия хариди ангур ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

Русия ният дорад хариди ангур, мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Ин масъала дар мулоқоти вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург баррасӣ шудааст.   Ба...


Саволу ҷавоб

Ман дар Русия муҳоҷирам. Ҳамсарам рўзе аз ман нопурсида ба хонаи волидонаш меравад. Ман инро шунида ҷанҷол кардам, баъдан гуфтам, ки “агар аз ин пас нопурсида рафтӣ, се талоқат мекунам ё се талоқ ё се талоқатро медиҳам”. Дар хотир надорам, ки кадом яке аз ин лафзҳоро гуфтаам. Ҳамсарам...


Маърифати молиявӣ. 5 роҳи сарфа кардани пул

Ҳамарӯза мо барои хариди маҳсулоти рӯзгор вориди мағоза ё бозор мешавем. Оё медонед, ки харид кардан ҳам қоидаҳои худро дорад? Пас, 5 қоидаро бароятон пешниҳод менамоем. Ба назар сода менамоянд, аммо барои сарфаи пулу зиндагии беҳтари шумо кӯмак мекунанд.   Якум, харид аз бозор роҳи хуби...


Бозии дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар Турсунзода

Мухлисони футбол дар шаҳри Турсунзода пас аз танаффуси тӯлонӣ боз шоҳиди бозии тими миллии футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Талко-Арена” хоҳанд шуд.   Рӯзи 5-уми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рӯзҳои расмии FIFA дар як бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон рақобат...